Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ бо ду кӯдаки бемор дар вагон. ВИДЕО


Бо наздик омадани фасли сармо, нигаронии афроди бесарпаноҳ ва онҳое, ки аз ноилоҷӣ дар вагону хонаҳои нимасохт зиндагӣ мекунанд бештар шудааст. Масъалаи таъмини сокинон бо манзил дар Тоҷикистон аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз 200 то 1200 доллар аст. Бехонагӣ бархе аз оилаҳоро водор кардааст, ки вагонҳои танги оҳанин ва сохтмонҳои нотамомро ҷои зисти худ қарор додаанд.

Гулнора Олимова ва шавҳару фарзандони бемораш ҳам 4 моҳ боз дар як чордевори тангу тори оҳанин зиндагӣ доранд. Ба гуфтаи Гулнора, дар ин вагон, ки зоҳиран тавони ғунҷоиши ҳамагӣ ду нафарро дорад, ягон шароит барои зиндагии ӯ ва кӯдаконаш вуҷуд надорад.

"Ҳамом надорад, сари кӯдаконро дар берун мешӯям. Як ҷои танг аст. Берун намебароям. Дар берун бачаҳои мошиншӯ кор мекунанд. Шарм медорам. Ҳоҷатхона ҳам дар он тараф аст, то рафтани онҳо ҳатто ба он ҷо намеравам. Дилам тангӣ мекунад, нафаси одам мегирад",-мегӯяд, Гулнора бо ашки чашм.

Ин вагон дар дохили як нуқтаи шустушӯи мошинҳои шаҳр ҷойгир аст. Ҳикматулло, шавҳари Гулнора дар ин ҷо мошиншӯӣ мекунад ва рӯзгорашро пеш мебарад. Пас аз оворагиҳои зиёд ва берун шудан аз хонаи падару модари худу ҳамсараш, ба ӯ ва кӯдакони бесарпаноҳаш иҷоза доданд дар ин ҷо рӯз гузаронанд.

Гулнора мегӯяд, як муддат талош карданд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ кунанд, аммо бинобар даромади ночизи шавҳар аз мошиншӯӣ, дигар маҷбур буданд ё пули иҷора диҳанд ё барои кӯдакон нон харанд. "Аз кӯча хоб рафтан, ин ҷо беҳтар аст, аммо ҳамин ҳам хунук аст. Вагони бе ягон воситаи гармидиҳӣ аст", мегӯяд, Ҳикматулло

Пули коркардаи марди хонавода ба табобати ду писари бемор ва ҳамсараш, ки аз нафастангӣ ранҷ мекашанд, сарф мешавад. Вагони танг ва шароити бад маҷбураш карда, ки духтари бузургашро ба ятимхона диҳад.

Гулнора ва шавҳараш мегӯянд, намехостанд ӯро аз худ ҷудо кунанд, аммо агар бо онҳо мемонд, ӯ ҳам аз мактаб дур мешуд. Ҳикматулло мегӯяд, "худамон нахондаем. Ман мактабро то охир хатм накардаам, савод надорем. Нахостам ӯ ҳам бесавод шавад. Агар шароит бошад, магар намехоҳам, ки фарзандам ҳамроҳам бошад?"

Писаронаш яке фалаҷи дасту пой шуда, аз забон ҳам мондааст ва дигарӣ бемории дил дорад. Ҳикматулло мегӯяд, тобистон дар ин чордевори тангу кӯчак барои кӯдакони бемораш сахт буд. "Кӯдакҳо рӯзи дароз дар берун мегаштанд. Як гилемчаро дар як нуқтаи мошиншӯи мепартофтем ва ҳамон ҷо дар ҳавои кушод бозӣ мекарданду хоб мерафтанд".

Барои соҳиби хона шудан чанд сол пеш Ҳикматулло бо ҳамсараш ба Маскав рафт, аммо чун даҳҳо муҳоҷири дигар барои солҳои тӯлонӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд. Бо даромаде, ки аз мошиншӯи ба даст меорад, умед надорад, ки дар даҳсолаҳои дигар ҳам барои фарзандонаш сарпаноҳе бисозад.

Зиндагӣ бо ду кӯдаки бемор дар вагон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Муроҷиатҳои ба такрораш ҳам ба мақомот барои гирифтани як пора замин натиҷае надодааст. "Се бор ба мақомот барои замин ё хона ариза кардем. Аммо ба мо гуфтанд, ки чунин имкон нест. Кӯдакон рӯ ба рӯз калон мешаванд ва шароит ҳам вазнинтар шудан мегирад".

Ин хонавода, ки солҳост аз бесарпаноҳи бо атфоли хурд ранҷ мекашанд, мегӯянд, сахттарин мушкил барои як нафар ҳамин бехонагӣ будааст. "Бехонагӣ вазнинтарин чиз барои бандаи Худо будааст. Ман инро дар худам ҳис кардам".

Фарорасии рӯзҳои сарду боронӣ, Ҳикматулло ва ҳамсари ӯро сахт нигарон кардааст. Онҳо медонанд, ки ҳоли фарзандони беморашон дар ин хонаи оҳанину кӯчак бадтар мешавад.

Аммо барои Юсуфҷони 5-сола ва бародараш, ки ҳанӯз ба умқи гиряҳои модару нигарониҳои падар намераванд, танҳо бо волидон будан ва дар канори онҳо зистан кофист, ки хушҳолӣ кунанду ором бошанд.

Барои онҳое, ки мехоҳанд, ба ин хонавода кумак расонанд, шумораи телефони Ҳикматуллоро ин ҷо нашр мекунем. +992 900 24 93 92

Шарҳҳоро бинед (23)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG