Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон ба маблағи $5млн силоҳу техника ҳадя кард


Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 320 миллион рубл (муодили 5 миллион доллар) силоҳ ва техникаи ҳарбӣ тақдим кард. Маросими тақдим рӯзи 28 октябр дар фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор баъди анҷоми машқҳои муштараки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ин бора мақомоти низомии Русия ва дигар расонаҳо хабар доданд. Онҳо гуфтанд, тақдими техникаи ҳарбӣ ба артиши миллии Тоҷикистон пас аз размоиши "Бародарии шикастнопазир-2019" баргузор шуд. Расонаҳои Русия ин хабарро дар сархат қарор доданд ва таъкид намуданд, ки техникаи мазкур ба маблағи 5 миллион доллар ройгон ба Тоҷикистон дода шудааст. Мақомоти тоҷик дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар ин маросим генерал-полковник Александр Лапин, фармондеҳи нирӯҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ хабар дод ва гуфт, ки кӯмакҳои Русия аз «истгоҳи радар ва мошинҳои ҳарбии шакли замонавии БРДМ-2М» иборат аст. Лапин гуфтааст, ки ин тақдимҳо дар чаҳорчӯби барномаи навсозии нирӯҳои миллии Тоҷикистон ва бо ҳадафи тақвияти тавонмандиҳои дифоии ин кишвари «муттафиқи калидии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ироа мешавад. Соли 2017 мақомоти Русия гуфтанд, ки ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо дар ҳаҷми 122 миллион доллар муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла тонку БТР ва чархболҳо тақдим кардааст.

Русия соли 2012 уҳдадории таҷдиди артиши тоҷикро баъди имзои Созишномаи мақоми будубоши Пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави кишвар, ки муҳлати он то соли 2049 тамдид карда шуд, ба зимма гирифт. Аммо коршиносон омили аслии уҳдадориҳои Русия дар расонидани ёриҳоро вафодорӣ ба манофеи Маскав медонанд. Дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии берун аз марзҳои Русия, пойгоҳи 201, ки теъдоди хидматчиёни низомияш ҳудуди 7,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, вуҷуд дорад.

Бархе коршиносони низомӣ дар Русия ҳам мегӯянд, ки ҳама гуна иттилоъ дар заминаи ёриҳои низомии ин кишвар хусусияти таблиғотӣ дорад. Аз ҷумла, моҳи май дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Александр Храмчихин, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти низомиву сиёсӣ дар Маскав гуфта буд, иттилое, ки дар ин замина ба матбуот роҳ меёбад, бештар хосияти таблиғотӣ дорад: "Охири соли 2017 як тақдими пур аз таблиғот сурат гирифт, вале дар асл 3 тонк, 3 БТР, 3 БМП доданд. Ман дар бораи таъминоти техникии артиши Тоҷикистон тасаввуроти дуруст надорам, чунки бисёр чизҳое, ки гуфта мешавад, ба ҳақиқат наздик нест." Ин коршинос мегӯяд, таҷҳизоту муҳимоте, ки дар доираи барномаи модернизатсия дар ихтиёри нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта мешавад, тавассути пойгоҳи 201-ум дода мешавад ва ин таҷҳизот маъмулан нав нест. Вай гуфт, таҷрибаи маъмул ин аст, ки таҷҳизоти нав бепул тақдим намешавад, чунки арзиши баланд дорад ва барои кор бо он донишу малака зарур аст. Коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов он замон гуфта буд, ки Русия дар пасманзари таҳримҳои байналмилалӣ дигар он иқтидоре, ки дар гузашта дошт, надорад ва мушкилоти иқтисодиаш дар иҷрои ӯҳдадориҳои давлат дар заминаи модернизатсия ҳам инъикос мешавад. Ӯ гуфт: "Ҳоло имкониятҳои иқтисодии Русия хеле маҳдуд шудааст, бавижа баъд аз соли 2014, замоне ки алайҳи ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ роҳандозӣ шуданд. Бӯҳрони иқтисодии Русия сабаб шудааст, ки дигар ин кишвар имкониятҳои пешинаашро аз даст додааст."

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, соли 2015 дар гузориши солонааш навишта буд, ки артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи мисли Узбекистон, ин нишондод ду-се баробар камтар будааст.

XS
SM
MD
LG