Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи ҷаҳон. Мунтахаби Тоҷикистонро чӣ интизор аст?


Дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола, Нигерия, Эквадор, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Сенегал ва Италия ба даври ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома меёбад, роҳ пайдо карданд. Мубориза барои ҳафт роҳхати дигар ба даври баъдӣ идома дорад.

Дар чаҳор гурӯҳ - A, B, C ва D, ки бозиҳо ба анҷом расиданд, соҳибони роҳхатҳо ба даври ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маълум шуданд.

Аз гурӯҳи А Бразилия ва Ангола ба ҳаштякфинал баромаданд. Бразилия, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Ангола бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт.

Аз гурӯҳи В Нигерия ва Эквадор ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Ҳарду даста 6-имтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Нигерия ҷойи аввал ва Эквадор ҷойи дувумро соҳиб шуданд.

Аз гурӯҳи С Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳаштякфинал роҳ пайдо намуданд. Фаронса, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. Кореяи Ҷанубӣ бо 6 имтиёз дувум шуд.

Аз гурӯҳи D Ҷопон ва Сенегал ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф гаштанд. Ҷопон бо 7 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуд. Сенегал бо 6 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кард.

Инчунин аз гурӯҳи F мунтахаби наврасони Италия, ки бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст, пешакӣ ба даври ҳатякниҳоӣ роҳ пайдо намуд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста ширкат дорад, ки ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи Е шомил аст. Баъди натиҷагирии даври дувум Испания ва Аргентина 4-имтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Испания дар ҷойи аввал ва Аргентина дар ҷойи дувум қарор доранд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷойи севум аст. Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», бо мунтахаби Аргентина рақобат мекунанд.

Бозии дигари гурӯҳи Е миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Камерун 3-юми ноябр соати 17:00 (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Дар гурӯҳи Е соҳибони роҳхатҳо ба даври ҳаштякниҳоӣ пас аз натиҷагирии бозиҳои даври севум маълум хоҳанд шуд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имконияти ба ҳаштякфинал баромаданро дорад. Агар наврасони тоҷик бозиро муқобили Аргентина ҳадди ақал бо натиҷаи мусовӣ анҷом диҳанд, онгоҳ ба даври баъдӣ роҳ пайдо хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ пайдо кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола дар Бразилия

Гурӯҳи А

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бразилия

3

3

0

0

9-1

9

2

Ангола

3

2

0

1

4-4

6

3

Зеландияи Нав

3

1

0

2

2-5

3

4

Канада

3

0

0

3

2-7

0

Гурӯҳи В

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Нигерия

3

2

0

1

8-6

6

2

Эквадор

3

2

0

1

7-6

6

3

Австралия

3

1

1

1

5-5

4

4

Маҷористон

3

0

1

2

6-9

1

Гурӯҳи С

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Фаронса

3

3

0

0

2-0

9

2

Кореяи Ҷанубӣ

3

2

0

1

2-1

6

3

Чили

3

1

0

2

1-2

3

4

Ҳаити

3

0

0

3

0-2

0

Гурӯҳи D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

2

1

0

4-0

7

2

Сенегал

3

2

0

1

7-3

6

3

Нидерланд

3

1

0

2

5-6

3

4

ИМА

3

0

1

2

1-8

1

Гурӯҳи Е

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Испания

2

1

1

0

5-1

4

2

Аргентина

2

1

1

0

3-1

4

3

Тоҷикистон

2

1

0

1

2-5

3

4

Камерун

2

0

0

2

1-4

0

Даври 3-юм

3-юми ноябр (якшанбе)

17:00 Камерун – Испания

17:00 Аргентина - Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Бразилия

Гурӯҳи F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Италия

2

2

0

0

7-1

6

2

Парагвай

2

1

1

0

7-0

4

3

Мексика

2

0

1

1

1-2

1

4

Ҷазираҳои Соломон

2

0

0

2

0-12

0

Даври 3-юм

3-юми ноябр (якшанбе)

17:00 Италия – Парагвай

17:00 Мексика – Ҷазираҳои Соломон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Бразилия

XS
SM
MD
LG