Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офаридаи зодаи Тоҷикистон дар байни номзадҳои "Оскар". ВИДЕО


Даря Кашеева

Филми тасвирии як зодаи Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба ҷоизаи мӯътабари "Оскар" дар Амрико пешниҳод шудааст. Дар ин бора рӯзи 13-уми январ Академияи синамои Амрико хабар дод.

Филми "Духтар"-и Даря Кашеева, коргардони руси муқими Чехия яке аз номзадҳо дар бахши "филмҳои кӯтоҳи тасвирӣ" шудааст. Даря Кашеева рӯзи 15-уми январ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, барои ширкат дар маросими супурдани Оскар ба Лос-Анҷелес биравад. Достони филм дар бораи арзишҳои оилавӣ ва муносибат байни фарзандону волидон аст.

Даря Кашеева ба ин суол, ки чӣ гуна як кори шогирдонааш тавонист, ба феҳрасти номзадҳои "Оскар" шомил шавад, гуфт: "Аз сӯҳбат бо тамошобинону мунаққидон дар кишварҳои гуногун шунидам, ки филмро ба хотири арзишҳои оилавиаш дарк карданд. Чаро ҳифзи равобити хуби миёни фарзандону волидон муҳим аст, чаро масъалаи бахшидани гуноҳ муҳим аст? Аз ин назар филм бисёр фарогир аст. Филм монанд ба филми ҳуҷҷатӣ аст, вақте тавассути баёни ҳодисаҳо наздик ба воқеият тамошобин ғарқи ҳодисаҳо мешавад.”

Филми зодаи Тоҷикистон Даря Кошеева ба ҷоизаи "Оскар" пешбарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00

Даря Кашеева чаҳорсола будааст, ки волидонаш Тоҷикистонро тарк кардаанд. Ӯ баъди зиндагӣ ва таҳсили мусиқӣ дар шаҳрҳои Валдаю Маскави Русия ба шаҳри Прагаи Чехия рафт. Филми "Духтар" кори дипломиаш дар Фарҳангистони ҳунари шаҳри Прага (FAMU) мебошад ва қабл аз роҳ ёфтан ба озмуни "Оскар", сентябри соли 2019 дар озмуни Student Academy Awards, ки онро "Оскари донишҷӯён" меноманд, ҷои аввалро гирифт.

Муаллиф мегӯяд, ки қиссаро замони дохил шудан ба донишгоҳ навишта, баъди ду сол таҳия кардааст. Филм аз назари фаннӣ ҳам вижагиҳои худро дорад: лӯхтакҳоро устои маъруфи чех Милан Винш аз омехтаи оҳану чӯб ва методи папйе маше ва бадани қаҳрамонҳо - падару духтар ва парранда аз фулузоти нарм сохта шудаанд.

Даря Кашеева пинҳон намекунад, ки панҷ соли кору зиндагӣ дар Чехия қиссаи муваффақият аст, вале ӯ гуфт, бо ин ки як шаҳрванди Русия мебошаду табааи Чехия нашудааст, худро муҳоҷир намеҳисобад. Дар ҷойи кор ва таҳсил бо забони чехӣ сӯҳбат мекунад ва тамоми аъзои тимаш аз ҳамин кишваранд.

Зимнан, дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми январ вазири фарҳанги Чехия Любомир Заоралек аз дастовардҳои Кашеева ситоиш кард ва гуфт, ки бар асоси қонун ва машварат бо вазорати умури дохилӣ, мақомот ният доранд, ба ӯ шаҳрвандии Чехияро бидиҳанд.

Вазири фарҳанг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз муваффақиятҳои муҳоҷироне мисли Кашеева бисёр истиқбол мекунад. Ӯ гуфт, "дарҳои Чехия ба рӯи он муҳоҷирон боз аст, ки бо ҳунару истеъдоди худ мехоҳанд дар пешрафти ин кишвар мусоидат кунанд”.

Зимнан, мақомоти Чехия дар масъалаи муҳоҷирпазирӣ бисёр эҳтиёткор ҳастанд ва ба фарқ аз бисёр дигар кишварҳои аврупоӣ, аз қабули паноҳҷӯён аз Ховари Миёна худдорӣ карданд. Ин мавқеи ҳукумат мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шуд.

Вале Даря Кашеева мегӯяд, барояш эҷоду ҳунар болотар аз ин ҳама масоил аст ва азбаски маҳз дар ҳамин кишвар ба ӯ имкони кору эҷод фароҳам шуд, зиндагии ояндаи худро дар ҳамин кишвар мебинад.

Аз Даря Кашеева пурсидем, ки оё дар бораи зодгоҳаш Тоҷикистон чӣ медонад? Гуфт, ба ҷуз хотираҳои пароканда аз кӯдакӣ, хонаи бибиву алафу дарахтҳои бузург дигар чизе дар ёд надорад.

Ӯ афзуд, волидонаш 30-сола буданд, ки солҳои 1990-ум Тоҷикистонро тарк карданд. Даря Кашеева ҳамчунин гуфт, бобояш Петр Посевин, ки навозандаи контрабас дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аммааш муаллимаи пианино дар як мактаби Душанбе барои муҳаббати ӯ ба мусиқиву ҳунар хеле кӯмак кардаанд.

Барандагони ҷоизаи "Оскар" рӯзи 9-уми феврал дар Лос-Анҷелес эълон мешавад. Ба қавли Даря Кашеева, худи роҳ ёфтан ба озмун барои ӯ муввафақият аст ва роҳро барои ҳамкориҳои дигар боз кардааст. Коргардони ҷавон умедвор аст, яке аз муҷассамаҳои тиллоии "Оскар" насиби ӯ мешавад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG