Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви блогерони муттаҳам ба нашри навори занони "танфурӯш"


Рустам Ашӯров, яке аз блогерҳо.
Рустам Ашӯров, яке аз блогерҳо.

Чаҳор блогери тоҷикро, ки ба нашри навор дар бораи занони "танфурӯш" муттаҳам буданд, афв кардаанд. Пештар чанд зан гуфта буданд, ки мехоҳанд ин афрод ҷазо гиранд, зеро нашри навори онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндагӣ ва обрӯяшон латма задааст.

Баррасии парвандаи чаҳор блогер рӯзи 1-уми ноябр дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зери раёсати додрас Аҳмад Бобозода баргузор шуд. Вай эълон кард, ки блогерон мавриди афв қарор гирифтанд.

Дар мурофиа ҳеҷ яке аз занони даъвогар ҳузур надошт. Ҳар ду ҷониб вакили дифоъ надоштанд ва қаблан гуфта буданд, ки ниёз ба адвокат надоранд.

Моҳи июни имсол пас аз нашри як навор дар бораи занҳои "танфурӯш" аз сӯи чаҳор блогери тоҷик -- Рустам Ашӯров, Беҳрӯзи Шарифӣ, Шаҳриёр Ҷалилов ва Юсуфҷони Давлатмурод -- ба зидди онҳо бо моддаи 144-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид. Ин банди қонун барои "ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ", аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё як сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекард.

Дар мурофиаи нахустин, дар пайи баромади занҳо, блогерони тоҷик гуфтанд, худро гунаҳкор мешуморанд ва иқрор мекунанд, ки кори хато кардаанд. Онҳо шарҳи бештар надоданд, ки иштибоҳашон чӣ будааст. Танҳо яке аз онҳо ишора намуда буд, ки "ҳадаф аз навор паст задану пул кор кардан набуд".

Навори блогерони тоҷик ва бархӯрди мақомот ба он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ин қазия ҳам баҳси ҳимоягар доштани танфурӯшон дар миёни милисаҳоро доғ кард. Аксари корбарони интернет ба ин айбе, ки ба блогерони ҷавон нисбат дода шуд, норозигӣ карданд ва гуфтанд, ки мақомот бояд ба ҷойи парвандаи ҷиноӣ ба ҷавонон, ба мушкили танфурӯшӣ ва аз байн бурдани ин падида бештар таваҷҷӯҳ намоянд.

Кори блогер ва хабарнигорони мардумӣ ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, аз ошкор гуфтану намоиши мушкилу мавзӯъҳои доғи ҷомеа иборат аст. Аммо пас аз ин қазия бархе ба ин боваранд, ки блогерҳо дар Тоҷикистон дар иҷрои ин кори худ худсонсурӣ хоҳанд кард ва эҳтиёткор мешаванд.

XS
SM
MD
LG