Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчаҳои лабрез аз партови Кӯлоб. ВИДЕО


партоб
партоб

Партовҳои дар роҳҳо пошида ва ҳайвоноти дар ҷустуҷӯи ғизо дар партовгоҳҳо, аз саҳнаҳои маъмулӣ дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб аст. Сокинон мегӯянд, дигар одат кардаанд, ки ҳар рӯз аз канори ин партовгоҳҳо бетафовут убур намоянд. Зеро ба қавли онҳо, муроҷиату шикояташон дар мавриди сари вақт тоза кардани партовгоҳҳо натиҷа надодааст. Аммо масъулин пеш омадани чунин ҳолатро ба ҳамкорӣ накардани сокинон бо Идораи коммуналии шаҳр рабт медиҳад.

Қосим Ҳайдаров, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мақомот ҳамеша ваъдаи пок кардани партовгоҳҳоро медиҳанд, вале коре назаррасе анҷом намедиҳанд. "Агар ягон меҳмон омаданӣ шавад, маҷбур партовгоҳҳоро тоза мекунанд, агар меҳмон наояд, ҳаминҷо 10 сол истад, ягон кас ин партовгоҳҳоро тоза намекунад",-мегӯяд ин бошандаи шаҳри Кӯлоб.

Сокинони Кӯлоб мегӯянд, аз бӯи бади партовгоҳҳо ҳамеша нороҳатанд ва ҳатто теъдоде аз мардум ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи сокини дигари ин шаҳр Нигинамоҳ Ашӯрова, "тобистон аз ҷон безор мешавем, рости гап, тирезаҳоро кушода наметавонем, ҳамаҷо бӯй мегирад. Фаҳмидем, ки хеле қуттиҳои партов оварданд, куҷо карданд он қуттиҳоро? Намедонам 400 ё 4000 қуттии партов фиристоданд".

Аксари қуттиҳо дар партовгоҳҳои шаҳри Кӯлоб лабрез аз партов аст. Ҳамчунон дар атрофи қуттиҳо "теппаҳои партоб" ҷамъ шудааст. Ба қавли сокинон, онҳо ҳаққи партовҳоро ҳар моҳ пардохт мекунанд, аммо намедонанд, ки пули пардохткардаашон барои чӣ сарф мешавад.

Кӯчаҳои лабрез аз партови Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Масъулияти нигоҳубини аксари хонаҳои баландошёна дар шаҳри Кӯлобро ширкатҳои соҳибмулк бар ӯҳда дорад. Идораи коммуналии Кӯлоб мегӯяд, сабаби ҷамъ шудани партовҳо дар шаҳр, ҳамкорӣ надоштани сокинон бо идораи онҳост.

Сайбурҳон Муродзода, раҳбари Идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "сабаб ин аст, ки мардум пул намедиҳад. Ҳамчунин аз мо вобастагӣ надорад, дар назди ЖЭУ аст, ягонташ шартнома надорад. Бо мо ҳамкорӣ намекунанд, қарори раиси шаҳр аст, ки бояд сокинон маблағгузорӣ кунанд. Маблағгузорӣ намекунанд, ҳамааш партовро оварда дар сари роҳ меандозанд".

Идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, барои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо дар ҳудуди шаҳр дар як шабонарӯз 6 тонна сӯзишворӣ зарур аст. Аммо ҳоло онҳо аз сокинон бо ин ҳадаф каме бештар аз 3 тонна сӯзишворӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

Ин идора ки ҳоло 12 мошини партовкашонӣ дорад, мегӯяд, барои кашонидани партовҳо барои як мошин дар шабонарӯз 260 литр сӯзишворӣ зарур аст. Чизе, ки Идораи коммуналии Кӯлоб тавони фароҳам кардани онро надорад. Сокинон ҳам умед надоранд, ки "теппаҳои партоб"-и назди манзилашон дар моҳҳои наздик пок карда мешавад.

XS
SM
MD
LG