Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари бозори "Ҷал-Ҷам"-ро бастанд. Рӯзи беҳдоштӣ, ё огоҳӣ барои кӯчидани тоҷирон? САДО, ВИДЕО


Рӯзи 24-уми декабр дари "Ҷал-Ҷам», бозори фурӯши маҳсулоти сохтмониро дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бастанд. Масъулони бозор гуфтанд, ки рӯзи беҳдоштӣ ё "санитарӣ" аст ва онро як ҳафта пеш ба нақша гирифта буданд. Соҳибкорон тахмин мезананд, ки баргузории рӯзи беҳдоштӣ ва бастани дари бозор ҳушдор барои ҳарчи зуд кӯч бастани онҳо аст. Вагарна, ба гуфтаи тоҷирон, осори рӯзи беҳдоштӣ дар "Ҷал-Ҷам" мушоҳида намешуд.

Як ҳафта пеш раҳбарияти бозори "Ҷал-Ҷам" ба садҳо тоҷири ин бозор то нимаи моҳи январи соли 2020 муҳлат доданд, ки дӯконҳои худро холӣ карда, дар бозори нави «Кушониён» дар шимоли пойтахт ҷойгир шаванд. Бино ба санадҳои расмие, ки Радиои Озодӣ ба он даст ёфт, муассиси бозори нав ширкати «Фароз» аст.

Дилшод Бобоҷонов, яке аз тоҷирони бозори «Ҷал-Ҷам» гуфт, зоҳиран наметавонанд то муҳлати додаи масъулон ба кори худ идома диҳанд ва маҳсулоти будаашонро фурӯшанд ва фоида бинанд. «Ба мо таъкид карданд, ки то худашон иҷозат надиҳанд, наметавонем ба кор идома диҳем. Ман фикр мекунам, дигар бо ҳамин кор дар ин бозор тамом аст,» -- афзуд ӯ.

Мисли Дилшод даҳҳо соҳибкори дигар аз он нигаронӣ мекунанд, ки муҳлати кӯтоҳ барои кӯчидан ба бозори нав, эълони рӯзи беҳдоштӣ ва баста шудани дарвозаҳои бозор боис ба он шудааст, ки тиҷораташон зарар бинад. Яке аз ин тоҷирон, ки нахост номаш бурда шавад гуфт: «ҳамагӣ 20 рӯзи дигар фурсат дорем, ки бояд дӯконҳоро холӣ кунем. Боз бо ин баҳона даҳҳо муштариёни худро аз даст додем.»

Дар бозори "Ҷал-Ҷам" чӣ хабар?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим

Раҳбарияти бозори "Ҷал-Ҷам"-ро барои шарҳ додани ин нигаронии тоҷирон дар утоқи корӣ пайдо накардем. Онҳо дар суҳбатҳои бидуни сабт ба мо гуфтанд, «ин танҳо як рӯзи маъмулии беҳдоштӣ аст ва ҷое барои нигаронӣ нест".

Дар атрофи бозори «Ҷал-Ҷам» бештар мошинҳои боркаш ба чашм мерасид, ки молу маҳсулоти тоҷиронро ба ҷои дигар интиқол медоданд. Вале мисли маъмул дар рӯзи беҳдоштӣ ҳеч гуна корҳои «санитарӣ» ба чашм намерасид.

Ҳафтаи пеш Радиои Озодӣ дар бораи шикояти бархе аз тоҷирони ин бозор, ки фурсати додаи мақомотро барои кӯчидан ба бозори «Кушониён» кам мешуморанд, гузориш таҳия карда буд. Онҳо аз он нигаронӣ мекарданд, ки дар ҷойи нав пайдо кардани муштарӣ мушкил аст ва аз ин ҳисоб тиҷораташон зарар мебинад.

Муҳаммад Давлатшоев, раиси Маркази савдои "Кӯшониён" – бозори наве, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, тоҷирон набояд нигарон бошанд, зеро онҳо бо пешниҳоди имтиёзу шароити беҳтари корӣ омодаи қабули фурӯшандаҳо ҳастанд.

Бозори нави "Кушониён" дар 13 гектар замин дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе) воқеъ аст ва аз 1200 то 1500 дӯкон дорад. Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ ба он даст ёфт, молики бозори нав дар қисмати шимолии Душанбе ширкати "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Вале раиси бозори "Кушониён" Муҳаммад Давлатшоев рӯзи 17-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд" ва яке аз саҳмдорон ӯст.

Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли ахир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, “Шоҳмансур” ва “Баракат” вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ва ё биноҳо сохта шудаанд. Тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG