Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари гуруҳи корӣ барои аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистон


Як гуруҳи кории Тоҷикистон барои аломатгузории баъзе қитъаҳои марзи муштарак ба марзи Узбекистон рафтаанд. Баробар ба шуруи кори ин гуруҳи корӣ, баъзе расонаҳои дохилии Тоҷикистон аз табодули 300 гектар замин бо Узбекистон хабар доданд.

Мақомот чунин чизеро рад мекунанд, аммо дар як вақт аз шарҳи ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Узбекистон низ худдорӣ меварзанд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як комиссия бо супориши Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазир ба ин вилоят омада, дар масъалаи аломатгузории марз бо Узбекистон “кор карда истодаанд.”

Ҷаноби Аҳмадзода гуфт, дар масъалаи аломатгузории марз бо Узбекистон ягон мушкил надоранд ва рӯзҳои наздик ҷузъиёти муайян кардани хати марз пахш мешавад. Рӯзи 4-уми ноябр сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” хабар дод, ки қарор аст 300 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ тибқи созишномаи дуҷониба ба Узбекистон дода шавад.

Ин ҳафтанома аз қавли манобеаш навиштааст, “он 300 га замине, ки қарор аст ба Узбекистон диҳанд, дорои кони тилло буда, 10 рӯз мешавад, ки талош доранд, то ба он симхор бикашанд”. Мақомот дар ихтиёри Узбекистон додани 300 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳро “гапи кӯча” хонда, рад карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ҳоле, ки ин хабарро рад мекунад, аммо ба суолҳои мо дар бораи онки чӣ қадар замин миёни Тоҷикистону Узбекистон табодул мешавад, посухи дақиқ надод. Масъулини Кумитаи идораи замини Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ҷузъиёти аломатгузории марз бо Узбекистонро шарҳ диҳанд. Худдории мақомот аз шарҳи аломатгузории марз бо Узбекистон боис шудааст, ки хабарҳои зидду нақиз дар ин бора пайдо шавад.

Созиш барои қитъаҳои номуайяни марз миёни Тоҷикистону Узбекистон якуним соли пеш, дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Душанбе ҳосил шуд. Порлумони Тоҷикистон ҳам моҳи апрели соли 2018 созишномаи таъйини беш аз 192 километр марзи баҳсӣ бо Узбекистонро тасвиб карда буд. Мақомот он замон гуфтанд, танҳо "як минтақаи ночиз" миёни сарҳади ду кишвар номуаян боқӣ мондааст. Ҷузъиёти ин созишнома маълум нест.

Аммо рӯзи 5-уми нобяр хабаргузории “Азия-плюс” навишт, дар бораи таъйини қитъаҳои номуайяни марзии Тоҷикистону Узбекистон то ҳол созишномаи ниҳоӣ имзо нашудааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ин созишнома қарор аст, дар ҷараёни вохурии нахуствазирони ду кишвар то охири имсол имзо шавад.

Баҳси номаълуми 300 гектар

Тоҷикистону Узбекистон 1326 километр марзи муштарак доранд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик 1319 километри он дақиқ шудааст. Душанбе ва Тошканд дар масъалаи аломатгузории марз дар гузашта баҳсҳои калоне надоштанд. Аммо хабари табодули 300 гектар замини Тоҷикистон бо Узбекистон баҳсҳои зиёдеро ба думбол дошт.

Бахусус хабарҳое, ки 300 гектар замине, ки ба навиштаи расонаҳои дохилӣ Тоҷикистон бо Узбекистон табодул мекунад, кони тилло дорад. Замине, ки ба навиштаи ҳафтаномаи “Фараж” қарор аст Узбекистон табодул шавад дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Ғайрат Азиззода, раиси ин ноҳия рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ҳарду ҷониб комиссияи ҳукуматӣ кор карда истодааст ва дар асоси созишномаи имзошуда ҷудо карда истодаанд. Мардум мегӯянд, ки гӯё онҷо кони тилло будаст, вале геологҳо мегӯянд, дар онҷо кон нест. Рӯзҳои наздик як гуруҳи геологҳо меоянд ва аниқтар мекунанд”- гуфт раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Дақиқ набудани хатти марз дар гузашта сабаб шуда буд, ки Узбекистон барои сафари сокинони Тоҷикистон муқаррароти визаро роҳандозӣ кунад. Ин низом аз соли 2001 то моҳи марти соли гузашта дар омаду рафти шаҳрвандони тоҷик ба ин кишвари ҳамсоя мушкилоти фаровоне эҷод мекард. Аммо баъди ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон вазъ тағйир ёфт ва Тошканду Душанбе дар пайи аз байн бурдани ихтилофҳои пешин шуданд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG