Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафиз Бобоёров: Ҳамбастагӣ барои интихоби ояндае шоиста


Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

НОМА БА ҲАМВАТАНОН

ҲАМБАСТАГӢ БАРОИ ИНТИХОБИ ОЯНДАЕ ШОИСТА

Дар ин нома мухотаби ман ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ аст, ки барои мутолиаи он фаротар аз деворҳои танги фейсбукӣ фазо ва замони муносиб пайдо карда метавонад. Умедворам, ҳар як ҳамватан худро мухотаб дарёбад ва чун хоси ойини номанигорист, ба ин нома ҷавобе, назаре, шубҳае, нақде ва ё пурсише изҳор кунад.

Ин номаро ба унвони ҳар як ҳамватан менависам, то он бигузор баҳона ва имконе барои гуфтугӯи рӯиросту ошкор бошад. Бигузор, он фурсате бошад, ки дар бораи тақдири миллату давлати тоҷик ва дар баробари он, дар бораи тақдири фардӣ ва ҷамъии худамон дар пешорӯйи интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 ва фаротар аз онҳо андеша ва баҳсу баррасӣ намоем. Дар ин нома мехоҳам бештар дар бораи вазъияти кунунии давлату давлатдории миллати тоҷик ва имконияту эҳтимолиятҳои ислоҳу рушди он дар оянда изҳори назар намоям.

Ҳеч кас дар бораи вазъияти имрӯза ва ояндаи худ, атрофиёни худ ва миллату давлати худ наметавонад бетараф бошад. Бовар дорам, ҳар яки мову шумо, бештар аз ҳама, дар бораи нақши худ дар таърихи миллӣ меандешем ва ҳатман нороҳат ҳам мешавем. Кӣ медонад, агар ояндаро бо хирад тарҳрезӣ насозем, таърих бо дасти чӣ касон ва чӣ неруҳое навишта хоҳад шуд. Таърихи тоҷиконро бисёр навиштаанд, вале то ҳанӯз даъвою талаби навиштани лаҳзаҳои муҳими таърихӣ аз байн нарафтааст. Агар даъвоҳои сиёсиро сарфи назар намоем, шинохт ва бозшиносии интиқодии таърих амри табиии илм ҳаст, чун омӯзиши таърих пайваста идома хоҳад кард ва бисёре аз устураҳо ва афсонаҳои сиёсӣ ошкор хоҳанд шуд. Аз ин нигоҳ, ҳеч сарчашмаи таърихие, аз он ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳақиқати мутлақ буда наметавонад, дар акси ҳол, он фарқе аз китобҳои муқаддаси динӣ надорад. Вижагиҳои асосии асари илмӣ-пажӯҳишӣ нақдпазирӣ ва нисбияти он ба шумор мераванд.

Аз ин нуқтаи назар, шахсиятҳои муътабари таърих, чун Исмоили Сомонӣ низ тимсоли пероста бо хостаҳои афсонавӣ ва эътиқодии тоҷикон мебошанд. Хонаводаи Сомониён ба “эҳёи Аҷам” дар сарзамини таърихии тоҷикон, бахусус дар замони ҳукумати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ мусоидат кард, вале минбаъд бо қатли омми Қарматиён дар аҳди писари ӯ – Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ анҷом бахшид.

Бояд аз ин таҷрибаи талхи таърихӣ якҷоя биомӯзем. Ҳукумати хонаводагӣ наметавонад кафили пойдорӣ ва шукуфоии давлат бошад. Чунин ҳукумат ҳатто дар асрҳои миёна, ки барои чунин намуди мудирияти давлатӣ нисбатан созгор буд, пойдору абадӣ намемонд. Дар он асрҳо Осиёи Марказӣ даҳҳо сулолаҳои хонаводагиро аз сар гузаронда, ба фаромӯшхонаи таърих супоридааст. Аксарияти ин сулолаҳо худкомаву саркӯбгар буданд ва мардуми зердастро пайваста ранҷу азият медоданд. Ин ҳукуматҳои хонаводагӣ унсурҳои созандаи тамаддуни тоҷикон ва дигар мардумони ин минтақаро аз байн бурда, онҳоро муҳтоҷу нигарон ва чашмбароҳи таҳоҷумҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангии аҷнабиён карда буданд. Як ба тасвири вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Аморати Бухоро бо қалами Аҳмади Дониш назар андозем. Сулолаи Манғитиён тоҷикон ва дигар мардумони сокини минтақаро ба ҳоле расонда буд, ки дигар дар муқобили ҳуҷуми бегонагон бетарафию бетафовутиро ихтиёр карда буданд. Дар натиҷа чӣ шуд? Баъди сад сол боз дар ҳамон вазъияти таърихие қарор дорем, ки Аҳмади Дониш тасвираш карда буд. Баъди сад сол боз ба ҳамон нуқтаи оғоз баргаштем, гарчанде дар ин байн, бахусус дар тӯли ду даҳсолаи ҳукумати хориҷии болшевикон (1917-1937) ҳазорҳо ҳамватанони мо зиндонӣ, бадарға ва ба қатл расонда шуданд.

Ҳукумати болшевикон ҳамагӣ як давраи кӯтоҳи таърихи фоҷеабори миллатҳои гуногун, аз он ҷумла миллати тоҷик аст. Сарчашмаҳои таърихӣ бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар тӯли асрҳо тоҷикон ва дигар мардумони минтақа гаравгони ҳукуматҳои золим ва худкома буданд. Милёнҳо нафар дар давраи тохтутози арабҳо ва муғулҳо дар асрҳои миёна ба қатл мерасиданд, таҷовуз мешуданд ва боқимонда ба бардаи онҳо табдил меёфтанд. Бадбахтона, мо на ҳамеша аз чунин таҷрибаҳои талхи таърих бахусус дар давлатдорӣ меомӯзем.

Ҳукуматдорони мо давлатдориро ҷиддӣ намегиранд. Давлатдории имрӯзаи тоҷик ба бозӣ монанд шудааст, бозие, ки дар он на қонун, балки иродаи шахсии як нафар ҳукуматдор муҳим аст. Давлатдориро ба иродаи шахсӣ бунёд кардан беоқибат аст. Дар шароити ҷаҳони муосир шахсмеҳварӣ дар давлатдорӣ ду гуна оқибати ногувор метавонад дошта бошад: яке, беназмию бесарусомонии кишварҳои ҷангзадае чун Афғонистон ва дигаре, низоми саркӯбгару диктатурие чун Эрон ва Кореяи Шимолӣ. Ҳеч фарди ватандӯст намехоҳад тақдири талхи мардумони кишварҳои ҷангзада насиби Тоҷикистон гардад. Дар чунин кишварҳо, ҷанг таърих ва қаҳрамонҳои онро месозад, на ақлу дониш.

Режимҳои диктатурии Эрон ва Кореяи Шимолӣ сарватҳои табиӣ, иқтисодӣ ва зеҳнии миллатҳояшонро ғасб ва ғорат кардаанд, то неруҳои низомии худро таъмин намоянд. Вагарна онҳо наметавонанд дар баробари афзоиши эътирозҳои мардум ба нобаробарӣ ва беадолатии сиёсӣ ва иҷтимоӣ пойдор бимонанд. Ҳукумати исломии Эрон бахши бештари нафт ва дигар сарватҳои табииашро барои таъмини неруҳои саркӯбгар истифода мебарад. Садҳо ҳазор нафар дар сафи ин неруҳо ба таври доимӣ ва ё даъватӣ хизмат мекунанд. Даромадҳои нафтӣ бо онҳо ҳисса мешавад, то аз назари моддӣ вобастаи режим бошанд. Дар айни замон, режим аз эҳсосот ва боварҳои динӣ истифода мебарад, то онҳо саркӯбии мардумро чун масъулияти маънавӣ ва динии худ бипазиранд. Ҳамин гуна, дар Кореяи шимолӣ милёнҳо нафар саркӯб мешаванд ва ё аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасанд, то ҳукумати хонаводагӣ давомияташро аз роҳи хароҷоти беҳисоб дар соҳаи ҳарбӣ таъмин намояд.

Тоҷикистон набояд ва ҳам наметавонад чун ин ду кишвар бошад. Пеш аз ҳама, он сарватҳои фаровони табиие чун нафт надорад, ки аз онҳо даромади бедардимиён гирад ва ба манфиати гурӯҳи хурд инҳисор созад. Тоҷикистон қудрати ҳарбӣ ва вазъияти геоҷуғрофие ба мисли Эрону Кореяи Шимолӣ надорад, ки мардумро дар ҳолати доимии тарсу ҳароси пешазҷангӣ бо қудратҳои минтақа ва абарқудратҳои ҷаҳон нигоҳ дорад. Истифодаи усули мудирияти давлатии ин гуна кишварҳо дар Тоҷикистон метавонад умри ҳукуматро дар кӯтоҳмуддат дароз кунад, вале дар дарозмуддат ба омили сарнагунии он табдил ёбад. Аммо чунин табаддулот дар ҳеч сурат на ба манфиати ҳукуматдорони вақт аст ва на ба манфиати миллат ва давлатдории миллӣ. Тадбири кор он аст, ки аз ҳоло ин оқибатҳои номатлубро пешбинӣ карда тавонем ва барои пешгирии онҳо якҷоя кору пайкор созем. Масъулият дар назди давлату миллат моро ба ислоҳоти куллӣ дар ҳама соҳаҳо водор мекунад. Пеш аз ҳама, бояд ҳукумат муносибати худро бо шаҳрвандон дар асоси арзишҳои умумиинсонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монад ва дар ин самт аз усули диктаторӣ даст кашад.

Дар таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон баъзе шабоҳатҳоеро бо низоми диктатурии Эрон ва Кореяи Шимолӣ мушоҳида мекунам. Дар чунин таҳаввулот ҳар як фарди огоҳи ин сарзамин то андозае ҷавобгар аст. Чун ҷомеашинос, ки таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистонро меомӯзам ва бо низомҳои дигари ҷаҳони муосир муқоиса мекунам, шуморо ба холисӣ ва беғаразии назари худ итминон медиҳам. Метавонам чандин мисолҳоеро биёрам, ки аз шабоҳатҳои низомҳои диктаторӣ дарак медиҳанд.

Яке аз онҳо, ки акнун ҳамаро нигарон кардааст, ҷазои ҷамъӣ (коллективӣ) мебошад. Ҳеч қонуне иҷозат намедиҳад ва набояд раво бинад, ки барои ҷурму ҷинояти як шахси болиғ наздикону пайвандони ӯро ҷазо диҳанд. Аммо дар низомҳои диктаторӣ чунин тарзи ҷазои ҷиноӣ, ки аз сохти муносибатҳои қабилавӣ реша мегирад, роиҷ аст. Дар кишвари мо ин ҷазои фароқонунӣ бахусус падару модарон ва занонро ба гаравгони вазъият табдил додааст. Ба ҷои худи айбдоршавандаҳо (муттаҳамон), наздикони онҳо фишори равонӣ мебинанд, таъқиб ва дар зери назорат гирифта ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чунин рафтор хилофи ҳама меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқӣ аст. Ислоҳоти аввалин бояд маҳз дар ҳамин самт сурат гирад. Бигузор, ҳар шахс танҳо худаш барои ҷинояти кардааш дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Дигар шакли ҷазо, ки дар кишварҳои диктаторӣ зиёд амалӣ мешавад, ҷазои сиёсӣ мебошад. Шумори бештари шаҳрвандоне таҳдид, таъқиб, зиндонӣ ва бадарғаю беватан мешаванд, ки назари мухолифи сиёсӣ доранд ва мехоҳанд бо иштироки фаъоли худ дар давлатдорӣ ба тағйиру ислоҳи вазъи мавҷуда саҳм гузоранд. Аммо низомҳои диктаторӣ ба онҳо имкони иштироки осоиштаро намедиҳанд. Бешубҳа, набояд неруҳое, ки хилофи аслҳои демократӣ барои қудрат мубориза мебаранд, ба майдони сиёсӣ роҳ ёбанд, аммо барои мубориза бо онҳо набояд авлавияти қонун сарфи назар гардад. Ҷазои сиёсӣ худ аз худ авлавияти қонунро дар бисёр мавридҳо аз байн мебарад ва чораҳои худсарона ва саркӯбгаронаро ҷойгузини онҳо месозанд.

Барои тақвияти боварӣ дар байни ҳукумат ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, пеш аз ҳама, амалҳои ношоиста ва зидди ҳама гуна арзишҳои инсонӣ ва демократӣ бояд қатъ гарданд. Ҷазоҳои сиёсӣ, аз он ҷумла амалҳои саркӯбгаронаи асримиёнагӣ ва болшевикӣ чун рабоиш, суиқасд, шиканҷа, саҳнасозиҳои пушаймонӣ, иттиҳом (аз он ҷумла иттиҳом ба “хиёнат”) бе қарори додгоҳ, ҳабс ва ҷазои ҷамъӣ дар ҳеч сурат раво нестанд. Масъулияти ҳар яки мо, бахусус ҳукуматдорон, рӯшанфикрон ва пайкоргарон (мухолифон) аст, ки чунин шароитро ислоҳ намоем.

Дар низоми диктатурӣ иттиҳом ба “хиёнат” ба яке аз шадидтарин усули саркӯбӣ (репрессия) табдил меёбад, ки ҳам доираҳои расмии ҳукумат ва ҳам доираҳои ғайрирасмии наздик ба ҳукумат аз он бисёр суиистифода мекунанд. Дуруст мебуд, агар ин иттиҳом ба таври истисно дар салоҳияти Додгоҳи конститутсионӣ қарор медошт ва нафаре танҳо барои амалҳои зиддиконститутсионӣ, аз қабили хоки кишварро ба кишварҳои дигар додан ва ё фурӯхтан ба ин ҷурм ҷавобгар мешуд. Бояд худи иттиҳом ба “хиёнат” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чун ҷиноят муқаррар ва дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дарҷ гардад. Аммо дар воқеият “хиёнат” чун тамғае ба пайкоргарони сиёсӣ ва ҳатто онҳое, ки ин ё он рафтори нодурусти ҳукуматдоронро танқиду сарзаниш мекунанд, баста мешавад.

Бешубҳа, дар аксарияти мавридҳо ҷазои сиёсие, ки дар низомҳои диктаторӣ татбиқ мегардад, асоси ҳуқуқӣ надорад. Аз ин рӯ, қадами минбаъдаи ин гуна низомҳо бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ тобеъ кардани ҳокимияти додгоҳӣ (судӣ) ба иродаи ҳокимияти иҷроия мебошад. Бояд додгоҳ фармоиши ҳокимияти иҷроияро барои сохтану бофтани ҷиноятҳо тибқи Кодекси ҷиноӣ иҷро намояд. Мақомоти марбутаи сохту бофти чунин ҷиноятҳо, аз он ҷумла мақомоти қудратӣ чун милиса, додситонӣ ва додгоҳ ба хулосае мерасанд, ки итоату вафодории онҳо ба ҳукумати иҷроия ба онҳо имтиёз медиҳад, то аз маҳдудаи салоҳиятҳои қонунии худ худсарона берун бароянд. Ҳамин гуна, ҷазои сиёсӣ боис мегардад, ки унсурҳои ҷиноятӣ ба таркиби ин мақомот роҳ меёбанд ва авлавияти қонунро ба хосту ғаразҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ иваз мекунанд. Таъмини авлавияти қонун, аз он ҷумла дар худи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бе барҳам додани ҷазои сиёсӣ ғайриимкон аст.

Ҳар як фарди огоҳ медонад, ки дар системаи додгоҳии Тоҷикистон амалҳое сурат мегиранд, ки хилофи аслҳои адолати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ва меъёрҳои ақлӣ (ратсионалӣ) мебошанд. Якеро барои як “лайк” гузоштан барои муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд, вале як террористро аз Сурия баргардонда, бо гулдаста пешвоз ва аз ҷавобгарӣ озод месозанд. Бешубҳа, корҳое, ки ниҳодҳои давлатӣ дар баргардондани шаҳрвандони тоҷик, ки бо сабабҳои гуногун ба сафи ҳаракатҳои даҳшатафкане чун Давлати исломӣ пайваста буданд ва бахусус занону кӯдакони онҳо, шоистаи таҳсин аст. Новобаста ба ҳама гуна шароит, онҳо бояд баргардонда мешуданд, аммо ин наметавонист онҳоро худ аз худ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод кунад.

Ташвишовар он аст, ки дар мавридҳое онҳоро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд, то ки ҳамчун афзори сиёсӣ истифода баранд. Чунин муносибат на фақат низоми ҳуқуқии давлатро фалаҷу корношоям ва беэътибор месозад, балки арзишҳои ношоистае чун дурӯягӣ, зоҳирпарастӣ ва тамаъкориро тақвият медиҳад. Бахусус, қишрҳои фурсатталаб ва манфиатҷӯ аз чунин низоми фароҳуқуқӣ ва беадолати иҷтимоӣ сӯд мебаранд. Тадриҷан дар ҷомеа тасаввурот ва маънавиёте дастболо мешавад, ки ҳама корҳои хилофи адолати ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро анҷом додан ва дар айни замон бахшида шудан мумкин аст, агар дар зоҳир худро ба хости давлатдорон мувофиқ намоӣ.

Тӯли солҳои охир аз хориҷи кишвар як гурӯҳи мухолифони ҳукумат аз шумори ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ баргардонда ва авф гардиданд. Чунин кор метавонист ба манфиати давлат ва миллати тоҷик тамом шавад, агар он ба хотири манфиатҳои маҳдуди ҳукуматдорон ва атрофиёни онҳо анҷом намепазируфт. Агар дар чунин кори бисёр муҳим доираҳои маҳдуд манфиат намеҷустанд, балки он ба асл (принсип)-и марказии ҳамдигарбахшӣ ва ҳамбастагӣ табдил меёфт. Бояд бидонем, ки вазифадор кардани ниҳодҳои интизомӣ, бахусус раёсати корҳои дохилӣ, ки ба ҷустуҷӯ ва кашфи ҷиноятҳои муташаккил машғул аст, хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавӣ мебошад. Саҳнасозиҳо аз ин мухолифони “авфгардида”, пушаймонии онҳоро расонаӣ кардан ва мухолифату танқидро чун “хиёнат” ва хилофи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ намудан на фақат шаъну шарафи инсонии онҳоро поймол мекунанд, балки инчунин боиси афзоиши норизоятиҳои пӯшида ва ошкори мардум мегарданд. Дар айни замон, мухолифони авфнагардида ва дар хориҷ қарордоштаро ба хулоса мерасонад, ки роҳе ҷуз муборизаи ғайримаданӣ ва тунду ифротӣ вуҷуд надорад.

Ҳамин гуна, ҷазои сиёсӣ ва ҳамчунин ҷазои ҷамъӣ як оқибати бисёр хатарноки дигар ҳам дорад. Ин оқибат ифротишавии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ мебошад. Дар ҳоле ки худи падидаи ифротишавӣ (радикализация) то андозае иттиҳому айбномаи сиёсӣ аст ва аз рӯи он ҷазои ҷиноӣ иҷро мегардад, истисно нест, ки як бахши чашмраси аҳолӣ, бахусус ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба доми фиреби гурӯҳҳою шабакаҳои байналмилалии даҳшатафкан (террористӣ) меафтанд. Иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияю Ироқ ва Афғонистон ва саҳми онҳо дар ташкилу иҷрои амалҳои даҳшатафкан дар дохилу хориҷи кишвар гувоҳи ин аст.

Дар сояи амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумат, ба назари як гурӯҳи мухолифон ифротгароӣ чун шеваи мубориза зарурӣ, муносиб ва таъсиргузор менамояд. Шумори бештари ҷавонон аз рӯи нофаҳмӣ ва дар сари эҳсос ба хулоса мерасанд, ки роҳи ягона ҷиҳод мебошад. Тарғиботи саросарӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла дар мавриди яктарафа баҳо додан ба ҳаракати босмачигарӣ дар оғози асри 20, ҷанги шаҳрвандӣ дар охири он аср ва ҳимоят аз режими саркӯбгари Эрон аз тарафи баъзе гурӯҳҳои мухолифи тоҷик ба чунин натиҷа саҳм мегузоранд. Новобаста ба дасткӯтоҳӣ дар қудрати сиёсӣ, ин гурӯҳҳо бо роҳи равонӣ ва иттилоотӣ мардумро саркӯб мекунанд. Онҳо аз ҳама воситаҳои машруъ ва номашруъ истифода мебаранд: дар фазои иттилоотӣ моҷароҷӯӣ мекунанд, маълумоте паҳн месозанд, ки хусусияти таҳрикдиҳӣ ва иғвоандозӣ дорад, ба сиёҳсозии шахсиятҳое мепардозанд, ки мавқеи идеологии онҳоро намепазиранд, мардумро итминон медиҳанд, ки на фақат ҳукуматдорон, балки инчунин мухолифони дунявӣ бар зидди арзишҳои динӣ ҳастанд ва аз эҳсосоти динӣ ва мазҳабии мардум ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ суиистифода мекунанд. Дар робита ба ҳодисаҳои охири минтақа, бахусус саркӯбиҳои густарда дар Эрон, ин гурӯҳҳо нишон доданд, ки дар муқобили ҳукумати мавҷуда алтернативаи созандае пешниҳод карда наметавонад. Чӣ гуна метавон ба даъвои онҳо дар бораи озодию демократия бовар кард, дар ҳоле ки аз режими саркӯбгари дигар, яъне Ҷумҳурии исломии Эрон сарсахтона ҳимоят мекунанд?

Оппозитсияи созанда бояд ба боварӣ ва иродаи мардуми худ такя кунад. Аммо рафтори фурсатталабонаи гурӯҳҳои алоҳидаи мухолифони тоҷик дар муносибат ба қудратҳои минтақавӣ, чун Эрон ва Русия бори дигар собит мекунад, ки онҳо ба қудрати мардуми кишвар бовар надоранд. Даъватҳои охири ин гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида барои ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро фурсатталабии сиёсие беш намедонам. Баҳсу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки тарафдорони ин пешниҳод бурду бохти Тоҷикистонро дар сурати ворид шудани он ба Иттиҳод наомӯхтаанд, балки аз чунин мавқеъгирӣ манфиати сиёсӣ меҷӯянд. Мавқеъгирии онҳоро наметавон самимона гуфт, куҷо расад ба омӯзиши ҳаматарафаи бурду бохтҳо.

Зиёда аз як милён тоҷику тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва аз он ҳисоб зиндагии худ ва хонаводаҳои худро дар ватан таъмин менамоянд. Дар баробари сохтани ҷойҳои нави корӣ дар ватан, осон кардани шароит ва муқаррароти будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русия бояд дар авлавияти кори ҳукумат қарор дошта бошад. Аз ин нуқтаи назар, пеш аз тасмим гирифтан бояд бурду бохтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ворид шудан ва ё ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳаматарафа омӯхта шаванд. То ҳанӯз пешниҳоду фарзияҳои коршиносону сиёсатмадорони тоҷик боварибахш набуда, балки ба тахмину гумонҳои онҳо асос ёфтаанд.

Аммо аз қазияи ворид шудан ва ё ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дида, масъалаи дигаре муҳимтар аст, ки боварӣ ба худ, ба имкониятҳои зеҳнӣ ва сиёсию иҷтимоии мардуми худ барои тағйири вазъ мебошад. Тоҷикон дар тӯли таърихи тӯлонии аз сиёсат канор рафтани худ ин гуна худбовариро аз даст додаанд. Аз як тараф, ҳукуматҳои хонаводагӣ ва аз тарафи дигар, зиёиёне, ки хизмати ин ҳукуматҳоро мекарданд, худбоварии ин мардум ва нухбагони онро куштанд. Ҳимоят аз низомҳои саркӯбгаре чун Эрон ва ё даъвати пайвастан ба иттиҳодияҳои байнидавлатӣ чун ойина ҳамин заъфро ба намоиш гузоштааст. Гурӯҳҳои алоҳидаи тоҷикон, ки даъвои ҳукумат мекунанд, ба имкониятҳои худ ва мардуми худ бовар надоранд, аз ин рӯ, аз низомҳои худкома ва диктатурии дигар мадад меҷӯянд.

Аз як тараф, нобоварӣ ба қудрату имкониятҳои дохилии худ ва аз тарафи дигар, саркӯбии мардум на фақат натиҷаи дилхоҳ дар дарозмуддат намедиҳанд, балки инчунин оқибатҳои бадтаре ба бор меоранд. Шумори бештари норизоён ва пайкоргарон ба гурӯҳҳои тундгаро мепайванданд, чун бо сабаби тасаввуроти маҳдуд гумон мекунанд роҳи беҳтари мубориза ва муколама вуҷуд надорад. Тақрибан ҳамаи низомҳои саркӯбгари ҷаҳон, бахусус кишварҳои Шарқи мусулмонӣ дар натиҷаи чунин саркӯбиҳо ба инқилобу зӯровариҳои хунин расидаанд.

Дар низоми сиёсии мардумсолор (демократӣ) омилҳои гуногуни ифротгароӣ (радикализм) ва тундгароӣ (экстремизм) ошкор ва ислоҳ карда мешаванд. Баръакс, низоми диктаторӣ мекӯшад, пеш аз ҳама, масъулияти ин падидаҳоро аз дӯши худ сабук созад. Омилҳои мусоидаткунандаи ифротгароию тундгароӣ, чун бекорӣ, вазъи бади илму маориф, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, фасод (коррупсия), маҳалгароӣ, авлодмеҳварӣ, маҳдудиятҳои марбут ба озодии баёну ҷамъомад ва сиёсати нодурусти кадрӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳукумат, ки бевосита аз мудирияти нодурусти давлатӣ сарчашма мегиранд, сарфи назар карда мешаванд. Барои ҳамин, дар ифротишавии ҷавонон бештар омили муҳоҷирати меҳнатӣ ва бахусус “гумроҳӣ”-и идеологӣ, ки худ бештар иттиҳоми сиёсию идеологӣ ва яктарафа аст, дида мешавад. Ҳамин аст, ки дар доираҳои расмӣ ба хулосаи нодуруст ва ғайриилмӣ мерасанд, ки “ҷавонони мо гумроҳ шуда, ба роҳи нодуруст мераванд.” Бо ин, худро тасалло ва оромиши хотир дода, аз пайи ислоҳи омилҳои асосии ифротгароӣ ва тундгароӣ намешаванд, ки ба мудирияти носозгори давлатӣ ва беадолатии иҷтимоӣ марбутанд.

Мо худро фиреб медиҳем, аммо равандҳои таърихӣ дар ҷараёнанд. Ҳукуматдорони мо “гумроҳӣ”-и ҷавононро мехоҳанд бо маърузаҳои идеологии худ ва ташкили гурӯҳҳои корию ҳизбӣ (чун дар замони Шӯравӣ) дар ин самт ислоҳ намоянд. Вале омилҳои асосӣ боқӣ монда, чун саратон тамоми ҷомеаро мепечонанд.

Дар ҳоле ки барои ислоҳи бунёдии вазъ барномаҳои мушаххас, мукаммал ва соҳавӣ намерасанд, иродаи сиёсӣ низ заиф аст, то барои рафъи мушкилоти марбут мудирияти дурусти давлатӣ ба роҳ монда шавад. Дар вазъияти кунунии Тоҷикистон иродаи сиёсӣ аз ҳамаи мо фидокорӣ ва азхудгузаштагӣ металабад.

Равшангарону равшанфикрон, аз қабили донишмандону ҳунармандон ва рӯзноманигорон бояд бе тарсу мулоҳиза вориди майдони кору пайкори сиёсӣ гарданд. Барои пинҳон кардани тарси худ, аҳли адабу фарҳанги тоҷик дар тӯли таърих матлаби худро дар қабои шеър пинҳон медоштанд, бо ахлоқи тасаввуфии сабру қаноат ва шукр худро аз иштироки фаъоли сиёсӣ дур мегирифтанд ва ё интизори тағйири вазъ бо дасти қувваҳои берунӣ менишастанд. Ин воқеиятро, масалан, Низомулмулк дар “Сиёсатнома” дар мавриди аҳли илму адаби аҳди охири Сомониён зикр мекунад, ки чашм ба роҳи Маҳмуди Ғазнавӣ буданд.

Албатта, маломату накӯҳиш кардани аҳли илму адаб ва ҳунари тоҷик гурез аз воқеият ва тафсири яктарафаи он хоҳад буд. Ҳанӯз ҳам шумори рӯшанфикрон, фаъолони шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорон, ки мехоҳанд вазъиятро ислоҳ ва беҳбуд бахшанд, кам нестанд. Фаъолияти созандаи онҳо метавонад азму ирода ва неруи мардумиро тақвият бахшида, ба самти созандагӣ равона гардонад.

Қонунҳои навишта ва нонавиштаи низоми диктаторӣ ба ҳукуматдорони мо иродаи мутлақи сиёсӣ бахшидаанд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон салоҳият дорад, аксарияти масъулони калидӣ дар шохаҳо ва зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз он ҷумла вазирон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, додситонҳою додрасҳо ва намояндагони мардумиро таъйин намояд. Ҳамин салоҳияти таъйинотӣ яке аз сабабҳои асосии ташаккули низоми диктаторӣ аст. Барои он ки миллати тоҷик ба сӯйи ислоҳоти ҷиддӣ ва бунёдии сиёсӣ гом бардорад, пеш аз ҳама, Конститутсия бояд таъйиноту гумориши бисёре аз масъулонро аз роҳи интихобот ба ихтиёри мардум гузорад.

Як қисми ҳукуматдорону зиёиён баҳона пеш меоранд, ки мардум ҳанӯз омода нест, чун моҳияти арзишҳое чун озодӣ, демократия, интихоботи озод ва монанди инҳоро пурра дарк намекунанд. Онҳо ба воқеияти мудҳиши солҳои 1990-ум ишорат мекунанд, ки мардум озодиро чун бебандуборӣ ва бемасъулиятӣ дарёфта буданд. Дар он солҳо мардум интихоби худро ба доираҳои маҳаллӣ ва мазҳабии худ маҳдуд мекарданд, ки ба зудӣ ба яке аз омилҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.

Дар асл, маърифати сиёсии мардумро бе ислоҳоти сиёсӣ наметавон баланд бардошт. Маҳалгароӣ ва мазҳабмеҳвариро наметавон танҳо бо тарбияи ахлоқӣ, бо шеър ва ё саҳнаи театрӣ маҳдуд ва ислоҳ кард. Барои ин, ба ҷуз шоистасолорӣ дар интихоби кадрҳо, ислоҳоти куллии низоми давлатдории Тоҷикистон – гузариш аз идораи президентӣ ба идораи анҷуманӣ (парлумонӣ) зарур аст. Барномаи чунин ислоҳотро метавон якҷоя бо донишмандону мутахассисон таҳия ва дар зимни муҳокимаи васеи мардум қабул кард ва дар асоси он дар Конститутсия ва қонунҳои марбутаи кишвар тағйиру ислоҳот ворид намуд.

Фаҳмиши мардум доир ба арзишҳои ҷомеаи мардумсолор бояд ташаккул ёбад. Дар ин раванд, корҳои рӯшангарӣ ва иродаи сиёсӣ метавонанд ба бознигарии чандин мавзӯи ҳассоси таърихи навини тоҷик, аз он ҷумла Ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат кунанд. Набояд дигар аз ин ҷанги хонумонсӯз чун аслиҳаи сиёсӣ истифода бурд. Ин фикр хатост, ки пайваста тарс додани мардум, бахусус насли нав, ки аз он ҷанг хотираи зиндае надоранд, корагар ва таъсиргузор хоҳад буд, яъне онҳо аз тарси ҷанг ба кору пайкори (беозори) сиёсӣ иқдом нахоҳанд кард.

Иштироки сиёсӣ на ба омилҳое чун тарси ҷанг, балки ба сатҳи огоҳии мардум вобаста аст. Дар замони муосир на фақат мактабу маориф, балки махсусан технологияҳои иттилоотӣ ва интернет саҳми афзоянда дар ташаккули огоҳӣ ва мавқеи сиёсию шаҳрвандӣ доранд. Ҳеч амали пешгирикунанда ва монеасозе чун масдуд кардани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъсиргузор нахоҳад буд. Донишомӯзӣ ба инсон тавони шинохти мустақилонаи ҳақиқат ва дар натиҷа ҷуръат ва иродаи иштироки сиёсӣ мебахшад. Ҳеч кас пеши роҳи ин раванди бебозгаштро гирифта наметавонад, чун аз дониш дида тавоноии бартаре вуҷуд надорад. Танҳо бо иродаи неки рӯшангарӣ ва сиёсӣ метавон ин ҷунбишро ба самти созанда равона кард.

Агар дарёро соҳилбандӣ насозанд, дар мавсими фаровонии об аз маҷро берун меравад ва ҳар ободиеро, ки аз пеши роҳаш барояд, вайрон мекунад. Ҷавонон низ ҳамин гуна рӯҳи саркаш доранд, ки бархӯрди саркӯбгаронаи ҳукумат боиси афзоиши ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни онҳо мегардад. Вале фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар сиёсат онҳоро дар маҷрои созандагӣ нигоҳ медорад.

Дигар ҷавонон ояндаи миллат не, балки кайҳо воқеияти кунунии давлату ҳукумат ва майдони муборизаю пайкорро ташкил медиҳанд. Бояд бипазирем, ки дигар фурсати кӯҳнакорону кӯҳнаандешон сар омадааст. Онҳо гумон мекунанд ва ин гумонашонро ба воқеият табдил доданд, ки давлатдорӣ аз хоҷагидории колхозу совхоз фарқ надорад. Шояд дар хоҷагии деҳотӣ шавад бо муомила ва додугирифти хешутаборӣ ва маҳаллӣ раёсат карду кореро пеш бурд. Аммо давлатдорӣ моҳияти фаротару фарогиртар дорад. Барои он иродаи сиёсие бояд дошт, ки ҳамаи шаҳрвандони кишварро ба хонавода ва ҳаммаҳали худ баробар шуморӣ. Миллат (нация), пеш аз ҳама, мафҳуми ҳуқуқӣ буда, фарогири ҳамаи шаҳрвандони кишвар, новобаста ба тааллуқиятҳои қавмӣ, мазҳабӣ, ҷинсӣ ва нажодии онҳо мебошад. Аз ин ҷо тафовут дар байни миллат ва қавм (этничество), миллат ва дину мазҳаб ва монанди инҳо ошкор мегардад. Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандонаш ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои баробар додаанд. Ба ифодае, онҳо аҳли як хонаводаи бузург мебошанд. Ҳукуматдорон бояд онҳоро чун пайвандону ҳамвандони худ қабул кунанд, чуноне ки падару модар фарзандонашро.

Дар Тоҷикистон чунин шинохт ва корбурди ҳуқуқӣ ё худ шаҳрвандии миллат дар амал вуҷуд надорад. Ин мафҳумро гоҳо ба категорияи қавм ё қавмият ҳамсон мешуморанд ва дар амал бошад, ба маҳаллу авлод маҳдуд месозанд. Сабаби густариши сиёсати нодурусти кадрӣ, фасод (коррупсия) ва инҳисор (монополия)-и манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ба чунин шинохту корбурд вобаста аст. Барои ҳамин, панду андарз ва гӯшзаду гӯшмоли ахлоқӣ наметавонад маҳалгароию авлодмеҳвариро аз байн барад.

Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон, ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробар нестанд. Тааллуқият ба маҳаллу авлод ва вафодорӣ ба Пешво як тоифаи хурди ҳукуматдорон ва соҳибкорону тоҷирони худхондаро ба синфи имтиёздори ҷомеа табдил додааст. Ислоҳи вазъ, аз он ҷумла рафъи фасод ва инҳисори бахшҳои бузурги идораи сиёсӣ ва истеҳсолию тиҷоратӣ бояд аз ин доира шуруъ шавад. Танҳо аз ҳамин роҳ метавон ба ҳадафҳои муайяни рушди босубот расид. Танҳо бо ислоҳоти куллӣ метавон миллату давлатро аз сатҳи ношоиста ба мақоми сазовори рушд боло бурд. Танҳо бо роҳи муборизаи беамон бар зидди фасоду инҳисори сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварҳои осиёие чун Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур аз кишварҳои қафомондаи кишоварзӣ ба давлатҳои пешрафтаи саноатӣ табдил ёфтанд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон номи неки худро дар саҳифаи таърих навишт. Роҳҳои дигар, аз он ҷумла ҳукумати хонаводагӣ фиреби назар ва чораҳои гузарандаю нопойдоранд.

Рушди босуботи кишвар танҳо аз роҳи боло гузоштани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии ҳукуматдорон ва қудратмандон таъмин мегардад. Манфиатҳои миллӣ бояд ҳамеша болотар аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ бошанд. Гурӯҳҳои манфиатдор, ки бо сабаби мудирияти нодурусти муносибатҳои сиёсӣ дар ҳукумат ҷамъ омадаанд, дар бораи ояндаи кишвар ва вазъи он дар дарозмуддат андеша намекунанд. Онҳо ё дониста ва ё надониста манфиатҳои кӯтоҳмуддати худро чун манфиатҳои миллӣ ҷилва медиҳанд. Аз ин гуна муносибати маҳдуд ва зидди манфиатҳои миллӣ фаҳмиши хатое шакл гирифтааст, ки ҳукуматро бо давлат ҳаммаъно месозад. Дар асл, ҳукумат як бахши миллат мебошад, ки барои муҳлати муайян, вале муваққатӣ боварии миллатро барои идораи давлат ё худ дастгоҳи идории рушди миллӣ аз роҳи интихоботи демократӣ ба даст овардааст. Дар ин муҳлат ҳукумат вазифадор аст, ки ба паймону нишондодҳои қарордодии рушд ноил гардад ва бо тамом шудани фурсати дар ихтиёрдошта ва ё аз даст додани боварии миллат табдили ҳукуматро ба иродаи миллат вогузор кунад.

Миллати тоҷик набояд давлатдории худро бар асоси аслҳои қабилавӣ ва мазҳабӣ бунёд кунад. Тағйирёбии қудрати сиёсӣ, аниқтараш ҳукумат аз роҳи интихоботи демократӣ ва мусоидати рӯшанфикрон, ҳукуматдорон ва пайкоргарони таъсиргузор ба ин раванд метавонад ба имконияти таърихӣ ва гардиши куллӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон табдил ёбад. Иродаи сиёсии ҳукуматдорони кунунӣ метавонад роҳро барои неруҳои солим ва созандаи сиёсӣ кушояд, ки дар навбати худ метавонанд амнияти миллӣ ва давлатиро таъмин созанд.

Дар ин нома, ки мухотабаш ҳамватанон ҳастанд, бори дигар хостам қудрату имкониятҳои онҳоро барои тағйиру ислоҳи вазъ баён намоям. Иродаи мардум асоси ҳама тағйироту дигаргуниҳо дар низоми давлатдорӣ ва вазъияти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа аст, на иродаи гурӯҳҳои имтиёздоре, ки дар дили мардум тухми тарсу ноумедӣ ва нобоварӣ мекоранд, то манфиатҳои маҳдуди худро ба даст оранд. Дар айни замон, ҳукуматдорон метавонанд ба тақвияти иродаи мардум саҳм гузоранд. Барои ин, онҳо бояд дастикам аз шахсмеҳварӣ ва авлодмеҳварӣ дар идораи давлатӣ ва аз иттиҳоми сиёсӣ ва ҷазои ҷамъӣ дар муборизаи сиёсӣ даст кашанд. Нақши рӯшанфикрон низ дар ташаккули огоҳӣ ва мавқеи сиёсии мардум низ бисёр муҳим аст, ба шарте ки худи онҳо аз сиёсат дурӣ наҷӯянд ва онро кори истисноии палидон нашуморанд. Огоҳӣ ва мавқеи сиёсӣ муборизаи моҷароҷӯёна, манфиатталабона ва бемасъулиятона барои қудрат нест. Балки он шинохту қадрдонӣ ва ҳимоят аз арзишҳое чун озодӣ ва демократия мебошад. Он бовар ба худ, ба имкониятҳои зеҳнӣ ва сиёсию иҷтимоии худ барои тағйири вазъи мавҷуда мебошад. Огоҳӣ ва мавқеи сиёсӣ иштироки фаъол дар сиёсат барои ба даст овардани ҷойгоҳи шоистаи худ ҳамчун инсон дар ҷомеа ва ҳамчун миллат дар ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, дар ин нома мухотаби ман ҳамаи онҳоест, ки ба қудрату имкониятҳои худ бовар доранд ва ба ҳамбастагӣ дар роҳи тағйиру беҳбуди вазъ ва эҷоди шароит барои ояндаи шоиста омода ҳастанд.

Ҳафиз Бобоёров
Январи соли 2020

Бознашр аз сафҳаи муаллиф дар Фейсбук

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG