Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: Шабакаҳои иҷтимоӣ пеши роҳи дасткориҳои иттилоотиро гирифта натавонистанд


Як гузориши марбут ба паймони низомии НАТО мегӯяд, ки шабакаҳои азими иҷтимоӣ дар амри мубориза бо дасткорӣ ё манипулятсия шудани иттилоот ноком гардиданд. Муҳаққиқони Маркази муколамаҳои стратегии НАТО дар як гузориши рӯзи 6 декабр мегӯянд, ки дасткориҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷабҳаи дигари ихтилофҳои миёни онҳое табдил шудааст, ки мехоҳанд ба интихобот таъсиргузор бошанд, афкори ҷомеаро ба ҳам зананд ва ҷомеаро аз баҳсҳои машрӯи сиёсӣ дар канор нигоҳ доранд.

Гузориш дар ҳоле нашр шуд, мақомоти Бритониё ва ИМА дар қатори дигарҳо, ба интихобот омода мешаванд ва дар фикри ин ҳастанд, ки чӣ гуна аз такрори дасткорӣ шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ваё мавриди истифодаи фабрикаи ҷавоб, ба вижа Русия қарор гирифтани онҳо пешгирӣ кунанд. Дар соли 2016 чунин дасткориҳо дар ҷараёни интихоботи президентии ИМА ва раъйпурсӣ дар Бритониё ба хотири берун шудани кишвар аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо мушоҳида шудааст.

Муҳаққиқон мегӯянд, давоми чор моҳ бар асоси як озмоише дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, YouTube ва Twitter мавод нашр карда мушоҳида намуданд, ки оё баъди ин хадамоти дасткорӣ ваё фабрикаи ҷавоб чӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки фаъолиятҳои харобкорона ва ҳам бо истифода аз ҳуввиятҳои пинҳоншуда ба фабрикаи ҷавоб имкон медиҳад, ки бисёр вақт ноаён монад ва аз ин роҳ, шонси дахолати “ғайрисолим” ба ҷараёнҳои демократӣ зиёд мешавад. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки “бар асоси ин озмоиш ва ҳам чанд таҳқиқоти дигаре, ки давоми ду соли гузашта анҷом шудааст, мо ба ин натиҷа омадем, ки Facebook, Instagram, Twitter ва YouTube то ҳол натавонистаанд ба андозаи кофӣ бо рафтори шинохтанашаванда муқобила кунанд”.

Дар идома муаллифон мегӯянд, ки “худтанзимкунӣ натиҷа намедиҳад. “Саноати дасткорӣ” сол ба сол афзоиш меёбад. Мо намебинем, ки то куҷо ба роҳ мондани харобкориҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гаронтар ваё мушкилтар шавад”. Муҳаққиқон гуфтанд ки бар ивази на бештар аз 300 евро тавонистанд 3500 шарҳ, 25,750 лайк, 20 ҳазор бинанда ва 5100 пайрав дар ҳамаи чаҳор шабака ба даст оваранд.

Маълум шудааст, ки наздики 19 ҳазор корбар барои дастрас ё паҳн кардани маводи дасткоришуда истифода шудаанд.

XS
SM
MD
LG