Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли ду хонаводаи осебдида пас аз шаш моҳи зиндагӣ дар масҷид.ВИДЕО


Пас аз 6 моҳи зиндагӣ дар як масҷид, хонаводае, ки дар Душанбе аз селхезӣ осеб дида буд, ба хонаи худ баргашт. Хонае, ки ҳанӯз барои зиндагӣ пурра омода нест.

Манзили зисти ин хонавода воқеъ дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт баҳори имсол дар пайи селхезӣ харобу садамавӣ шуд. Аммо сокинони он мегӯянд, бо гузашти 6 моҳ аз он ҳодиса, то ҳанӯз натавонистаанд манзили худро пурра барқарор кунанд ва аз ҷониби мақомот ҳам кӯмаки ночиз дарёфт кардаанд.

Масъулини ноҳияи Шоҳмансур дар як посухи катбӣ ба муроҷиати онҳо гуфтаанд, ки барои таъмини зарардидаҳои селхезӣ бо масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор мусоидат кардаанд.

Борони шадид ва селхезӣ дар моҳи апрели имсол хонаи Иззатой Салоеваро пурра тахриб кард. Ӯ ва се фарзанду хушдомани пираш тавонистанд аз ин офати табиӣ наҷот ёбанд. Онҳоро муваққатан дар масҷиди маҳалла ҷой карданд. Ба гуфтаи Иззатой, ба хотири сохтани як сарпаноҳ ва то фасли сармо ба хонаи худ баргаштан, онҳо аз мардуми зиёде қарздор шудаву ҳатто талбандагӣ ҳам карданд.

"Мардуми маҳалла кӯмак карданд, таҳкурсии хонаро дуруст кардем, онҳо ҳамчунин бо сементблок кӯмак карданд. Нигаҳбони масҷид омад, гуфт, ки ин фитри рӯза аст, гиред. Бо он пул дару тиреза харидем. Дигар худамон кардем. Бо хушдоманам дар ба дар дар назди масҷидҳо нишаста, талбандагӣ кардем. Дигар чӣ кор кунем?"

Акси хонаи харобгашта дар даст, онҳо дар шаҳри Душанбе ва Регар аз сокинон барои бунёди хонаи истиқоматӣ кӯмак хостаанд. Аммо ҳанӯз ҳам хонаи онҳо пурра барои зиндагии ӯ ва кӯдаконаш омода нест. Ба гуфтаи Иззатой, дар хонавода танҳо шавҳараш кор мекунад ва пули ӯ танҳо ба рӯзгузаронӣ мерасад.

"Аз касе, ки мешинохтем, қарз гирифтем. Ҳамин тавр хонаро ҳамин қадар сохтем. Нав як ҳафта шуд аз масҷид ба хона омадем. Тамоми гилему кати хоб ва дигар ҷиҳозамонро аз зери селу лой бароварда, шустем ва хонаҳоро дуруст кардем. Ҳоло ду ҳуҷра сохтем. Хонаамон ҳанӯз ҳоҷатхонаву дигар чизҳо надорад".

Аҳволи ду хонаводаи осебдида пас аз 6 моҳ зиндагӣ дар масҷид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Иззатой мегӯяд, аз тахриб шудани хонаи ӯ тамоми масъулини маҳалла ва ноҳия огоҳ буданд ва интизор дошт дар барқарор кардани манзили зисташ кӯмак расонида мешавад. Аммо мегӯяд, ба ҷуз кӯмакпулии якдафъаина, ки 1800 сомонӣ буд, дигар дастгирие надиданд. Ин сокини аз селхезӣ осебдидаи пойтахт дар ин 6 моҳ борҳо ба мақомот муроҷиат кардааст.

Дар нусхаи номаҳои ҷавобӣ ба муроҷиати сокинони зарардида, масъулони ноҳияи Шоҳмансур гуфтаанд, ки барои таъмини ин оилаҳо бо ҷои зисти муваққатӣ, ашёи рӯзгор ва хӯрокворӣ, мусоидат карданд. Дар ин нома ҳамчунин дар посух ба шикояти сокинони зарардида гуфта шудааст, ки "ҳамаи ин корҳо бо ҳидояти раҳнамоии мақомоти иҷроия амалӣ шудааст".

Вале ин хонаводаҳо мегӯянд, дар сохтмони хона қисман танҳо аз ҳамсояҳои саховатманди худ кӯмак дидаанд.

Бибиоиша Салоева, сокини дигари зарардида, ҳам ки хонааш қисман хароб ва барои зиндагӣ номумкин шудааст, дар 6 моҳи ахир дар хонаи писараш зиндагӣ дорад. Ӯ бо 700 сомонӣ дар кӯчаҳои Душанбе роҳрӯбӣ мекунад ва бо ишора ба хонаи нимавайронаву пур аз лойи ҷамъшуда ва ҷиҳози зангзадааш мегӯяд, акнун он ба як анборхона табдил ёфтааст. Бибиоиша мегӯяд, дар пайи селхезӣ ӯ аз масъулин фақат 800 сомонӣ кӯмакупулӣ гирифт.

"Қариб ними хона пур аз об шуда буд, чӣ хел дар ин ҷо зидагӣ мекунем? Бачаам бемор аст. Як хона дорад бачам дар ҳамонҷо зиндагӣ дорам. Аз ҳукумат ва аз МЧС омада гуфтанд, ҳамин қадар ёрдам ҳаст, дигар худатон таъмир кунед. Ман бо пули фаррошӣ чӣ кор карда метавонам?"

Масъулони ноҳияи Шоҳмансур қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ба қадри имкон ба ин хонаводаҳо кӯмак мекунанд. Ҳоло бо омадани фасли сармо ин хонаводаҳо аз он нигаронанд, ки дар хонаҳои сарду нотамомашон пеш аз ҳама кӯдакону пиронсолон азият мекашанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ба вижа дар фасли баҳор хатари сар задани фалокатҳои табии зиёд аст. Дар кишвардар пайи офатҳои табиӣ талафоти ҷониву молӣ сабт мешавад ва бештар аз ҳама дар ин офатҳо мардуми камбизоат ва кишоварзон осебу хисорот мебинанд.

XS
SM
MD
LG