Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз интихобот то вазъи зиндагии мардум. Баҳси раҳбарони 7 ҳизби Тоҷикистон. ВИДЕО


Гуфтумони сари мизи гирд
Гуфтумони сари мизи гирд

Нахустин дебат ё баҳси раҳбарон ва намояндагони 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар ростои интихоботи порлумонии 1-уми март.

  • Оё интихобот шаффоф ва одилона хоҳад гузашт?
  • Беҳизбӣ шудани кумисюнҳои интихоботӣ беғаразии онҳоро таъмин мекунад?
  • Наход раиси ояндаи порлумон аз ҳоло маълум бошад?
  • Ҳизбҳо мушкилоти мардумро медонанд?
  • Нархҳо, андозҳо, маошҳо чӣ гуна мешаванд?
  • Муҳоҷирати корӣ ба поён мерасад?
  • Ба маҳрум будани Ҳизби наҳзати исломӣ аз ширкат дар ин интихобот чӣ назар доред?
  • Тоҷикистон узви Иттиҳоди АвруОсиё мешавад?
  • Оё нигилизми сиёсӣ барои интихобот хуб аст ё бад?

Ин ва дигар пурсишҳо дар аввалин баҳси мизи гирди Радиои Озодӣ бо ширкати

Мирзоанвар Аҳмедов, муовини раиси Ҳизби аграрӣ,

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон,

Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ,

Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунист,

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ,

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва

Бахтовар Сафарзода, раиси фраксияи Ҳизби халқии демократӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

баррасӣ шуданд.

Бахши умдаи суолҳоро хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ додаанд. Навори пурраи ин баҳси пурмуҳтаво ва гоҳе тезутунд рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми феврал, дар сомонаҳои Радиои Озодӣ ва саҳифаи он дар Ютюб пахш хоҳад гашт. Чашмбароҳ бошед. Ба зудӣ!

Баҳси раҳбарони ҳафт ҳизби Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
XS
SM
MD
LG