Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С5+1: Аз мубориза бо терроризм то ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва сармоягузорӣ


Акс аз вебсайти вазорати умури хориҷии Қирғизистон гирифта шудааст

ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо ва мубодила дар чаҳорчӯби ҳамоиши мавсум ба “С5+1” таъкид карданд. Нишасти вазирон рӯзи 3 феврал дар шаҳри Тошканд бо иштироки Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва раҳбарони сиёсати хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – вазири хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Тоҷикистон - Сироҷидин Муҳриддин, Туркманистон - Рашид Мередов ва Узбекистон - Абдулазиз Комилов баргузор шуд.

Дар изҳороти муштараки дипломатҳои баландпоя, ки шоми душанбе дар сайти вазорати хориҷаи Қазоқистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки “рушди ҷараёнҳои минтақавии замони имрӯз зарурат ва аҳамияти ҳамоиши “С5+1”-ро таъкид мекунад”. Дар изҳорот омадааст, ки ин “ҳамоиш барои пуштибонӣ аз муколамаи боэътимод ва амалии миёни ширкатдорони он ба хотири таҳкими сулҳи босубот, эътидол ва шукуфоии Осиёи Марказӣ зарур аст”.

Майк Помпео таъкид кардааст, ки ИМА хостори пуштибонии ҳамешагии истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа буда, инчунин ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мебошад. Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки ба хотири истифодаи самарабахши имкониятҳои минтақа, ширкатдорон зарурати ҳамкорӣ дар чанд бахшро таъкид мекунанд.


Аз ҷумла, тақвияти эътимоди ҳамаҷониба ва ҳамкории созанда ба хотири эҷоди як минтақаи муттаҳид ва қавии Осиёи Марказӣ; пуштибонӣ аз тарҳҳои муштараки тиҷоратию нақлиётӣ, дастгирии соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ; табодул ва ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, аз ҷумла бо назардошти тағйироти иқлим; рушди ҳамкориҳо дар таъмини амнияти марзҳо, тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои марзбонии минтақа дар мубориза бо таҳдидҳои мисли терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир; тавсеаи муколамаҳо дар робита бо таҳдиди ҷангҷӯён - террористони бурунмарзӣ, табодули иттило дар ин заминаи муқобила бо экстремизму терроризм; пуштибонӣ аз ҷараёни сулҳи Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу нақлиётӣ ва зербунёдӣ бо Афғонистон; тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз роҳи таъмини ҳуқуқи башар ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ.

Ҷузъиёти бештар аз ин дар даст нест, вале бархе хабаргузориҳо таъкид карданд, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои Тошканд мавзӯи Афғонистон ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар амри таъмини амнияти минтақавӣ меҳварӣ буд. Ба иттилои бархе хабаргузориҳо, ин нишаст пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

акс аз вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон
акс аз вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон


Вебсайти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар ин бора хабари мухтасар нашр кард, мегӯяд, “дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-энергетикӣ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва минтақавӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гардиданд”. Дар ҳошияи ин нишаст гуфтугӯи Майк Помпео бо вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам баргузор шуд, ки ба қавли хабари мухтасари расмӣ, ба "дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ" бахшида шуд.

Ҷузъиёти гуфтугӯҳои аз ин бештари мақомоти ду кишвар феълан дар даст нест.


Мулоқоти раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА шурӯъ аз соли 2015 ҳамасола баргузор мешавад. Мулоқоти аввали дипломтаҳои баландпояи шаш кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд барпо шуд. Ҳадафи аслии ин дидору гуфтугӯҳо – тавсеаи ҳамкорҳои дохилиминтақавӣ ва ҳам равобити иқтисодиву амниятии ОМ бо ИМА мебошад.

Помпео ва дидораш бо мақомоти Узбекистон

Инчунин рӯзи 3 феврал, ки рӯзи охирини сафари котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ буд, бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири хориҷа Абдулазиз Комилов дидору гуфтугӯ кард.

Дар мулоқот бо Мирзиёев дипломати амрикоӣ аз тавсеаи ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратии ду кишвар ситоиш кардааст. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки дар чанд соли охир мизони табодули молу коло миёни ду кишвар ду баробар афзоиш ёфта, дар Узбекистон бо ширкати корхонаву ширкатҳои азими амрикоӣ тарҳҳои мухталиф амалӣ мешаванд ва ҳаҷми сармояҳои амрикоӣ дар ин кишвар ба 1 миллиард доллар баробар шудааст.


Аз ҷумла, Майк Помпео аз ислоҳоти иқтисодиву таҳаввулоти демократии Узбекистон ситоиш кардааст. Қабл аз ин, вазири хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов дар мулоқот бо Помпео гуфт, ки “Вашингтон пешравии назарраси Узбекистонро дар соли гузашта дар заминаи озодиҳои динӣ, маҳви кори маҷбурии кӯдакон, ҳуқуқи башар, инчунин эҷоди шароит барои таъмини озодии баён эътироф кардааст”.

Муқобила бо мероси Каримов

Мирзиёев, ки дар гузашта дар вазифаи нахуствазии Узбекистон кор кардааст, баъди даргузашти Ислом Каримов сентябри соли 2016 сари қудрат омад. Каримов ин ҷумҳурии серҷамъияти Осиёи Марказиро аз соли 1991 бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ мекард.
Мирзиёев, ки охири соли 2016 дар интихобот пирӯз шуд, барои зинда кардани иқтисоди кишвар ва роҳандозии ислоҳот дар Узбекистон иқдом кард. Ин замоне буд, ки ҳуқуқи инсон дар саросари кишвар ва аксар соҳаҳо маҳдуд буд.

Вале ҳанӯз ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар робита бо шароит дар Узбекистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Созмони “Хонаи Озодӣ” (Freedom House), масалан, Узбекистонро дар арзёбии вазъи озодиҳои ин кишвар дар миёни кишварҳои ноозод ҷой кардааст. Ин созмон мегӯяд, ки фазои интернетӣ дар ин кишвар ҳамоно “саркӯбгарона” боқӣ мемонад (freedomhouse.org/report/freedom-net/2018...) Созмони Human Rights Watch (https://www.hrw.org/ru/news/2019/12/17/337117) моҳи декабри соли 2019 дар остонаи интихоботи парлумонии Узбекистон дар изҳороте ин кишварро интиқод карда гуфт, ки "низоми сиёсии Узбекистон мисли пешина бештар худкома боқӣ мемонад. Плюрализми сиёсӣ амалан вуҷуд надорад ва интихобот солҳои зиёд аст, ки дар фазои маҳдудиятҳои шадид барпо мешавад".

Узбекистон захираҳои қобили мулоҳизаи нафту газ дорад ва дар баробари Русияву Чин дар минтақа аз назари нуфуз рақобат мекунад. Ин кишвар дар ҷанги Афғонистон ва мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бо Вашингтон муттафиқ аст.

Қабл аз Тошканд Помпео дар Қазоқистон буд. Ӯ рӯзи 2 феврал бо президент Қосимжомарт Тоқаев ва собиқ президент Нурсултон Назарбоев, 1 феврал дар Минск бо президенти Беларус Александр Лукашенка ва дар Киев рӯзи 31 январ бо президенти Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кард.

Сафари ӯ ба Аврупову Осиёи Марказӣ 29 январ аз Бритониё шурӯъ шуд. Он ҷо Помпео бо вазири хориҷа Доминик Рааб ва нахуствазир Борис Ҷонсон мулоқот кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG