Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсо Қадамов рақибашро аз Афғонистон дар 26 сония шикаст дод


Мӯсо Қадамов, варзишгари тоҷик, дар даври даҳуми "Шаби набард" оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА) дар Кобул ба Имрон Ҳафизӣ аз Афғонистон пирӯз шуд. Ин мусобиқа бо ширкати ҳашт варзишгар аз Афғонистон, Беларус ва Эрон шаби 2-юми январ доир гардид.

Дар набарди асосӣ, ки дар охири мусобиқа доир гардид, ду варзишгари 23-сола - Мӯсо Қадамов ва Имрон Ҳафизӣ - вориди қафаси рақобат шуданд. Мӯсои 23-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст ва феълан дар Беларус ба сар мебарад, ин кишварро намояндагӣ кард. Ӯ аз оғози рақобат бо силсилаи зарбаҳои сахт Имронро аз по афтонд ва ҳуҷумашро идома дод.

Довари рақобат Ҷамшед Қаюмов аз Тоҷикистон бинобар бартарии комили Мӯсо қувваозмоиро қатъ намуд. Ҳамин тариқ, Мӯсо Қадамов дар сонияи 26-уми раунди аввал бо нокаути техникӣ ғолиб дониста шуд.

Мӯсо Қадамов баъди ин пирӯзиаш гуфт, "ба устодонам, ки маро ба ин мусобиқа омода карданд, ташаккур мегӯям. Инҷо ба ман писанд омад ва мехоҳам, ки боз дар чунин мусобиқа иштирок намоям. Аз мардуми меҳмоннавози Афғонистон сипосгузорам."

Вале рақибаш Имрон Ҳафизӣ, ки дар нишасти хабарӣ аз тасмими ҳакам изҳори норозигӣ кард, гуфт, аз Мӯсо дар оянда интиқом гирифтанист. Бинобар ин ӯро ба рақобат (реванш) даъват намуд.

Варзишгари тоҷики муқими Беларус пешниҳоди рақибашро пазируфт, вале барои рақобати оянда миёни ин ду варзишгар тасмими ташкилкунандагони мусобиқа зарур аст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG