Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Яке аз ғолибони ҷанг имрӯз таҷовузгар шудааст"


Ширкатдорони роҳпаймоии "Полки ҷовидон". Душанбе, 9-уми майи соли 2024
Ширкатдорони роҳпаймоии "Полки ҷовидон". Душанбе, 9-уми майи соли 2024

Роҳпаймоии “Полки ҷовидон”, ки аз он ҳамчун абзори таблиғотии Русия ҳам ном мебаранд, имсол дар Душанбе бо ҳузури бисёр ками одамон баргузор шуд. Бештари сокинон мустақилона ба Боғи Ғалабаи пойтахт рафта, пирӯзиро дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил карданд.

Роҳпаймоии “Полки ҷовидон” субҳи 9-уми май аз майдони 800-солагии Маскав (назди Театри опера ва балети Душанбе) оғоз шуд ва ширкатдорон ба сӯйи Боғи Ғалаба раҳсипор гаштанд. Иттиҳодияи собиқадорони сарбозони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон, ки аз ташаббускорони раҳпаймоӣ аст, гуфт, “ҳадафи иқдоми мо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад”.

Давоми ҳашт соли ахир роҳпаймоии “Полки ҷовидон” бо ҳузури садҳо нафар баргузор мешуд, аммо имсол теъдоди ширкатдорон аз 20-30 тан беш набуд. Чанд рӯз қабл бархе аз фаъолони иҷтимоӣ даъват карданд, ки роҳпаймоии “Полки ҷовидон” сурат нагирад. Чун ба гуфтаи онҳо, ин иқдом ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Рӯзноманигор Зебо Тоҷибоева мегӯяд, "яке аз пирӯзҳои ин ҷанг имрӯз таҷовузгар шудааст." Ишораи Тоҷибоева зоҳиран ба Русия аст, ки ду сол пеш ба хоки Украина таҷовуз кард ва ҷанг то ҳол идома дорад.

"Баргузории “Полки ҷовидон”, овехтани лентаи сиёҳу норинҷӣ барои ман баробар ба тира кардани хотираи гузаштагонам, бобоҳоям ҳаст. Ҳамин аст, ки ман намехоҳам ин шоу дар хиёбонҳои шаҳри мо баргузор шавад," -- афзуд Зебо Тоҷибоева.

Аммо ширкатдорони раҳпаймоӣ бовар доранд, ки ин маърака барои пос доштани хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон кори хуб аст. Шавкат Мирзоев, масъули Иттиҳодияи собиқадорони сарбозони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар хитоб ба мухолифони баргузории “Полки ҷовидон” мегӯяд, “агар мо таърихро фаромӯш кунем, чи хеле ки ба наздикӣ корҳои нохуш шуд, террору дигар, ба мо бармегардад."

Аммо бар хилофи ҳузури ками мардум дар роҳпаймоии “Полки абадӣ” рӯзи 9-уми май одамони зиёде ба Боғи Ғалабаи Душанбе рафта буданд. Сокинон барои омаданашон далелҳои гуногун доранд.

Комилҷон Зарифов, бошандаи Душанбе гуфт, "омадем, то кӯдакон дар оянда дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёбанду аз таърихи гузаштагони худ огоҳ бошанд".

Беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи давлати Шӯравӣ дар ҷанг алайҳи фашизм ширкат карда, наздик ба 100 ҳазори онҳо ҷон бохта, 120 ҳазор тан захм бардоштаанд. Ҳоло дар кишвар 25 иштирокчии ин ҷанг мондаанд, ки аз сӯйи давлат 50 ҳазор сомонӣ ё 4,5 ҳазор доллар ҳадяи ҷашнӣ дарёфт кардаанд.

Пирӯзии Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, имсол дар пасманзари сардии равобити Тоҷикистону Русия ва фишорҳои зиёди Маскав болои муҳоҷирон таҷлил шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раҳпаймоии Полки абадӣ дар Душанбе камранг шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
XS
SM
MD
LG