Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар ивази раҳоии се узви Толибон


Гурӯҳи тундрави Толибон ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистонро, ки се сол пеш дар маркази шаҳри Кобул дуздида шуданд, дар ивази озодии се узви ин гуруҳ раҳо кардааст. Мақомоти Афғонистон ва манобеи Толибон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, озодии Квин Кинги 60-сола аз Амрико ва Тимоти Викси 48-сола аз Австралия рӯзи 19-уми ноябр дар ноҳияи Навбаҳори вилояти Зобул сурат гирифт. Ин минтақа асосан зери назорати Толибон аст.

Оҷонсии "Франс Пресс" ба нақл аз як мақоми пулис гуфт, ду профессори Донишгоҳи амрикоии Кобулро ба воситаи чархболҳои амрикоӣ аз Зобул ба берун бурдаанд.

Озодии ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ баъди он сурат гирифт, ки ҳукумати Афғонистон се зиндонии баландпояи Толибон, бо шумули Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии раҳбари шабакаи Ҳаққониро аз маҳбаси Багром озод кард ва онҳо рӯзи 19-уми ноябр "ба Қатар расиданд". Шабакаи Ҳаққонӣ ҷузъе аз гуруҳи Толибон аст ва бо ҳамлаҳои ваҳшатноки худ дар Афғонистон ном баровардааст.

Дар бораи ба Қатар расидани се зиндонии баландпояи Толибон рӯзи 19-уми ноябр хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба манобеи Толибон иттилоъ дод. Бино ба ин хабар, Анас Ҳаққонӣ, Ҳоҷӣ Молихон ва Ҳофиз Рашид Умарӣ баъди расидан ба Давҳа ба дасти масъулони дафтари сиёсии Толибон супурда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони "Тулуъ"-и Афғонистон хабар дод, ки ин се нафар дар маркази Қатар дар ҳабси хонагӣ хоҳанд буд.

Анас Ҳаққонӣ ва Ҳофиз Рашид Умарӣ соли 2014 дар шарқи вилояти Хуст ва Ҳоҷӣ Моллихон соли 2011 дар вилояти шарқии Пактико дастгир шудаанд. Ҳофиз Умарӣ, бародари Муҳаммаднабӣ Умарӣ, зиндонии пешини Гуантанамо аст, ки ҳоло узви калидии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба шумор меравад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон тақрибан як ҳафта пеш эълон кард, ки ҳукумат тасмим гирифтааст, дар ивази раҳоии ду устоди Донишгоҳи амрикоии Афғонистон се узви Толибон ва шабакаи Ҳаққониро аз зиндони Багром озод кунад. Ҳамчунон ҳукумати Афғонистон гуфт, бо ин табодул бояд хушунатҳо коҳиш ёбанд ва замина барои гуфтугӯҳои ҳукумат ва Толибон фароҳам гардад.

Пас аз эълони раиси ҷумҳури Афғонистон нерӯҳои хориҷӣ дар вилояти Лугар мавриди ҳамлаи маргталабона қарор гирифтанд, ки то ҳанӯз дар бораи талафоти он чизе гуфта нашудааст. Ҳамчунин дар Кобул таркиши як мошини бомбгузоришуда 12 ғайринизомиро кушт ва 20 тани дигарро маҷруҳ кард. То ҳанӯз масъулияти ду ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст.

Рӯзи 18-уми ноябр ҳукумати Афғонистон хабар дод, ки раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар суҳбат бо вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео қазияи раҳоии ин се нафарро баррасӣ кардааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ҳукумати Афғонистон рӯзи 19-уми ноябр дар Твиттер навишт, дар суҳбатҳои Ғанӣ ва Помпео тавофуқ шудааст, оташбас ё кам шудани амалҳои хушунатбор чун шарти оғози гуфтугӯи байнулафғонӣ барои сулҳ зарурӣ аст.

Иёлоти Муттаҳида тайи солҳои ахир барои поён додан ба ҷанги ҳаждаҳсола дар Афғонистон бо намояндагони Толибон дар Қатар чанд даври музокирот баргузор кардааст. Президенти Амрико рӯзи 9-уми сентябри имсол, пас аз як инфиҷори маргбор дар шаҳри Кобул, ки дар он як сарбози амрикоӣ ва 11 сокини оддӣ кушта шуд, музокирот бо ин гуруҳро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG