Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Девор кафид, бом лағжид”. Шикояти сокинони Сурхоб аз як ширкати сохтмонӣ. ВИДЕО


Чанде аз сокинони як маҳаллаи шаҳри Душанбе мегӯянд, назди манзили зисташон ширкате чоҳ кандааст ва зиндагии онҳо рӯз то рӯз хатарнок мешавад.

Сокинони маҳаллаи Сурхоби пойтахт мегӯянд, як ширкати сохтмонии “Аюб 2010” бо баҳонаи бунёди баландошёна назди хонаҳои онҳо чоҳ канд, ки дар пайи он деворҳои манзили зисташон кафид ва бомҳояшон лағжид.

Сарони ширкат мегӯянд, ҷуброни зиёни расидаро ба сокинон хоҳанд дод.

Ширкати бинокор дар пайи даъвои сокинон пардохти пули хонаҳоро ба уҳда гирифтааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки бо гузашти чанд моҳ ширкат ҳанӯз ӯҳдадории худро иҷро накардааст.

Нуралӣ Ғуломов, сокини кучаи Сурхоби шаҳри Душанбе мегӯяд, дар хонаи ӯ се оила бо тарс зиндагӣ дорад. Ӯ гуфт, имкон дорад, ки ҳар лаҳза хонааш фурӯ равад.

"Имшаб соати 12 як булдозери вазнин оварда, заминро канданд. Ман гуфтам, эй мардум чаро меканед? Охир, хонаҳо фурӯ рафта истодааст, гуфтанд, ки ҳеҷ чиз намешавад. Хонаҳоямон дар ҳолати садамавӣ аст",-- афзуд, Нуралӣ Ғуломов.

Манзили зисти Нуралӣ, бино бар хулосаи мутахассисон садамавӣ аст.

Ин ҳолат замоне ба вуҷуд омад, ки ду сол пеш ширкати сохтмонии “Аюб 2010” дар фосилаи наздик ба хонаи ӯ барои сохтмони як бинои нав чоҳ канд ва ҳанӯз ҳам он пӯшонида нашудааст.

Нуралӣ Ғуломов мегӯяд: "Сабаб ин аст, ки заминро ҷунбондаанд. Як дастгоҳ оварданд, заданд, ларзонданд, хонаҳои мо осеб дид. Деворҳо аз пушт ҳама кушода шуд. Ҳатто бетонҳо афтид.”

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи замин расман хонаҳои онҳоро садамавӣ эътироф карданд.

Хонаводаи Фарҳод Убайдуллоев, сокини дигари кӯчаи Сурхоб шаш моҳи пеш манзилашонро тарк карда, иҷоранишин шудаанд. Фарҳод мегӯяд, баъди шуруи сохтмон дар маҳаллаашон зиндагӣ дар манзили онҳо номумкин ва хатарнок шуд.

Ширкати “Аюб 2010” чанд моҳи аввал пули иҷораи онҳоро пардохтааст, вале баъдан ин кӯмак қатъ шуд.

"Хонаи кӯҳнаамон кафид, фикр кардем хона кӯҳна аст, канда аз нав сохтем. Вале боз ҳам кафид ва валангор шуд. Сохтмонро шурӯъ карда, чоҳ канданд. Чоҳ ду сол пур аз об монд. Дар хонаҳои мо зиндагӣ номумкин аст. Замин то 10 метр шикоф шуд ва шишт. Ҳама кафидагӣ аст",--мегӯяд, ин сокини Душанбе.

Дар маҷмӯъ се манзили зист дар кучаи Сурхоб, дар ҳамсоягии сохтмони мутаалиқ ба ширкати “Аюб - 2010” дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Ширкат баъди шикояти сокинон ба онҳо расман шартнома баста, уҳдадор шудааст, ки хонаҳои онҳоро харидорӣ мекунад, вале ба иддаои сокинон, бо гузашти 7 моҳ ширкат уҳдадории худро иҷро накардааст.

Тағйир ёфтани раҳбарони ширкати сохтмонӣ ҳам дар ин авохир сокинонро ноумед кардааст.

Фарҳод Убайдуллоев мегӯяд, “аз аввал гуфтанд, мо хонаро мехарем ва майдони варзишӣ мекунем, вале ҳоло гапи масъулини ширкат дигар шудааст ва фақат “мебинем” мегӯянд.”

Ширкати “Аюб 2010” дар маҳалаи Сурхоби Душанбе як биноро то се ошёна бардошта, барои таҳкурсии як бинои дигар чоҳ кандааст. Сокинон мегӯянд, ҳамин чоҳ сабаб шудааст, ки хонаҳои онҳо ба оҳистагӣ фурӯ меравад.

Хулосаи мутахассисон ниҳодҳои масъул ҳам дар муайян кардани ҳолати садамавии хонаи сокинон якранг нест.

Раҳбари нави ширкати “Аюб 2010”, ки нахост муаррифӣ шавад, рӯзи 29 уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагӣ се рӯзи пеш масъулияти идомаи сохтмонро ба душ гирифтааст ва ҳанӯз бо ҳуҷҷату шикояти сокинон дуруст ошно нест.

Ӯ гуфт, ки "худам саҳмдорам дар ин ширкат ва ҳанӯз ҳуҷҷатҳоро нагирифтаам ва намедонем раҳбари пешин чӣ уҳдадорӣ дошт."

Масъули феълии ширкат дар масъалаи пардохти пули хонаи сокинон чизе нагуфт, аммо соҳибони хонаҳое, ки иддао доранд, бо айби ширкат, манзили зисташон хатарнок шудааст, ҳоло бо муроҷиат ба мақомот, тақозо доранд, ки ё сохтмони бино қатъ шавад, ё пули хона ва ҷубронпулии онҳо пардохт гардад.

Раҳбари қаблии ширкат ҳам, ки уҳдадории таъмин кардани сокинони хонаҳои садамавиро ба уҳда гирифтааст, ба гуфтаи масъулини феълии ширкат, ҳоло дар кишвар нест.

Дар шартномаи ширкат бо сокинон, исми раиси пешини ширкат Нозимҷон Яқубов гуфта шудааст. Дар ҳуҷҷат ширкати дигаре бо номи “Нури Раҳмон” ҳам саҳмдори сохтмон зикр шудааст.

Масъулини феълии ширкат дар масъалаи пардохти пули хонаи сокинон чизе намегӯянд, аммо соҳибони хонаҳое, ки иддао доранд, бо айби ширкат манзили зисташон хатарнок шудааст, ҳоло бо муроҷиат ба мақомот тақозо доранд, ки ё сохтмони бино қатъ шавад, ё пули хона ва ҷубронпулии онҳоро бидиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG