Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба Хоманаӣ гуфт, “Дониста гап занед”


Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 17-уми январ бо ишора ба суханронии охири Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, "ӯ бояд дониста гап занад".

Раҳбари олии Эрон рӯзи 17-уми январ ҳангоми намози ҷумъа дар Теҳрон мардуми кишварашро ба ягонагӣ даъват кард ва гуфт, зӯри кишварҳои ғарбӣ барои “ба зону нишондани Эрон” намерасад.

Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, “раҳбари ба истилоҳ муаззами Эрон, ки вақтҳои охир чандон азамате барояш боқӣ намондааст, ҳарфҳои баде дар бораи Амрико ва Аврупо задааст. Иқтисоди онҳо рӯ ба нобуди аст ва мардумашон дар азоб. Ӯ бояд хеле мувозиби ҳарф заданаш бошад”.

Алӣ Хоманаӣ дар хутбаи намози ҷумъаи Теҳрон дар вокуниш ба иқдоми Бритониё, Фаронса ва Олмон барои фаъол кардани механизми ҳали ихтилоф дар тавофуқи барномаи ҳастаии Эрон, ки онро БАРҶОМ меноманд, гуфт, “баъд аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ман гуфтам, ки ба ин кишварҳо эътимод надорам ва онҳо дар хидмати Амрико хоҳанд буд".

Ӯ ин кишварҳоро “подави Амрико” ва ҳақир хонда гуфт, “Амрико, ки арбоби шумо буд, натавонист миллати Эронро ба зонӯ дароварад. Шумо кӯчактар аз он ҳастед, ки битавонед.”

Се кишвари аврупоии шарики БАРҶОМ- Бритониё, Фаронса ва Олмон рӯзи 14-уми январ хабар доданд, ки механизми ҳали ихтилофро алайҳи Теҳрон фаъол мекунанд. Механизме, ки метавонад таҳримҳои дубораи Созмони милали муттаҳидро бар зидди Эрон ҷорӣ кунад.

Эрон пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, раҳбари Сипоҳи Посдорон аз ҷониби Амрико эълон кард, ки аз тавофуқи барномаи ҳастаӣ бо кишварҳои аврупоӣ даст мекашад.

Бритониё, Фаронса ва Олмон дар баёнияе бо ишора ба ин навиштаанд, ки “ба далели иқдомҳои Эрон чорае намондааст, ҷуз ин ки механизми ҳали ихтилофро фаъол кунем”.

Доналд Трамп соли гузашта Амрикоро аз БАРҶОМ хориҷ кард. Ӯ мегӯяд, ин созиш нигарониҳо дар мавриди ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сатҳи минтақа ва барномаҳои мушакии Эронро ҳал намекунад.

Бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон боис шудааст, ки ин кишвар барои фуруши нафти худ дучори мушкил шавад. Дар ҳамин замина Оҷонсии байналмилалии энержӣ рӯзи 16-уми январ гузориши моҳонаи худро нашр кард, ки мегӯяд, дар моҳи декабр содироти нафти Эрон ба 300 ҳазор бушка дар рӯз суқут кардааст. Ин рақам дар даврони пеш аз таҳримҳо 2,5 миллион бушка буд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG