Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинони Помир аз "бепарвоии" ҳукумати Афғонистон


Қирғизтаборони Афғонистон
Қирғизтаборони Афғонистон

Даҳ хонавода баъд аз даҳ рӯзи ҳаракат, 8 рӯз пиёда ва ду рӯз бо мошин саранҷом аз Помири калон ба шаҳри Файзобод маркази вилояти Бадахшони Афғонистон расидаанд.

Теъдоде аз занону кӯдакони помирӣ нахустин бор аст, ки шаҳрро мебинанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон мегӯяд, онҳо бо дидани роҳҳои ҳамвор ва мошинҳои рангоранг дар Файзобод ҳайратзада шудаанд.

Эгамбердӣ ва Ҷаҳонбой намояндагони Помири калон бо кӯдакон ва занони худ ба шаҳр омадаанд. Онҳо аз зиндагии сахт дар рустоҳои дурафтодаи кӯҳистонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақл карданд. Ҷаҳонбой гуфт: “Мушкили аз ҳама бузурги мо набудани роҳ аст.Агар давлат роҳ дуруст накунад, барои мо чизе вуҷуд надорад. Мактаб надорем. Агар мо ҳам шаҳрванд бошем, давлат бояд ғами моро ҳам бихӯрад.”

Талобуддини Қодирӣ муовини раиси Шӯрои вилояти Бадахшон, ки худаш аз ноҳияи дурафтодаи Вахон аст, мегӯяд, дар 18 соли гузашта ҳукумати марказӣ ва ҳукумати вилоят таваҷҷӯҳи андаке ҳам ба сокинони Помир накардааст.

Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Помири кӯчаку бузург ҷузъе аз ноҳияи Вахон ҳастанд. Дар ҳарду мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Мардуми Помири калон чӣ аз назари мактабу шифохонаву дигар арсаҳо мушкилоти зиёд доранд.“

Муҳаммадзикриёи Савдо волии Бадахшон ҳам эътироф мекунад, ки мардуми қирғизтабори деҳаҳои Помири хурд ва Помири Калон сахтӣ мекашанд, вале ба гуфтаи ӯ, гунаҳкори вазъ ҳукуматҳои пешинаи вилоят ҳастанд.


Волии Бадахшон гуфт, дар буҷаи соли оянда ба мушкилоти помириён расидагӣ хоҳад шуд: “Дар буҷаи соли оянда мо барои онҳо барномарезиҳое дорем. Мушкилоташон иқтисодӣ аст, яке аз барномаҳои мо барои ҳукумати марказӣ, эҷоди заминаҳои нави зиндагӣ дар Помири Афғонистон аст. Онҳо барои кори бунёдӣ дар он манотиқ ниёз доранд. Иншоллоҳ, ки дар авлавиятҳои кории мо қарор доранд.”

Аҳолии Помири калон тақрибан 800 нафар аст, дар Помири кӯчак 900 нафар зиндагӣ мекунанд. Помири калон бо Тоҷикистон ва Помири кӯчак бо Чин ҳаммарз аст. Помир яке аз минтақаҳои баландтарини аҳолинишин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Дар тарафи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ва дар он тарафи марз дар ноҳияи Вахон ҳам аққалиятҳои қирғиз зиндагӣ мекунанд. Ба далели роҳ надоштан, гоҳо мақомоти Тоҷикистон иҷоза медиҳанд, ки ин мардум барои муолиҷа ва ё харид ба ин тараф ҳам бигзаранд. Мардуми инҷо асосан ба кишоварзӣ аз ҷумла мисли қирғизтаборони Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба қутоспарварӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG