Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатбек Хайрзода афв шудааст, ҳамроҳонаш чӣ?


Давлатбек Хайрзода
Давлатбек Хайрзода

Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шудааст. Ӯ моҳи апрели соли 2017 ҳамроҳ бо нӯҳ корманди баландпояи Оҷонси зиддифасод дастгир ва моҳи июл ба даҳуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомот то ҳол дар бораи раҳоии ӯ чизе нагуфтаанд.

Қутбиддин Хайров, бародари Давлатбек Хайрзода, рӯзи 30-юми ноябр озодии ин мақоми пешини Оҷонси зиддифасодро тасдиқ кард. Вай гуфт, феълан аҳволи бародараш хуб аст, вале дар бораи шароити озодии ӯ чизе ба забон наовард.

"Рӯзи 29-уми ноябр озод шуд ва ҳама дӯстон ба зиёрат омаданд. Хеле хушҳолем, ки бародарамро бахшиданд," -- гуфт ӯ.

Парвандаи генерал Давлатбек Хайрзода ва ҳамроҳони ӯ муҳри махфӣ дошт ва эълони ҳукм низ паси дарҳои баста сурат гирифт.

Он замон расонаҳо бо такя ба манобеи худ гуфта буданд, ки Давлатбек Хайрзода ва чанд ҳамроҳи ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 319, яъне порагирии шахси мансабдор ба маблағи калон айбдор шудаанд. Ин хабарро мақомот тасдиқ ё рад накарда буданд.

Дар қонуни афв гуфта шудааст, ки афроди маҳкумшуда бар асоси ин моддаи қонуни ҷиноӣ (қисми 4 моддаи 319, агар маблағи пора аз даҳ ҳазор сомонӣ зиёд бошад) шомили афв нахоҳанд шуд. Ҳоло ин суол ба миён омадааст, ки Давлатбек Хайрзода бо моддаи дигар маҳкум шуда буд, ё чӣ гуна порагирӣ ба маблағи калон шомили афв гардид?

Ба ҳар ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июли соли 2017 дар як нишасти хабарӣ кормандони боздоштшудаи Оҷонси зиддифасодро асосан ба қаллобиву порагирӣ ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам карда буд.

Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон моҳи январи соли 2017 ба нафақа баромада буд. Ӯ аз моҳи марти соли 2015 сари ин мансаб буд ва қабл аз он вазифаи раҳбари бахши оҷонси мазкур дар Душанберо бар дӯш дошт.

Ӯро дар чаҳорчӯби қазияи тафтиши кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баҳори соли 2017 дастгир карданд. Баъдан писараш Фирӯз Хайрзода низ аз вазифаи ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.

Ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла муфаттиш Фирӯз Холмуродзода ба муддати аз 6 то 15 сол зиндонӣ шуданд. Дар бораи татбиқ шудан ё нашудани қонуни афв нисбат ба ин афрод чизе дар даст нест.

То ин дам на Додгоҳи оливу додситонии кул, на Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи парванда ва ҳукми кормандони маҳкумшудаи Оҷонсӣ ошкоро суҳбат накарданд ва тасвири куллии ин қазияро ба мардум надодаанд.

Коршиносон гуфта буданд, боздошти якбораи даҳ мансабдори Оҷонси зиддифасод ҳодисаи бесобиқа аст.

Соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфта буданд.

XS
SM
MD
LG