Дар чанд ҷумла
Ҳалокати 18 нафар дар таркише дар Ҳалаб
Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ал-Боб як шаҳри шимолии Сурия 18 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора фаъолони мухолифони Сурия ва вазорати дифои Туркия хабар дод, ки нерӯҳо дар ин шаҳр таҳти ҳимояти он қарор доранд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 16-уми ноябр гуфт, ки дар ин таркиш 19 нафар аз ҷумла 13 ғайринизомӣ кушта шуданд.
Ал-Боб дар вилояти Ҳалаб ҷойгир аст. “Медиа Сентер” -як маркази хабарии фаъолони мухолифон дар Ҳалаб гуфт, ки таркиш дар як ҷойи пуродам ва наздикии истгоҳи автобус сурат гирифтааст. Вазорати дифои Туркия гуфт, ки теъдоди қурбониён 18 нафар аст ва ҳамларо кори дасти ошӯбгарони курд номид. Туркия размандагони курдро террорист меномад ва мегӯяд, ки онҳо бо ҷудоиталабони курд дар дохили Туркия робита доранд. То кунун касе масъулияти ҳамла дар Ал-Бобро ба ӯҳда нагирифтааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Аз сокинони Душанбе хостанд, танҳо аз таксиҳои "Jura" истифода баранд
Мақомот дар Душанбе аз сокинон хостанд, ки аз таксиҳои маъруф "ба 10 сомона" истифода набаранд ва рӯ ба таксиҳои расмӣ, яъне "Jura биёранд.
"Душанбенақлиётхадамотрасон", Корхонаи тобеи ҳукумати Душанбе рӯзи якуми апрел дар муроҷиате аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки ҳангоми зарурат танҳо аз таксиҳои "рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангаш зард", истифода баранд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ронандагони ин навъи нақлиёт пайваста аз муоинаи техникӣ гузашта, аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар ин навъи таксиҳо ба таъкиди мақомот, камераҳои мушоҳидавӣ насб шуда, раванди хидматрасонӣ назорат мешавад.
Таксиҳои "10-сомона", ки шуморашон дар шаҳр нисбат ба солҳои пеш кам шудааст, дар Душанбе новобаста ба масофаи ҳаракат аз мусофирон 10 сомонӣ роҳкиро мегиранд ва аксари сокинон, дар роҳҳои сермошини пойтахт барои равуо ба гӯшаҳои дуртари шаҳр аз ин навъи таксиҳо истифода мебаранд.
Таксиҳои бо номи "Jura", ки ҳоло мақомот аз сокинон хостаанд, бештар аз он истифода кунанд, вобаста ба масофаи ҳаракат ва барои интизорӣ, аз ҷумла дар тамбашавиҳо аз мусофирон пул мегиранд ва ин ба ҷайби на ҳама мусофирон мувофиқ аст.
Шикоят аз кори ин мусофиркашҳо ҳам дар шаҳр кам нест. Дар ҳамин ҳол, пулиси Душанбе аз муҷозоти 7 ронандаи таксӣ хабар додааст, ки ба итилои ин ниҳод, ғайриқонунӣ ба мусофиркашӣ машғул буданд.
Як пажӯҳиш Тоҷикистонро дар баробари таҳдидҳои террористӣ осебпазир гуфт
Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягии Афғонистон қарор дорад, осебпазиртарин кишвар дар баробари таҳдидҳои террористӣ дар минтақа будааст. Хатари терроризм дар ин кишвар дар соли 2026 "муътадил" арзёбӣ шудааст.
Ин хулосаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ аст, ки ҳар сол шохиси таҳдидҳои теророристиро дар саросари ҷаҳон нашр мекунад. Бино ба гузориши нави ин пажӯҳишгоҳ, мавқеи Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта бадтар шудааст.
Дар раддабандии таҳдидҳои террористӣ имсол кишвар дар мавқеи 41-ум ҷой гирифтааст ва соли гузашта дар зинаи 70-ум қарор дошт ва ин нишондиҳанда ба маънои хеле кам будани таҳдидҳо буд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ҳарчанд вазъият дар Тоҷикистон дар муқоиса бо минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳон босубот боқӣ мемонад, аммо хатарҳо ҳамчунон зиёданд.
Узбекистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 96-ум ҷойгир шуда, таҳдидҳои амниятӣ дар ин ва кишварҳои дигари минтақа хеле кам будааст.
Дар маҷмӯъ, дар Шохиси ҷаҳонии терроризм дар соли 2026 гуфта шудааст, ки сатҳи таҳдидҳо дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш аст ва шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар муқоиса бо соли гузашта 22 дарсад ва теъдоди қурбониёни он 28 дарсад кам шудааст.
Бо ин вуҷуд, дар кишварҳои ғарбӣ афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад ва коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар пасманзари муноқишаҳои нави ҷаҳонӣ, эҳтимол дорад ояндаи наздик таҳдидҳои террористӣ дубора зиёд шаванд.
Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамлаҳо ба Теҳрон захмӣ шуд
Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки Камол Харрозӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии он кишвар, рӯзи 1 апрел дар ҳамлаҳо ба Теҳрон, захмӣ шудааст. Бар пояи хабарҳо, ҳамсари Камол Харрозӣ дар ин ҳамла ҷон бохтааст.
Харрозӣ раиси Шӯрои раҳбурдии робитаҳои хориҷӣ аст ва ҳамчунин мушовири байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад.
Ба гузориши рӯзномаҳои "Шарқ", "Эътимод" ва "Ҳаммеҳан", хонаи ӯ дар Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаҳое, ки ба Амрико ва Исроил рабт дода мешавад, ҳадаф қарор гирифт.
Ин расонаҳо афзудаанд, ки ӯ дар пайи ин ҳамла ба шиддат захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Ду мақоми эронӣ субҳи панҷшанбе бан "Ню-Йорк Таймз" гуфтанд, ки Харрозӣ дар ҳоли пайгирии гуфтугӯ бо Покистон барои баргузории эҳтимолии дидор миёни мақомҳои эронӣ ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико будааст.
Ба гуфтаи ин мақомҳо, ҳадаф қарор додани Харрозӣ, ҳамчун талоше барои халалдор кардани раванди дипломатӣ хонда мешавад.
Парванда зидди афсари ВКД бо иттиҳоми қатли як сокини Ванҷ
Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ нисбати Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо иттиҳоми қатли як сокини ноҳияи Ванҷ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Моҷаро нимаи дувуми моҳи март гӯё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти ошкор нашудани номаш рӯзи 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи куштори Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз тарафи афсари Вазорати корҳои дохилӣ, махфӣ идома дорад ва пас аз айбдор шудани афсари пулис бо ҷурми "куштори одам", ҳолатҳои дигари ин қазия мавриди бозрасӣ қарор доранд.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сабаби аслии бо худ доштани силоҳи оташфишон аз тарафи афсари пулис дар ҷойи ҳодиса ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ санҷида шуда, ба парванда илова мешавад. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, бо анҷоми тафтишот парванда ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ фиристода хоҳад шуд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муттаҳам дар қатли Саломатшо хабар доранд.
Ӯ афзуд, азбаски парванда махфӣ аст ва ҳодисаи мавриди санҷиш қарор дорад, аз ҷузъиёти бештар хабар надоранд. "Мо интизор ҳастем, ки тафтишот дақиқ ва боадолатона сурат мегирад ва афсари пулис ба ҷазои сазовораш хоҳад расид"-, гуфт Неъмат Ғалчаев.
Неъмат Ғалчаев дар идома гуфт, то ҷое хабар доранд, ҳоло муфаттишон талош доранд, муайян кунанд, ки афсари пулис бо кӣ робита доштааст -- духтари мактабхон ваё модари ӯ.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ рӯй дод. Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро гуё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
"Афсар тахминан соати 9-10-и шаб бо мақсади дидорбинӣ бо хонандаи синфи даҳум ба деҳа омадааст. Бо Саломатшо рӯ ба рӯ шуда, ҷанҷол мекунанд. Сипас Ивазмад Қодиров бо истифода аз силоҳи табелии худ ба тарафи Ғалчаев тир мекушояд ва ӯ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст",–афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Ин манбаъ гуфт, "афсари ВКД командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ ва аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст".
Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Боздошти як муҳосиб дар Варзоб барои "тасарруф"-и беш аз 1 млн сомонӣ
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи санҷиш тасарруфи беш аз 1 миллион сомонии маоши кормандони як беморхонаро ошкор кардааст.
Ин ниҳод рӯзи 31-уми март дар хабарномае навиштааст, ки муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бо истифода аз ваколатҳои мансаби худ ва "барзиёд нишон додани маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳо", дар солҳои 2022- 2025 беш аз 1 миллиону 147 ҳазор сомониро аз худ кардааст.
Бино ба хабари Оҷонсӣ, Сиддиқов Б.Б ин амалҳоро дар давраи фаъолияташ ба ҳайси сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва баъдан муҳосиби ин корхона анҷом дода, "ба давлат зарари махсусан калон расондааст".
Мавқеи мансабдор ба ин иттиҳом маълум нест.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Сиддиқов бар асоси се модда, аз ҷумла, барои аз худ кардани моли давлат ва қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бори аввал нест, ки мансабдоре дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ба ҷиноят муттаҳам мешаванд. Қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷат ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумлаи иттиҳомҳои маъмул алайҳи онҳост.
То кунун бархе бо ҳамин далел боздошту зиндонӣ шуда, бархеи дигар бо пардохти ҷуброн аз ҷавобгарӣ озод гаштаанд.
Ҳушдори президенти Тоҷикистон аз "болоравии бесобиқаи нарх"
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли болоравии бесобиқаи нархи хӯрокворӣ дар соли равон ҳушдор дод.
Эмомалӣ Раҳмон 30-юми март бо такя ба "таҳлили коршиносон" гуфт, "бар асари ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд" ва "инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло меравад".
Вай аз мардум даъват кард, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва барои таъмини бозор бо маводи ғизоиву ҳифзи амнияти озуқаворӣ талош кунанд.
Барои ин, раисҷумҳури Тоҷикистон "истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб заминро" муҳим хонд.
Ин муроҷиат ва ҳушдор дар ҳолест, ки баъзе аз кишоварзон мегӯянд, мақомот зироати онҳоро вайрон ва деҳқонҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунанд.
Моҳи январи имсол вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, аз тахриби кишти гандум ва пахтакории маҷбурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо огоҳ аст ва зидди чунин амалҳост.
Баҳси камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳои Русия
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки танҳо 13-15 дарсади коргарон дар сохтмонҳои ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронанд.
Хабаргузории русии "Интерфакс" аз қавли Володин навиштааст, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналӣ пайваста аз норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо шикоят мекунад.
Ин ниҳод сабаби асосии пеш омадани мушкилро ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия рабт додааст.
Вячеслав Володин дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, шумори коргарони хориҷӣ дар сохтмонҳо фақат то 15 дарсадро ташкил медиҳад ва таъкид кардааст, ки нерӯи кории муҳоҷирон ҳам арзон нест.
Ба гуфтаи вай, мушкили камбуди бинокоронро на бо ҷалби муҳоҷирон, балки бо роҳҳои дигар бояд ҳал кард.
Дар гузашта, вазири сохтмони Русия Игор Файзуллин аз эҳтимоли камбуди шадиди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳушдор дода буд. Ӯ сабаби ин вазъро, аз ҷумла, ба "сахттар шудани кори муҳоҷирон" рабт дода буд.
Ин баҳс дар ҳоле рӯ задааст, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори "Крокус Ситӣ", фишор ва ихроҷи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ва махсусан тоҷикон аз Русия ба таври бесобиқа афзоиш ёфт.
Банд мондани даҳҳо мошини боркаш дар марзи Узбекистону Тоҷикистон
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, беш аз даҳ рӯз аст дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон банд мондаанд.
Ин мошинҳо, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қазоқистону Эрон тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон молу маводи ғизоӣ ворид мекунанд, дар гузаргоҳи гумрукии "Дӯстӣ" миёни шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон барои дарёфти иҷозаи убури марз навбат истодаанд.
Ронандагон бо нашри наворе гуфтаанд, дар ин минтақа даҳҳо мошини боркаш ҷамъ омадаанд ва шикояти асосии онҳо аз кори кормандони гумруки Тоҷикистон аст ва бархе аз мошинҳо дар ин минтақа аз рӯзи 14-уми март банд мондаанд.
Шарҳи мақомоти гумрук дар ин бора дастрас нест.
Бархе аз ронандагон як сабабро дар гарон ва хурд будани истгоҳи гузаргоҳи гумрукӣ медонанд. Ба иддаои онҳо, барои зудтар гузаштан аз марз аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳудуди 200 доллар талаб мешавад.
Дар гузашта соҳибкорони узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурини гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои воридоти он монеагузорӣ мекунанд.
Мақомоти гумрук дар посух гуфтанд, монеа нест, вале бо сабаби дуруст набудани санадҳои пешниҳодӣ дар бештари мавридҳо ҳуҷҷатгузории молу маҳсулот бо таъхир сурат мегирад.
Селобҳои маргбор дар Афғонистон ҷони 27 танро гирифт
Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ дар ҳукумати Толибон рӯзи 30 март эълон кард, ки дар натиҷаи борандагӣ, селобҳо, лағзиши кӯҳ ва раду барқ дар як ҳафтаи ахир, 27 тан ҷони худро аз даст дода, 29 тани дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи омори ин ниҳод, то кунун 1130 хона қисман вайрон шуда, 92 километр роҳ ва беш аз 900 гектар заминҳои кишт осеб дида ва 244 сар ҳайвон талаф шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дафтари расонаҳои вилояти Нангарҳор рӯзи 30 март гуфт, ки дар чанд ноҳияи ин вилоят дар натиҷаи борандагиҳои сахти шаби якшанбе ду тан ҷон бохта, 12 тани дигар захмӣ шудаанд ва 27 хона ҳам вайрон шудааст.
Аз сӯи дигар, ҳукумати Толибон мегӯяд, ки бинобар ҷорӣ шудани селобҳо, шуморе аз шоҳроҳҳои муҳими транзитии Афғонистон, аз ҷумла, масири Бодғис-Форёб ҳанӯз ба рӯи рафтуомади баста мебошад ва кор барои бозкушоии ин масир идома дорад.
То 60 ҳазор рубл. Даромади муҳоҷирони таксиронро дар Русия ҳисоб кардаанд
Ширкати DBS Group даромади муҳоҷиронеро, ки дар Русия таксӣ меронанд, ҳисоб кардааст. Хабаргузории давлатии "РИА Новости" аз қавли муаллифони таҳқиқот навишт, бе дар назар гирифтани "чойпулӣ", онҳо ба ҳисоби миёна дар моҳе аз 50 то 60 ҳазор рубл даромад доранд. Бо ҳисоби имрӯза, аз 615 то 730 доллар.
Ширкати DBS Group гуфтааст, "ҳоло сиёсати давлати Русия ба эҷоди тавозун дар байни зарурати пур кардани ҷойҳои холӣ ва назорати муҳоҷирон равона шудааст. Ин чораҳо ба таври мустақим ба баъзе соҳаҳо, пеш аз ҳама таксиву таъминот ё боркашонӣ таъсир расонидааст. Дар пасманзари талаботи зиёд ба ин касбҳо маоши ронандаҳо ҳам афзоиш ёфтааст."
Муаллифони таҳқиқот гуфтаанд, имрӯз дар Русия ба ронандагон ниёзи ҷиддӣ вуҷуд дорад, бахусус ин камбудӣ дар бахши таксиронӣ ва таъминот ё логистика мушоҳида мешавад.
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки дар ин соҳа "нақши муҳоҷирони корӣ бисёр муҳим аст, вале солҳои охир бо сабаби сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират, шумори маҳдуди коргарон ҳамчун ронанда кор мекунанд".
Як соҳибкор барои таҷлили зодрӯзаш дар қаҳвахона ҷарима шуд
Як соҳибкорро дар вилояти Суғд барои баргузории ҷашни зодрӯз берун аз доираи оила, 117 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Амирҷон Холматов, раҳбари Ҷамъияти "Сихкабоби Амирӣ"-ро Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақзи нақзи қонун "Дар бораи танзими расму оин ва маросиму тантанаҳо" айбдор донист.
Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо нашри навор аз ҷашни зодрӯз гуфтааст, соҳибкор бар хилофи қонуни танзими анъана, рӯзи 1 уми феврал дар қаҳвахонаи шахсии худ бо ширкати дӯстону ҳамкорон рӯзи таваллудашро таҷлил карда, онро мустақим дар интернет намоиш додааст.
Назари худи соҳибкор маълум нест.
Тибқи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", маросими таҷлили ҷашни зодрӯз бояд дар иҳотаи оила гузаронида шавад.
Дар гузашта ҳам чандин нафар дар кишвар барои таҷлил аз зодрӯзи худ бо дӯстон, ба додгоҳ кашида шуда буданд.
Аз ҷумла, овозхон Сураё Қосимова барои таҷлили 60-умин солгардаш дар тарабхона ва ҳамчунин Зулайхо Маҳмадшоева барои ҷашнгирӣ аз зодрӯз, дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буданд.
Бархе аз соҳибҷашнҳо ҳам бо норозигӣ аз ин ҳукм талош карда буданд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.
Иморот визаи "бисёре" аз эрониёни муқими ин кишварро бекор кард
Дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Араб, ин кишвар визаи иқомати "бисёре" аз эрониёни муқими Иморотро дар ҳоле, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд, бекор кардааст. Ҳатто баъзе аз дорандагони эронии "визаи тилоӣ"-и Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам аз паёмадҳои ин тасмими расмии ҳукумат канор намонда ва бо лағви иқомат рӯбарӯ шудаанд.
Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз ҳамон ибтидои ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон ҳадафи ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Сипоҳи посдорон қарор гирифтанд. Дар ин миён, танҳо Иморот бинобар гузоришҳо, то кунун ҳадафи беш аз ду ҳазор ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии Эрон будааст.
Як манбаъ ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шумори эрониёне, ки ҳамакнну берун аз Иморот ҳастанд, бо чунин иқдоме рӯбарӯ шуда ва аз имкони бозгашт ба ин кишвар маҳрум шудаанд. Иморот ҳанӯз дар ин бора ба таври расмӣ чизе нагуфтааст.
Бар асоси манбаъҳои ғайрирасмӣ, байни 500 то 800 ҳазор эронӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ба вижа Дубай ва Шарҷа, зиндагӣ мекунанд ва арзиши дороиҳо ва касбу кори эрониён дар ин кишвар ҳудуди 300 миллиард доллар тахмин зада мешавад.
Изҳороти Қолибоф дар бораи нақшаи эҳтимолии Амрико ба амалиёти заминӣ
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, рӯзи якшанбе дар як суханронӣ гуфт, ки Амрико "ба таври ошкоро барои музокирот паём мефиристад, вале пинҳонӣ барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад".
"Мардони мо интизори вуруди заминии нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд," -- афзуд ӯ.
Ин изҳороти Қолибоф дар посух ба гузоришҳо дар бораи омодагии артиши Амрико ба амалиёти заминӣ, бо ҳадафи боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз садо дод.
Ҷанг дар Эрон беш аз чор ҳафта боз идома дорад ва Ҷумҳурии Исломӣ то кунун як бахши қобили таваҷҷуҳи нерӯи мушакӣ ва дарёии худро аз даст дода, бисёре аз фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи Посдорон дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Бо ин ҳама, Эрон бо истифода аз мавқеи худ дар шимоли Халиҷи Форс ва наздикӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон аз тариқи он убур мекунад, тавонистааст, бар бозори энержӣ дар саросари ҷаҳон ва аз ин роҳ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври чашмрас таъсир расонад.
Дар як моҳе, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба хоки Эрон идома дорад, ҳукумати Эрон тақрибан ҳар рӯз ва ҳар шаб тарафдорони худро ҳатто зери бомбаборон ва дар авҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хиёбонҳо мебароранд. Иқдоме, ки сабаби марги мардуми ғайринизомӣ дар ин таҷаммуъҳо шудааст.
Шарҳи мақомоти Қазоқистон дар бораи занозании муҳоҷирон
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон муноқиша бо ширкати зодагони ин кишварро дар минтақаи Ленингради Русия шарҳ дод.
Ерлан Жетибаев, намояндаи вазорат гуфт, "дар муноқишаи рӯзи 26-уми март дар шаҳраки Уст-Лугаи вилояти Ленинград, шаҳрвандони Қазоқистон ҳам ширкат доштанд".
Вай гуфт, консули генералии Қазоқистон дар Русия аз маҳалли ҳодиса дидан карда, "ба шаҳрвандони Қазоқистон кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ расонида мешавад”. Ӯ илова кард, ки вазъ таҳти назорати ниҳодҳои масъул қарор дорад.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ин ҳодиса касе аз шаҳрвандони ин кишвар осеби ҷиддӣ надидаанд.
Рӯзи 27-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании гурӯҳе дар як сохтмони Русия нашр шуд. Ҳодиса рӯзи 26-уми март дар шаҳраки Уст-Лугаи вилояти Ленинград рух додааст. Дар он, аз ҷумла шаҳрвандони Қазоқистон низ иштирок доштанд.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, сабаби сар задани ҷанҷол муноқишаи коргарони қазоқистоние будааст, ки барои сохтмони терминали маҷмааи коркарди газ ҷалб шуда буданд. Ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои Росгвардия ва ОМОН ҳозир шуда, иштирокчиёни занозаниро боздошт кардаанд.
Расонаҳо: Пентагон ба амалиёти заминӣ дар Эрон омодагӣ мебинад
Рӯзномаи "Вашингтон Пост" бо истинод ба манбаҳои худ дар Амрико гузориш додааст, ки Пентагон ё вазорати дифои ин кишвар тарҳеро барои анҷоми як амалиёти заминии чандҳафтаина дар хоки Эрон омода мекунад.
Кохи Сафед дар вокуниш ба ин хабар гуфт, ки ин гуна омодагиҳо танҳо як бахше аз "нақшаҳои эҳтимолӣ" мебошанд.
Бар асоси ин гузориш, амалиёти мазкур мумкин аст дар доираи ҳамлаи нерӯҳои вижа ва заминӣ ба аҳдофе мисли ҷазираи Хорг ва минтақаҳои соҳилии наздик ба гулӯгоҳи Ҳурмуз бошад, аммо ба гуфтаи манобеъ, ин ба маънои таҳоҷуми густурда нахоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки Вашингтон метавонад “бидуни истифода аз нерӯҳои заминӣ” ҳам ба ҳадафҳои худ даст ёбад.
Қаблан чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад кард, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.
Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаъ хабар дода буд, ки маъмурияти Амрико имкони истиқрори нерӯҳои заминиро дар ҷазираи Хорги Эрон баррасӣ дорад. Нуқтае, ки 90% аз нафти Эрон аз онҷо содирот мешавад.
Бо идомаи ҷанг бо Эрон, Амрико ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш дода ва киштии ҷангии "Триполи" -ро бо тақрибан 3500 нерӯҳои дарёӣ ба Ховари Миёна интиқол додааст. Ҳамзамон, як гурӯҳи обиву хушкии дигар бо ҳудуди 2500 нерӯ дар роҳ ба ин минтақа аст.
Бино ба гузоришҳо Пентагон ҳамчунин нақшаи сафарбарсозии то 10 ҳазор нерӯи иловагии дигарро дорад.