Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус дархости Тоҷикистон барои истирдоди Одинаевро рад кард


Фарҳод Одинаев

Як созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, Додситони кулли Ҷумҳурии Беларус дархости мақомоти Тоҷикистон, дар бораи истирдоди Фарҳод Одинаев, яке аз мухолифони давлат ва рӯзноманигори мустақилро рад кардааст.

Human Constanta рӯзи 5-уми ноябр бо нашри ин хабар, аз тасмими Белорус истиқбол кард. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин хабар феълан маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Одинаевро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи ифротгароӣ" муттаҳам мекунанд. Парванда ба зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 боз шудааст.

Наста Лойка, намояндаи ин созмон рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти 41 рӯз аз боздошти Фарҳод Одинаев, додситонӣ ба вакили дифоъ ва хешовандони ӯ хабар додааст, ки дархости Тоҷикистон барои истирдодро рад кардаанд. Бар асоси қонун, додситонӣ бояд дар ин муддат ё қарори раҳоӣ ва ё қарори тамдиди мӯҳлати боздоштро қабул кунад.

Наста Лойка гуфт, сабаби рад шудани дархостро додситонӣ шарҳ надодааст, чун бар асоси қонун вазифадор нест, ки шарҳ бидиҳад. Ба қавли ӯ, дар сурати қарори истирдод, додситонӣ метавонад, санади расмӣ дар бораи сабабҳои истирдоди фардро ба хешовандон, ё вакили дифоаш бидиҳад.

Ҳомии ҳуқуқ афзуд, ки онҳо нигаронанд, ки сарнавишти Фарҳод Одинаев чӣ хоҳад шуд, чун эҳтимоли ба Тоҷикистон фиристоданаш вуҷуд дорад, ҳарчанд камтар аст: “Ҳоло маълум нест, бо ӯ чӣ мешавад, чун таҷрибаҳои пешин нишон додааст, ки Беларус бо вуҷуди рад кардани дархости истирдод, боздоштшударо ба хадамоти муҳоҷират месупорад. Ин ниҳод дар навбати худ тасмим мегирад, ки ӯро ба куҷо ихроҷ кунад, ё ба ватанаш, ё ба кишваре, ки боздоштшуда аз онҷо ба Беларус ворид шудааст.“

Наста Лойка гуфт, имкони ба Русия бозпас фиристодани Фарҳод Одинаев вуҷуд дорад, чун ӯ аз ин кишвар ба қаламрави Беларус ворид шудааст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт аст ва масъалаи озодии ӯ рӯзи 6-уми ноябр маълум мешавад.

Фарҳод Одинаев рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Каменний Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Беларус боздошт шуд. Ӯ барои ширкат дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон роҳии Варшава буд.

Намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа мегӯянд, Фарҳод Одинаев чанд сол боз аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, дар Маскав "зиндагии ором" дошт.

Баъди боздошти Фарҳод Одинаев 11 созмони мудофеи ҳуқуқи башар аз ҳукумати Белорус хостанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Ин созмонҳо гуфтанд, дар ҳолати истирдод мумкин аст, Одинаевро дар Тоҷикистон шиканҷа кунанд ва ё бо ӯ бадрафторӣ сурат бигирад.

Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки "ҳукумати Тоҷикистон маъмулан бо истифода аз иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ, ба мухолифонаш дар хориҷ таҳдид мекунад ва онҳоро боздошт мекунад". Наста Лойка аз ин созмонҳо изҳори ташаккур кард ва гуфт, зоҳиран садои онҳо ба гӯши мақомоти Беларус расидааст.

Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони ТВ "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он барномаҳо таҳия мекард. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз соли 2015 номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид карданд ва бар асоси он танҳо дар Беларус ҳадди аққал ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шуданд.

Бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар чаҳор соли гузашта як фаъоли созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" Шабнам Худойдодова ва футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов баъди боздошти чандмоҳа дар Беларус раҳо шуданд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG