Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падарро аз Русия ронданд, зану фарзандаш монд. ВИДЕО


Ҳайдаралӣ Қурбонов, сокини 55-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ду сол боз бо ҳамсару фарзандонаш танҳо ба воситаи телефон суҳбат мекунад. Ба фарқ аз ҳазорон муҳоҷир, Ҳайдаралӣ Қурбонов дар Тоҷикистон аст ва ҳамсару се фарзандаш дар Русия қарор доранд. Ӯро охири соли 2017 аз Русия рондаанд.

Мақомоти Русия ҳар сари чанд вақт баъзе аз муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи поймол кардани қоидаи будубош ё қонуншикании дигар ихроҷ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ин ҳолатро ба ҳайси фишор ба ҷониби Тоҷикистон истифода мекунанд. Ҳоло ба мисли Қурбоналӣ Ҳайдаров беш 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.

"Аз ҳама чизи мушкил дар зиндагии одам ҳамин аст, ки аз зану фарзанд зиндаҷудо бошӣ," – мегӯяд Қурбоналӣ Ҳайдаров. Ин сокини ноҳияи Ҷайҳун дар хонаи хоҳараш зиндагӣ дорад. Соҳиби ду ихтисоси сохтмонӣ аст, вале наметавонад кор пайдо кунад.

Ҳайдаралӣ Қурбонов аз соли 2007 дар Русия бо хонаводааш зиндагӣ мекард, аммо охири соли 2017-ум ихроҷ карданд. Дар онҷо ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ буд ва мегӯяд, қонуншикание накардааст ва ҳуҷҷатҳояш дуруст буданд: "Танҳо як ҷарима насупорида будааст. Онро бояд корхона месупорид. Нозирони роҳ диданд, ки 500 рубл ҷарима носупорида аст ва маро ихроҷ карданд."

Падарро аз Русия ронданд, зану фарзандаш монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Баъд аз ихроҷи Қурбонов, фарзандонаш барои идомаи таҳсил дар Русия монданд ва ҳамсараш бо фарзандон аст.

Азамат Қурбонова, ҳамсари Ҳайдаралӣ Қурбонов мегӯяд, "бе шавҳар дар инҷо мушкил аст. Пули иҷораи хонаро додан лозим аст. Пули мактаб аст. Ба хотири фарзандон дар инҷо истодем. Ҳарчанд мушкил аст, ба хотири ояндаи фарзандон, сабр мекунем. Дар ҳамин ҷо хонданд ва ба коллеҷ дохил шуданд, гуфтем дипломро гиранд."

Мақомоти Русия дар масъалаи ихроҷи муҳоҷирон худро ҳамеша ҳақ шумурдаанд. Онҳо мегӯянд, ин гуруҳи муҳоҷирон танҳо барои эҳтиром нагузоштан ба қонунҳои Русия ронда шудаанд. Муҳоҷирон аз қарори ноодилонаи ихроҷ ва мурофиаҳои, ба гуфтаи онҳо, сохта шикоят мекунанд.

Ҳайдаралӣ Қурбонов мегӯяд, агар дар Тоҷикистон ҷойи кор медошт шояд мушкилаш камтар мешуд.

Дар панҷ соли ахир мисли Ҳайдаралӣ беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд ва барои солҳо ҳаққи бозгашт надоранд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи афви муҳоҷирони ихроҷшударо бо ҷониби Русия дар миён гузоштаанд, аммо ҷониби Русия ҳанӯз тасмими ниҳоияшро дар ин бора эълон накардааст. Русия соли 2017 ҳазорҳо муҳоҷирро афв карда буд.

Аксар хонаводаҳои тоҷик аз Русия вобастагии зиёд доранд ва муҳоҷират зиндагии онҳоро мечархонад. Бино ба гузоришҳо дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ин рақамро беш аз 400 ҳазор медонанд.​

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG