Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, масъулони "хатои нобахшиданӣ" бояд ҷазо гиранд


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон, дар баробари эътирозҳои сахт хостори ташкили додгоҳи вижа барои баррасии сарнагунии ҳавопаймои мусофирбари украинӣ аз тарафи дифои зиддиҳавоии ин кишвар шуд. Ҳамаи 176 нафар, ки савори ҳавопаймо буданд, дар фоҷиа ҷон бохтанд.

Рӯҳонӣ дар як суханронии телевизионӣ рӯзи 14-уми январ гуфт, ҳамаи масъулони "хатои нобахшиданӣ" бояд ҷазо дода шаванд.

Эътирозҳо дар шаҳрҳои Эрон рӯзи 11-уми январ, пас аз он ки артиши ин кишвар гуфт, ҳавопаймои Боинг 800-737 аз сӯи мушаки зидди ҳавопаймоии Эрон, пас аз чандин дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон, "нохост" зада сарнагун карда шуд, сар шуданд.

Бисёрии онҳое, ки дар ин фоҷиа кушта шуданд, шаҳрвандони Эрон ва Канада буданд. Фоҷиа пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба зидди пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ рӯй дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ бе ишора ба ниҳод ва созмоне хост, то ин масъала, ба гуфтаи ӯ, бо садоқат ба мардум баён карда шавад. Рӯҳонӣ гуфт: "Барои мардуми мо дар ин ҳодиса хеле муҳим аст, ҳар касе ки дар кадом сатҳе гунаҳкор аст ва ё бепарвоӣ кардааст, бо адолат рӯ ба рӯ шавад.”

XS
SM
MD
LG