Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати аъзои ду оила аз Самарқанд дар садамаи ҳавопаймо дар Канада


Отабек Облоқулов бо ҳавопаймои хусусиаш дар Амрико
Отабек Облоқулов бо ҳавопаймои хусусиаш дар Амрико

Аъзои ду оила (иборат аз ҳафт нафар) аз шаҳри Самарқанди Узбекистон шаби 27-уми ноябр дар садамаи ҳавопаймои хусусии Piper PA-32 дар ҳудуди шаҳри Кингстони Онтарио ҷон бохтаанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ҳалокати зодагони ин кишварро дар Канада тасдиқ кард.

CBC News рӯзи 29-уми ноябр навишт, дар ин ҳодиса Отабек Облоқулов, зодаи Узбекистон, ки дар шаҳри Ҳюстони аёлати Техас бо зану се фарзандаш мезист ва Бобомурод Набиев, ки бо ҳамсараш дар Торонтои Канада буд, ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакон 3, 11 ва 15-сола буданд. Номи занҳову кӯдакон ва сабабҳои садама ҳанӯз маълум нест.

Ҳавопаймои Piper PA-32-ро, ки бештар бо номи Cherokee Six машҳур аст, Отабек Облоқулов моҳи январи имсол харида буд ва худаш идора мекард. Муфаттиш оид ба садамаҳо дар Кумитаи бехатарии нақлиёти Канада гуфтааст, ҳавопаймо аз Торонто ба самти Квебек ҳаракат дошт ва дар ҳудуди Кингстон ба садама дучор шуд.

Облоқулов моҳи майи имсол бо нашри видеое дар Ютуб гуфта буд, ки ширкати Anson Aviation дар харидани Piper PA-32 ба ӯ кумак кардааст. CBC News мегӯяд, бо ширкати Anson Aviation тамос гирифт, вале посухе дарёфт накард. Президенти ин ширкат ба The Canadian Press гуфтааст, воқеан, барои харидани ҳавопаймо ба Отабек Облоқулов ёрӣ карда буданд, то тавонад ҳамроҳи оилааш саёҳат кунад.

Ин зодаи Узбекистон моҳи майи соли 2018 санади рондани ҳавопайморо гирифтааст.

Олим Шарифов, раиси ҷамъияти узбекҳо дар Чикаго, рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Отабек Облоқулов дар оғози солҳои 2000-ум, баъди гирифтани гринкорт ба Амрико кӯчид ва солҳои охир яке аз тоҷирони муваффақ буд.

"Вай узви фаъоли ҷамъияти мо буд. Аз соли 2002 боз мешинохтам. Дар Амрико корро аз ронандаи таксӣ сар кард ва дертар ба як соҳибкори муваффақ табдил шуд. Ба сохтмон ва тиҷорати хона машғул буд. Дар ҷашни Наврӯзи имсола ба Чикаго бо ҳавопаймои хусусӣ омад," -- нақл кард ӯ.

Яке аз дӯстони Облоқулов ба CBC News гуфтааст, вай таҷрубаи кофии рондани ҳавопайморо дошт, вале афзудааст, "ин сафари аввали ӯ ба Канада буд".

Наздикони Отабек Облоқулов ва қурбониёни дигари садамаи ҳавопаймо дар Канада дар Узбекистон зиндагӣ мекунанд ва маълум нест, оё ҷасадҳоро барои дафн ба зодгоҳашон мебаранд, ё не. Яке аз бародарони Облоқулов, ки дар Тошканд кор мекунад, гуфтааст, модараш бемори дил аст ва онҳо намедонанд ҳодисаро чӣ гуна ба ӯ фаҳмонанд.

Ҷавлон Ваҳҳобов, сафири Узбекистон дар Канада дар Твиттер, навишт, мақомот ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва онҳо бо муфаттишон дар тамосанд.

Солҳои ахир шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистону Тоҷикистон дар Амрико бештар шудааст. Ин афрод асосан бо дарёфти гринкорт ба Амрико мекӯчанд ва дар онҷо ба ронандагӣ, таъмири хона ва тиҷорат машғул мешаванд. Бархеи дигар ба таҳсилу кор дар ширкатҳо банданд.

XS
SM
MD
LG