Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Қирғизистону Тоҷикистонро қатариҳо доварӣ мекунанд


Тими миллии Тоҷикистон.
Тими миллии Тоҷикистон.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистонро, ки 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, довари FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола аз Қатар сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон-2017 миёни ҷавонон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 таҷрибаи бузург касб намудааст. Инчунин ин довари қатарӣ ба ҳайси ёвари видео-довар дар қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия кор кардааст.

Дар бозии Қирғизистон – Тоҷикистон ба Абдулраҳмон Ал-Ҷассим ҳамватанҳояш, ёварони довари FIFA – Толиб Салим Ал-Маррӣ ва Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чаҳорумро довари FIFA Теҷас Нагвенкар аз Ҳиндустон ба ҷо меорад. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, баъди бохт дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" рӯзи 14-уми ноябр дар меҳмонӣ аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 3:4 эътироф кардааст, ки дар интихоби бозигарон ба ҳайати дастаи мунтахаб ба хатоҳо роҳ додааст.

“Мо бозиро бохтем ва ин бароямон бисёр бад аст. Дар он ҷое холҳоро аз даст додем, ки набояд ин корро мекардем. Ин метавонад дар охири мусобиқаи интихобӣ таъсир расонад. Маълум мешавад, ки ман дар бозӣ бо Мянмар ҳайати мувофиқро интихоб накардаам. Ба бачаҳои пуртаҷриба умед доштам. Дар тамрини пеш аз бозӣ бачаҳо худро хуб нишон доданд, вале бозӣ барор нагирифт. Имрӯз рӯзи мо набуд ва корамон омад накард” - иброз дошт Усмон Тошев.

Бояд гуфт, ки дар бозӣ муқобили мунтахаби Қирғизистон яке аз бозигарони калидии тими миллии Тоҷикистон, ҳимоятгари марказии 31-сола Давронҷон Эргашев ширкат намеварзад. Ӯ дар бозӣ бо Мянмар корти зард гирифт, ки ин барояш дувум аст. Вай пештар дар бозӣ муқобили мунтахаби Ҷопон, ки 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, корти зард гирифтааст. Бинобар ин, Давронҷон Эргашев маҷбур аст, ки ба иллати барзиёдии корти зард дар бозии навбатӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иштирок накунад.

Зимнан, Эргашев дар ҳамаи чаҳор бозии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бе таъвиз бозӣ карда, дар меҳмонӣ ба дарвозаи тими миллии Муғулистон голи ягонаро задааст.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ва дастаҳои Муғулистону Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ба ҷуз аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Мянмар дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, бозии даври якуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба самар расонид.

Аз натиҷаи бозии ҷавобии футболбозони қирғизу тоҷик тақдири минбаъдаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон бастагӣ дорад, бинобар ин, мутахассисону мухлисон 19-уми ноябр рақобати пуршидату ҷолибро чашмдоранд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон Тоҷикистон

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим (Қатар).

Ёварони сардовар: Толиб Салим Ал-Маррӣ, Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ (ҳарду аз Қатар).

Довари эҳтиётӣ: Теҷас Нагвенкар (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов

Мянмар – Муғулистон

Мандалай. Варзишгоҳи«Mandalar Thiri Stadium».

Мвқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Қирғизистон

4

2

0

2

9-4

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

5-7

6

4

Муғулистон

4

1

0

3

2-9

3

5

Мянмар

4

1

0

3

4-13

3

XS
SM
MD
LG