Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FT: Хешу наздикони Башор Асад дар Маскав 20 хона харидаанд


Маркази тиҷоратии байнулмилалии "Москва-Сити"
Маркази тиҷоратии байнулмилалии "Москва-Сити"

Хешу наздикони президенти Сурия Башор Асад дар маҷмаъҳои маскунии маркази тиҷоратии "Москва-Сити" на камтар аз 19 хонаро харидаанд. Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такия ба ҳуҷҷатҳое хабар додааст, ки созмони ғайридавлатии зидди фасод Global Witness ба даст овардааст. Моликияти авлодии раҳбари Сурия дар Маскав ба сурати умум 40 миллион доллар баровард шудааст.

Бино бар ин аснод, аҳли хонадони тағо ё бародари модари Башор Асад – Муҳаммад Махлуф - аз соли 2013 ба харидани хонаҳо дар Маскав машғуланд. 13 воҳиди маскунӣ моликияти писартағои президенти Сурия Ҳафиз Махлуф ё ширкатҳои зери назорати ӯст. Ду манзили гаронбаҳо ба ҳамсари писартағои дувумии Асад — тоҷири бонуфузи Сурия Рами Махлуф тааллуқ доранд. Боз се иншооти дигар дар осмонхарошҳои Маскав аз тарафи бародарони Махлуф харида шудаанд. Ба қавли нашрия, ба камияш чаҳор воҳид ҳамчун хонаҳои истиқоматӣ истифода мешаванд.

Ҳама онҳо, ки соҳиби моликият дар Маскаванд, таҳти таҳримҳои байнулмилалӣ қарор доранд. Аммо барои ин муомилаҳо аз ширкатҳои офшор истифода шудааст. Ба навиштаи Financial Times, расман ин моликият ба чанд ширкати офшории лубнонӣ тааллуқ доранд. Намояндагони ин ширкатҳо аз посух додан ба хабарнигор худдорӣ намуданд.

Ба огаҳии Global Witness, ба камияш яке аз ширкатҳо бо кумаки Сбербанки Русия ин додуситадҳоро анҷом додааст. Гумон меравад, ин танҳо бахши кучаке аз ҳамкории бонкҳои Русия бо хонадони Асад бошад. Дар солҳои 2012 ва 2013 Reuters ва Wall Street Journal хабар дода буданд, ки режими Асад дар ду бонки асосии Русия- Газпромбонк ва ВТБ ҳисоб боз кардааст.

XS
SM
MD
LG