Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе ҷанҷолу сангандозӣ, вале вазъи печида дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. АКС


Вилояти Ботканд. 11-уми январ

Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад ва дигар садои тирандозӣ ба гӯш намерасад. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки посбонон аз ду тарафи марз гаштзаниро идома медиҳанд ва ҷанҷолу кашмакаш дигар дида намешавад.

Маҳаллаҳои наздисарҳадии ду кишвар шаби 9 ба 10 ва 11-уми январ ноором буд ва дар баъзе ҷойи он сангандозии сокинон ба мошинҳои якдигар мушоҳида шуд ва садои тир ба гӯш мерасид. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, сокинони ҳарду тарафро ба ноором шудани вазъ муттаҳам кардаанд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ дар хабаргузории расмии «Ховар» гуфт, ки дар ноором шудани вазъ чанде аз сокинони деҳоти вилояти Бодканд гунаҳкоранд. Дар ин баёния аз вазъ дар сарҳад изҳори нигаронӣ шуда ва аз ҷумла омадааст, ки “ду рӯзи охир бинобар аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи қирғиз содир намудани ҳаракатҳои пайдарҳами ғайриқонунӣ вазъ дар сарҳад мураккаб арзёбӣ мешавад.” Айни замон гуфта шудааст, ки вазъ зери назорати мақомоти интизомӣ қарор дорад.

Ботканд. 11-уми январ
Ботканд. 11-уми январ

Дар баёния як сокини деҳаи Коктоши вилояти Боткандро муттаҳам кардаанд, ки рӯзи 10-уми январ бо сангандозӣ тирезаи як нонвойхонаи деҳаи Сомониёни Исфараро шикастааст. Ҳамчунин гуруҳе аз сокинони деҳа ба он муттаҳам шудаанд, ки «барои тарсонидани аҳолии Сомониён аз туфанги шикорӣ ба осмон 15 маротиба тир холӣ кардаанд. Дигар ин ки ба гуфтаи раёсат, ки сокинон ва сарҳадбонони қирғиз мошини як сокини Тоҷикистон Фарҳодҷон Аҷобиддинзодаро сангборон ва худашро сахт захмӣ кардаанд.

Изҳори нигаронӣ аз рафтори шаҳрвандони Тоҷикистон

Аммо дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки нооромӣ дар марз ба сабаби амалкардҳои сокинони Тоҷикистон сар задааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, хадамот гуфтааст: «Шаби 9 ва 10-уми январ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифт ва ба самти чанде аз мошинҳои шаҳрвандони он кишвар санг андохтаанд.» Дар ин баёния шаҳрвандони Тоҷикистон ба он муттаҳам шудаанд, ки нимашаб дар маҳаллаҳои Ортобоз ва Кочо Қарин ва Жака Оруқ мошинҳои қирғизҳоро сангборон кардаанд.

Ҳамчунин дар бораи сангандозии сокинони Тоҷикистон ба хонаи яке аз шаҳрвандони Қирғизистон дар маҳаллаи Дахма хабар дода ва гуфтаанд, ки «ҳангоме, ки марзбонон ва мақомоти интизомӣ ба ин маҳалл рафтанд, ба тарафи онҳо аз самти Тоҷикистон бо туфанги шикорӣ тир андохтаанд. Дар баёния омадааст, ки «тирандозӣ бо таннафус аз тарафи Тоҷикистон сурат мегирифт ва то соати 9 субҳ идома кард.

Аз ин пештар, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков доир ба авзоъ дар марз суҳбат кардаанд ва ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Айдарбеков зимни суҳбат аз сангандозии шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошинҳои қирғизистониҳо ва истифода аз аслиҳа дар шаби 9 ва 10-уми январ изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзи 10-уми январ ҳамчунин дар вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба консули Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додаанд, ки дар он аз “ҳаракатҳои иғвогарона ва харобкоронаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба нооромӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мерасонад”, изҳори нигаронӣ шудааст.

Баррасии роҳҳои пешгирӣ аз такрори ҷанҷолу низоъ

Айни замон мақомоти Қирғизистон рӯзи 11-уми январ 6 сокинони деҳаи Коктошро бо иттиҳоми барангехтани нооромӣ дар марз дастгир кардаанд ва ин сабаб шудааст, ки ҳамдеҳагони онҳо, роҳи Ош-Ботканд-Исфанаро банданд. Баъди даъвати нерӯҳои милиса ба деҳа шоми 11-уми январ роҳ боз шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ботканд аксҳоеро фиристод, ки дар он теъдоди зиёде аз маъмурони милиса дида мешаванд. Рӯзи 12-уми январ ҳамчунин теъдоде аз сокинони Коктош, ки ба як маҳалли амн интиқол дода шуданд, ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Роҳи Ботканд-Исфана шоми 11-уми январ боз шудааст.
Роҳи Ботканд-Исфана шоми 11-уми январ боз шудааст.


Дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки ду тараф тасмим гирифтаанд, авзоъ дар марзро рӯзи 14-уми январ дар яке аз маҳаллаҳои марзӣ баррасӣ намоянд.

Рӯзи 11-уми январ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар бораи авзоъ дар сарҳад суҳбат ва ба “идомаи муколама дар бораи ҳалли мушкилоти марзӣ” таъкид кардаанд. Дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон омадааст: “мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.”

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки сабабҳои муноқиша таҳқиқ шавад ва онҳое, ки сабабгори моҷаро шудаанд, ҷазо бигиранд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, қарор аст, ҳайате бо роҳбарии Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон бо ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Азим Иброҳим - муовини аввали нахуствазир роҳҳои ҷилавгирӣ аз муноқиша ва таҳкими амният дар марзро баррасӣ кунанд. Ду тараф ҳамчунин бояд сари суръат бахшидан ба корҳо барои таъйин ва аломатгузории марз гуфтӯгу кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзбро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Агар дар ҷои ҳодиса будед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (7)

XS
SM
MD
LG