Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 80 муҳоҷири тоҷик. Каромат Шарипов: "Решаи мушкил сиёсӣ аст". САДО


Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Владимир 80 муҳоҷири тоҷикро бо гумони нақзи қоидаҳои будубош дастгир кардаанд. Мақомот мегӯянд, муҳоҷирон иҷозаи кору иқомат надоштанд ва аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Наздикони баъзе муҳоҷирон мегӯянд, онҳо чанд иштибоҳи "техникӣ" кардаанд, ки дар ивази он ихроҷ аз Русия "ҷазои сахтест".

Муҳоҷирони боздоштшуда асосан дар сохтмон ва анбори маҳсулот кор мекарданд.

Одил Дӯстов аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ талош дошт, ба баъзе аз ҳамдеҳагонаш, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд, кумак кунад, вале муваффақ нашуд. Дар миёни 80 муҳоҷири боздоштшуда дар шаҳри Владимир 18 нафар аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳастанд.

Дӯстов рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ихроҷи аксари онҳо бо баҳонаҳои ночиз сурат мегирад. Ба мисли, ҳангоми тафтиш қарор надоштани муҳоҷир дар ҷое, ки барои истиқомати доимӣ сабти ном шудааст.

"Шароиташон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ хуб нест. Ҳатто барояшон ғизо бурда намешавад. Гуфтанд, ки барояшон худатон билети ҳавопаймо харед. Мо ҳозир барои шаш нафар мехоҳем билет харем, ки ба ватан баргарданд," -- афзуд ӯ.

Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Русия бо ҳадафи ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳри Владимир тафтиши сартосариро оғоз кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз боздошти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Владимир хабар доранд.

80 муҳоҷири тоҷик дар остонаи ихроҷ аз Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 4-уми сентябр гуфт, бо мақомоти ин шаҳр дар тамос буданд.

Ба қавли Аҳмадӣ, мақомоти шаҳри Владимир гуфтаанд, он муҳоҷироне боздошт шуданд, ки қонуни Русияро нақз кардаанд. "Барои ҳимоя аз манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон омода ҳастем. Агар воқеан беадолатӣ бошад, кӯшиш мекунем, ки ҳимоя кунем. Аммо агар қонушиканӣ бошад, пас, меъёри қонун барои ҳама як аст," -- гуфт ӯ.

Дар чаҳор соли ахир, пас аз он ки барои муҳоҷирони тоҷик патент ё иҷоза барои кор ҳатмӣ шуд, ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо баҳонаи надоштани санад ва нақзи қоидаи буду бош боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия парвандаи муҳоҷиронро даста-даста баррасӣ мекунад ва баъзан ҳукми ихроҷ бе ҳузури онҳо хонда мешавад.

Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки худаш ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд, мегӯяд, маъракаи берун кардани муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар суръати бештар пайдо кардааст. Ӯ гуфт, ҳар моҳ садҳо муҳоҷир аз гӯшаҳои гуногуни Русия ихроҷ мешаванд ва ҳоло аз се як дар сади собиқ муҳоҷирони тоҷик тамғаи "мамнуъулвуруд" ба Русияро доранд.

"Решаи мушкил сиёсӣ аст. Русия бо ин баҳона мехоҳад ба Тоҷикистон фишор орад, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад. Ишора ҳам мекунанд, ки мушил дар ҳамин аст. Тоҷикистон ё барои шаҳрвандонаш ҷойи кори дуруст фароҳам мекунад, роҳи дигари муҳоҷиратро меёбад ё роҳи дифоъ аз ҳаққи шаҳрвандонашро дар Русия пайдо мекунад ва ё ба ин Иттиҳод шомил мешавад. Барои сабукии кору зиндагии шаҳрвандони кишвар бояд роҳе пайдо кунанд," -- гуфт ӯ.

Аксари сокинони Тоҷикистон рӯзии худро аз ҳисоби кор дар Русия пайдо мекунанд. Ба баъзе ҳисобҳо беш аз як миллион ва бино ба ҳисобҳои расмӣ ҳудуди ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар сафар мекунанд.

Дар пайи дигаргунӣ дар қонуни муҳоҷират дар чаҳор соли ахир беш 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд ва барои солҳои тӯлонӣ ҳаққи вурудро надоранд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, моҳи апрели имсол Эмомалӣ Раҳмон дар Русия бо Владимир Путин мавзӯи афви муҳоҷиронро матраҳ кардааст.

Ҳанӯз тарҳи масъалаи афви муҳоҷирон дар Русия ниҳоӣ нест, вале ихроҷи онҳо низ қатъ нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (19)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG