Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ортиқхоҷаев баъди интиқоди Мирзиёев дубора шаҳрдори Тошканд шуд


Вакилони нави Маҷлиси халқии шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро дубора раиси шаҳр интихоб карданд. Номзадии Ортиқхоҷаевро ба ин мақом президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон 11 январ хабар доданд, ки Мирзиёев бо рафти бозсозии боғи миллии кишвараш ба номи Алишер Навоӣ шинос шуда, дар ҷараёни он Ортиқхоҷаев ба ӯ дар бораи сохтмонҳое хабар додааст, ки қарор аст дар Тошканд анҷом шаванд.

Тавре аз хабарҳо маълум шуд, Ортиқхоҷаев, ки се моҳ пеш аз сӯи ҷомеа ва президенти Ӯзбекистон танқид шуда буд, соли 2020 низ пойтахти ин кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, шарҳдори Тошканд пас аз як баҳси худ бо расонаи маъруфи узбекии Kun.uz мавриди интиқод қарор гирифта буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябри соли гузашта наворе нашр шуд, ки дар он марди садояш монанд ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро ба қатлу зиндон таҳдид карда, мегӯяд, онҳоро дар шаш сония ҳамҷинсгаро хоҳад кард.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд? Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!",-гуфта мешавад дар навор.

Ортиқхоҷаеви 45-сола бори нахуст моҳи декабри соли 2018 шаҳрдори Тошканд интихоб шуд. Ӯ дар гузашта мудири ширкати "Артел инжиниринг" ва корхонаи давлатии "Tashkent City" буд.

XS
SM
MD
LG