Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории мудири гимназия баъди шикояти омӯзгорон.ВИДЕО


Мудири Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе аз вазифааш сабукдӯш шудааст. Барканории Гулистон Собирова ҳудуди ду ҳафта пас аз шикояти кормандони ин муассиса ба Дастгоҳи президент ва дигар ниҳодҳои зирабт, сурат гирифт. Худи Гулистон Собирова мегӯяд, ки бо хоҳиши худ аз кор рафтааст. Омӯзгорони муассиса ӯро ба беадолатӣ ва худсарӣ муттаҳам мекарданд.

Як манбаъ дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Гулистон Собирова рӯзи 4-уми январ барканор ва ба ҷои ӯ раҳбари мактаб-интернати рақами 4 Рухшона Маҳмуродова таъйин шудааст.

Тасмими таъйину барканории раҳбарони муассисаҳои таълимие, ки зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳастанд, дар мувофиқа бо раиси шаҳр гирифта мешавад.

Худи Гулистон Собирова низ рӯзи 6-уми январ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вай афзуд, ки бо аризаи худ тарки ин мақом кард ва ҳоло ҷое кор намекунад.

Охири моҳи декабр як гурӯҳ аз кормандони ин муассисаи таълимӣ, бо як номаи боз ба Дастгоҳи президент, Оҷонсии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ки фаъолияти мудири ин муассисаро тафтиш кунанд.

Мудири гимназия афв шуд, вале дар мақомаш намонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Дар як нусхаи ин нома, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расида буд, аз он нигаронӣ мешуд, ки мудири ин муассиса баъди қатъ шудани парвандаи ҷиноӣ ва қонуни афв дар нисбаташ, ҳанӯз ҳам курсии раҳбариро ҳифз кардааст. Омӯзгорону кормандони Гимназияи иқтисодии Душанбе аз он шикоят доштанд, ки Гулистон Собирова бархеро аз кор ронда, гурӯҳи дигарро маҷбур кардааст, ки аз идомаи фаъолияташон довталабона даст кашанд.

Худи Собирова гуфта буд, ӯ бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шуда, ҳеҷ гуна доғи судӣ надорад. Дар Сарраёсати маорифи пойтахт он замон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қазия огаҳ ҳастанд, вале тасмими барканории Гулистон Собироваро онҳо намегиранд. Ин гимназия соли 2008 таъсис ёфта, ҳоло 560 донишомӯз дорад ва нархи таҳсил дар як сол ҳудуди шаш ҳазор сомонӣ будааст.

Норозиён аз фаъолияти мудир гуфта буданд, маъмулан кормандон пеш аз сабукдӯш шудан аз кор, танбеҳ ё огоҳӣ мегиранд, вале ин чиз ҳангоми барканории онҳо риоя нашудааст.

Онҳо гуфтанд, ки тобистони 2019 дар пайи шикояти гуруҳӣ ба ҳафт мақомоти тафтишотӣ ва дахлдор нисбати Гулистон Собирова санҷиш шуруъ, баъдан алайҳи ӯ парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шуд.

Дар як посух ба шикояти гурӯҳи омӯзгорон, дар Оҷонсии зидди фасод, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта шудааст, ки алайҳи Гулистон Собирова бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ - "сохтакории хизматӣ" ва "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ", парванда боз карданд.

Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳи октябри соли гузашта бар асоси қонуни афв, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Собирова қатъ ва ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кард. Худи мудири ин мактаб иддао карда буд, ки ин гурӯҳ нисбаташ хусумат доранд ва дар асл ӯ дар ин қазия "як ҷабрдида" аст.

XS
SM
MD
LG