Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаккерҳои Русия ба ниҳодҳои варзишӣ ва зидди допинг ҳамла кардаанд"


Ширкати "Майкрософт" мегӯяд, як гурӯҳ аз ҳамлаварони интернетӣ ё ҳаккерҳо Русия, бори дигар ниҳодҳои варзишӣ ва созмонҳои мубориза бо допингро ҳадафи ҳамлаҳои кибернетикӣ, қарор додааст.

Як гурӯҳ, ки бо номи бо номи "Хирси зебо" ҳам шинохта мешавад, ҳадди ақал 16 ниҳоди байналмилалии варзишӣ ва созмонҳои мубориза бо допингро дар кишварҳои мухталиф ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи Майкрософт, "бархе аз ин ҳамлаҳо номуваффақ буданд. Аммо бештари онҳо бомуваффақият анҷом дода шудаанд. "Майкрософт" маълумоти худро дар ихтиёри муштариён қарор дод ва дар ҳоли ҳамкорӣ бо онҳо барои кӯмак ба эмин мондани ҳисобҳо ва системаҳое мебошад, ки ҳадаф қарор гирифтаанд".

Ба гуфтаи ин ширкати амрикоӣ, ҳамлаи ҳаккерҳо аз 16-уми сентябр оғоз шудааст. Ин ҳамлаҳо андаке пас аз он анҷом шуд, ки Созмони ҷаҳонии мубориза бо допинг эълом кард, ки Русия мумкин аст бо мамнуият аз ҳузури ҳамаи рақобатҳои варзишии аслии ҷаҳон, рӯбарӯ шавад.

Маскав иттиҳомот дар мавриди дахолати ҳукумат дар ҷараёни допинги варзишгарони худро радд кардааст. Аммо таҳқиқот дар ин маврид аз солҳо ба ин тараф идома дорад

Ҳамлаи кибернетикии ҳаккерҳои рус ба Созмонҳои мубориза бо допинг нав нест. Барои намуна метавон ба таҳқиқоти додситонии Шведсия дар мавриди ҳамла алайҳи дафтари "Созмони ҷаҳонии мубориза бо допинг" ишора кард.

Вазорати молияи Амрико низ алайҳи ниҳодҳо ва муассисаҳои русӣ бинобар ҳамла ба Созмони ҷаҳонии зидди допинг, таҳримҳо ҷорӣ карда буд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG