Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вафодорӣ ё тавонмандӣ: Тағйироти ахири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон чӣ маъно дорад?


24 январ, ҷаласа бо иштироки мақомдороне, ки ба вазифаҳои нав таъин мешаванд
24 январ, ҷаласа бо иштироки мақомдороне, ки ба вазифаҳои нав таъин мешаванд

Соли 2020 барои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷобаҷогузории кадрӣ оғоз шуд. Аммо дар баробари навсозии ҳайати ҳукумат ҳамчунин ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа аксари таъиншудаҳо ҳамагӣ ҷойи пешини худро тағйир доданд.

Бархе коршиносон инро як таҷрибаи маъмулии мудирияти давлат медонанд, баъзеи дигар инро як нишонаи рӯшани қудратгаройӣ ва набуди имкони ҷалб шудани чеҳраҳои нав ба низом медонанд.

«Ҷойивазкунӣ дар миёни худиҳо»

Мувофиқи фармони нави президент ва қарорҳои ҳукумат аз 24 ва 27 январи соли равон, дар ҳукумати Тоҷикистон ҷобаҷогузорӣ сурат гирифт, ки Радио Озодӣ ҳам хабар дода буд.

Тағйирот аз он ҷиҳат таваҷҷуҳбарангез буд, ки дарҳол баъди баргузории ҷаласаи васеи ҳукумат сурат гирифт, ки дар он фаъоляти як соли охири ҳукумат натиҷагирӣ шуд. Ин тағйирот ба вазирони маорифу илм, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаҳои давлатии телевизиону радио, ҷавонону варзишу сайёҳӣ марбут шуд, ки умдатан соҳаҳои дигареро раҳбарӣ мекарданд ё мансабҳои баланди дигареро ба даст меоварданд.


Дар фармонҳо ҳамчунин чеҳраҳое низ буданд, ки бо шарҳи “гузаштан ба кори дигар” барканор шуданд, вале пештар аз ҳисоби ҳизби ҳоким номзад ба вакилӣ шуда буданд. Масалан, Нуриддин Саид аз вазифаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ таъин шуд. Дар ин мақом ӯ ба ҷойи Муҳаммадсаид Шоҳиён омад, ки дувумӣ раиси идораи “Тоҷикфилм” шуд. Ё Неъматулло Ҳикматуллозода, ки аз вазирии рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон озод гардид, ёрдамчии президент дар умури иқтисодӣ таъин шуд. Ба мақоми ӯ Завқӣ Завқизода - муовини пешинаш омад.


Дар ҳамин ҳол коршиносони мустақил ин таъинотро мавриди интиқод қарор доданд ва онро ҷавобгӯи чолишҳои муосир намедонанд. “Барои он ки мо рушд кунем, зарур аст, ки ҳирфаиҳо, хатмкардаҳои донишгоҳҳои ғарбӣ ва дигар кишварҳоро ҷалб кунем. Дар ғайри сурат, рушд нахоҳем кард”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров. Ӯ ба ин бовар аст, ки аз таъин кардани ин ё он чеҳра дар мансабҳои гуногун умедвори беҳбудӣ шудан нашояд.

Кадрҳо куҷо мераванд

Бояд гуфт, ки давлат ба омода кардани кадрҳо таваҷҷӯҳи мушаххасе дорад. Ҳамасола бо саҳмияҳои давлатӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ бештар аз 800 донишҷӯ аз Тоҷикистон равон карда мешавад. Соли гузашта, тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, 830 саҳмия дар донишгоҳҳои хориҷӣ ихтисос дода шуд, аз ҷумла 182 - дар Чин, 50 - дар Қазоқистон, 50 - дар Қирғизистон, 20 - дар Украина ва 8 - дар Белорус. Наздик ба 600 саҳмияи дигари таҳсил донишгоҳҳои Русияро дар бар мегирад.

Ба ҷуз ин, бештари донишҷӯёни тоҷик бо дарёфти ёриҳои созмонҳои гуногун дар донишгоҳҳои ғарбӣ низ таҳсил мекунанд. Аммо бештари хатмкардаҳои ин донишгоҳҳо на танҳо ба сохторҳои ҳукуматӣ роҳ намеёбанд, балки ба кишвар ҳам барнамегарданд.


«Дар ҳукумат аксар вақт мегуфтанд, ки ба мо кадрҳои содиқ ва босавод намерасад, аммо инсонҳои дорои маълумоти хуб зиёд намеистанд, зеро маош хеле кам аст ва аз ҷониби дигар, барои мутахассисон кор ёфтан дар созмонҳои байналмилалӣ ва ё тарки кишвар осонтар аст”, - мегӯяд коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов.


Маоши миёна дар бахши хидмати давлатӣ, тибқи маълумоти Агентии хидмати давлатӣ дар соли 2018 - 1 ҳазору 35,7 сомонӣ ва ё 130 доллар (тибқи қурби ҷорӣ)-ро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Муллоҷонов, ин маошро мутахассиси ҷавони аз минтақа омада барои иҷораи хона мепардозад, аммо барои масрафҳои дигари зиндагӣ намерасад. Дар натиҷа, маҷбур мешавад ба шеваҳои гуногуни фасод рӯй орад ва ё ҷойи нави кор ҷустуҷӯ намоянд.

Навсозиҳо сурат мегиранд

Сарфи назар аз ин коршиносон зикр мекунанд, навшавии кадрҳо дар кишвар аз ҳисоби насли пасошӯравӣ сурат мегирад. «Даврони кадрҳои давлатии шӯравӣ ба охир расид ва табиист, ки ҷояшонро онҳое мегиранд, ки дар даврони пасошӯравӣ таҳсил кардаву ташаккул ёфтаанд. Аммо мушкилот сари ин аст, ки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ сатҳи маориф ва фарҳанг ба нафъи ҷавонон тағйир накардаст», - зикр мекунад коршиноси дигари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло. Ӯ таъкид мекунад, ки муайян кардани омилҳое, ки тибқи онҳо кадрҳо ба ҳукумат роҳ меёбанд, мушкил аст, аммо аз салоҳият ва тавонмандии посухгӯии онҳо ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир суботи ояндаи ҷомеа ҳам бастагӣ дорад.

Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки сиёсати мавҷуда дар бахши кадрҳо бо он фарқ мекунад, ки агар корманди давлатӣ хатоҳои бад накарда ба сиёсати имрӯза содиқ бошад, дар низом боқӣ монда, мансабҳои дигар мегирад.

Вафодорӣ - омили калидӣ

Аммо қаблан бисёри соҳибмансабони раддаи боло, ки исмашон дар робита бо ҳодисаҳои зиёд расонаӣ шуд, на танҳо вазифаҳои худро ҳифз карданд, балки ба мансабҳои баландтар расиданд.

Кофист, ки иттиҳомоти «Диссернет» -ро дар мавриди дуздии асарҳои илмӣ аз ҷониби чунин шахсиятҳои соҳибмансаб, аз қабили муовини сарвазир Давлаталӣ Саид, ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмонзода, раис Шӯрои директорони ТАЛКО Шералӣ Кабиров, собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва дигарҳоро ба ёд биорем.

Ё ки раиси Хадамоти зиддиниҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода барои кӯшишҳои баланд бардоштани нархи Интернет соли 2019 дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан танқид шуд. Вале оғози соли 2020 аз вазифааш озод гардида, муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи назди президент таъин гардид.


Ҷолиб ин аст, ки ректори ба наздикӣ таъиншудаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ аз ҷониби «Диссернет» дар асардуздӣ муттаҳам мешавад. Аммо ин пеши роҳи боло рафтани ӯ дар зинаи мансабро нагирифт.

«Вижагии режимҳои худкома»

Ин ҳама тасмимҳо ташреҳи худро ҳам дорад. Ба гуфтаи сиёсатшинос Станислав Шкел, сиёсати инчунини кадрӣ хоси режимҳои худкома аст. “Гап сари ин аст, ки дар ҷойе, ки стратегияи ба кор таъин кардан вуҷуд надорад, режимҳои худкома бесуботтар мешаванд. Вазирон шахсони оддӣ нестанд, инҳо шахсонеанд, ки замони ҳузур доштан дар қудрат робитаҳову захираҳояшонро афзоиш доданд. Барои раҳбарони худкома барканор кардани онҳо ба фоидаи кор нест, балки як хатари эҳтимолист”,- мегӯяд коршинос.


Ӯ мисолҳое аз Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон меорад, ки ҳукуматро маҳз онҳое ба чолиш кашиданд, ки замоне шомили он буданд. Барои ҷалби чеҳраҳои нав, мегӯяд коршинос, бояд зарфиятҳои молӣ вуҷуд дошта бошад.

“Агар раҳбар тасмим гирифт, ки касеро барканор ва ба ҷойи ӯ каси наверо биоварад, дар ҳар сурат барояш лозим мешавад, ки аввалиро ҳам ба кор таъмин кунад ва ин маънои онро дорад, ки ба ӯ бояд ягон мансаби дувумдараҷро доду маблағҳоро ҷалб намуд. Ин мунҷар ба густариши бюрократия ва тавсеаи кабинаи вазирон мешавад, ки хоси режимҳои худкома аст”, - мегӯяд Шкел.

Муовини пешини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ин гуна арзёбиҳоро ҷонибдорӣ намекунад ва мегӯяд, ки ҷойивазкунии кадрҳо дар дохили ҳукумат як таҷрибаи оддӣ аст. “Ин мавқеи дуруст нест, вақте мегӯяд, ки кадрҳо баъди барканорӣ бояд дигар мансаб нагиранд. Баръакс, бояд аз зарфияту таҷрибае истифода кард, ки онҳо тайи солиёни зиёд андӯхтаанд”, - мегӯяд Сафаров. Ба гуфтаи вай, ҳангоми таъинот бояд дар назар гирифт, ки вазифаи нав бояд ба вазифаи пешини шахси таъиншаванда наздикӣ дошта бошад.

Имкон дорад, ки ин низом тағйир дода шавад?

Дар айни ҳол андешае вуҷуд дорад, ки метавон дастгоҳи давлатиро ба макони ҷолибе табдил дод, ки мутахассисони ватанӣ барои он талош бикунанд. “Дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ, мешавад ин низоми кадриро бо дар назар гирифтани таҷрибаи кишварҳое, ки он ҷо ислоҳоти низоми маъмурӣ анҷом дода мешавад, тағйир дод”, - мегӯяд Парвиз Муллоҷонов. Ӯ ба таҷрибаи Гурҷистон ишора мекунад, ки аз ҳисоби коҳиш додани шумораи коргарони дастгоҳи давлатӣ маоши кормандонро боло бурданд. «Агар сармоягузорон бибинанд, ки ислоҳоти воқеӣ дар ҷараён аст, мешавад сари бурсияҳои вижае ба тавофуқ расид, ки мешавад аз онҳо барои кормандони давлатӣ маоши иловагӣ дод, мисле ин таҷриба дар Гурҷистони замони Саакашвилӣ буд», - пешниҳод мекунад коршинос.

Мувофиқи маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар соли 2019 дар бахши хидмати давлатӣ 21102 ҷой мавҷуд буда, ки аз ин 19382 он банд шудаанд. Боқимонда ҳоло холиянд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG