Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чорвои бародари раиси КДАМ гум шудааст. Дуздӣ ё қочоқ ба Афғонистон?


Акс аз 9-уми январ. Мавзеи Кокули Фархор

Гурӯҳе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фархор ба ҷустуҷӯи чорвои гумшудаи Абдулмӯъмин Ятимов, раиси Идораи ҷангали ноҳия ва бародари Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки говҳо дуздида шудаанд ва ё дар ҷангалҳои наздик ба сарҳад гум шудаанд.

Бар асоси иттилои манобеи Радиои Озодӣ шаби 16-уми январ 49 сар гов ва як аспи мутаалиқ ба Абдулмӯъмин Ятимов аз як чарогоҳи наздик ба марзи Афғонистон, воқеъ дар ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор гум шуданд. Нисфирӯзии 17-уми январ 8 сар гови гумшуда аз ҷангале пайдо шудааст, вале пайи пойи як асп ва 41 гови дигар то лаби рӯдхонаи Панҷ расидаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки говҳои гумшударо ҷустуҷӯ мекунад, гуфт, ду ҷой аз симхори муҳофизатӣ дар марз бурида шудааст ва фарзияи чорвои бародари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба Афғонистон бурдан низ дар миён аст.

Абдулмӯъмин Ятимов, раиси Идораи ҷангали ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гум шудани чорвояшро тасдиқ кард ва гуфт, “подабонҳо беэҳтиётӣ кардаанд”.

“Мо чанд сарашро пайдо кардем ва дигаронашро низ меёбем”,--гуфт ӯ.

Ба Афғонистон рабуда шудани чорвояшро ӯ тасдиқ накард ва гуфт, “мумкин онҳоро касе надуздида бошад ва дар ҷангалҳо гум шуда бошанд”.

Назорати марз дар кишварро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бар душ дорад. Аз ин рӯ, сокинон мегӯянд, бародари раиси КДАМ чорвои худро дар минтақаи марзие мечарронд, ки барои мардуми оддӣ ворид шудан ба он минтақа иҷоза нест.

Гум шудани чорвои бародари раҳбари КДАМ дар ҳолест, ки аз ин пеш сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Фархор гуфтанд, ҳудуди 100 сар чорвои худро намеёбанд.

Ноҳияи Фархор бо ноҳияи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ҳамсарҳад аст ва марзро дар ин минтақа рӯдхонаи Панҷ ҷудо мекунад.

Абдулло Мирзоев, раиси ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти интизомӣ говҳои дишаб аз ҳудуди ҷамоат гумшударо ҷустуҷӯ доранд.

“Гумонбарҳо ҳастанд ва мақомот корбарӣ мекунанд. Дар он ҷо ба фикрам на танҳо говҳои Абдулмӯъмин, балки аз дигарон низ ҳаст”,--гуфт ӯ.

Сокинони деҳаи Кокули Фархор мегӯянд, аз аввали моҳи декабр говҳои онҳо гум мешавад, вале то ҳанӯз ягон сари он пайдо нашудааст.

Аз ҷумла, Гулбаҳор Ораева, сокини деҳаи Кокул, дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки танҳо дар як шаб панҷ гови ӯро рабудаанд.

"Говҳоро ба чаро бурда будем, бегоҳӣ наёфтем. Дар ҳамон ҷо гум шудааст. Баъдан шунидем, ки 3 аспи ҳамсояро низ бурдаанд"--нақл карда буд ӯ.

Баҳром Шокирзода, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯ барои пайдо кардани чорвои гумшуда давом дорад.

Ӯ аз ҳеҷ соҳиби чорвои гумшуда ном набурд, вале гуфт, ки воқеан аз чанд сокини ноҳия дар ин бора ариза дарёфт кардаанд.

«Корҳо барои пайдо кардани чорво давом дорад. Маълумотҳо ҳаст ва рӯзҳои баъд ҳамааш маълум мешавад»,--гуфт ӯ.

Бархе аз сокинон гум шудани чорвои мардумро аз беназорат дар чарогоҳ сар додани онҳо медонанд.

Аксари сокинони Фархор, ки чорвояшонро гум кардаанд, мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд онҳоро ба он сӯйи марз, ба Афғонистон рабудаанд.

Мақомот фарзияи рабуда шудани чорвои сокинон аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистонро тасдиқ намекунанд.

Дар гузашта, ҳодисаҳои рабуда шудани чорвои сокинон дар навоҳи наздимарзӣ аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон зиёд сабт шудааст.

Аз ҷумла, то соли 2012 садҳо сар чорвои сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ба он сӯи марз бурда шуданд. То кунун ҳеҷ ҳолати пайдо ва пас гардонидани чорвои сокинон аз он сӯи марз сабт нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG