Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина блогнависи озариро истирдод кард


Элвин Исоев.
Элвин Исоев.

Украина блогнависи озарбойҷонии мухолифи ҳукумати ин кишвар Элвин Исоевро ба Боку истирдод кард. Номбурда дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Додситонии кулли Озарбойҷон қарор дошта, бо ҷиноятҳои сангин муттаҳам будааст.

Хадамоти муҳоҷирати Украина, рӯзи 14-уми декабр гуфт, Исоев қонунҳои муҳоҷиратро поймол карда буд ва аз ин рӯ, 12-уми декабр ба Озарбойҷон истирдод шуд. Аснои вуруд ба Озарбойҷон, Элвин Исоев боздошт гардид. Ҳукумати Озарбойҷон нагуфтааст, ки сабаби ҳабс чист ва Исоев ба чӣ муттаҳам мешавад.

Истирдоди Исоев 4 рӯз пеш аз оғози сафари президенти Украина Владимир Зеленский ба Озарбойҷон ба вуқӯъ пайваст. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз раҳбари Украина дар Боку бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кунад.

Исоев аз соли 1998 дар Украина иқомат дошта, аз мунтақидони ашаддии ҳукумати Озарбойҷон ба шумор меравад. Дар соли 2001 Исоев шаҳрвандии Русия гирифта буд, вале 26-уми августи соли равон ҳангоми зиёрати ӯ аз Санкт Петербург, Русия шаҳрвандии ӯро лағв карда, аз кишвар хориҷ намуд.

XS
SM
MD
LG