Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео: "Мо дастнигар будани кишварҳои Осиёи Марказиро намехоҳем"


Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии ИМА дар Қазоқистон
Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии ИМА дар Қазоқистон

Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сафар ба Қазоқистон аз Чин даъват кард, ки таъқиби уйғурҳо ва қазоқтаборонро қатъ кунад. Ҳамчунин, ӯ ба Қазоқистон ташаккур гуфт, ки дархости Чин дар мавриди истирдоди уйғурҳо ва қазоқтабороне, ки аз ин кишвар фирор кардаанд, рад кардааст. Помпео бо як сафари корӣ дар Қазоқистон қарор дорад ва рӯзи 3-уми феврал ба Тошаканд меравад.​ Ӯ дар як сӯҳбат аз нақши Амрико дар минтақа ва ҳуқуқи башар сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Сӯҳбатро аз минтақаи Шинҷони Чин оғоз мекунем. ИМА як қатор ширкатҳо ва мақомдорони расмиро дар он ҷо таҳрим кард. Зимнан, Қазоқистон ва дигар кишварҳо фишор ба ақаллиятҳои қавмиро кори дохилии Чин медонанд. Оё ин Шуморо нигарон намекунад? Шумо ба Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар бораи мушкилоти Шинҷон чӣ мегӯед?

Майк Помпео: "Хуб, ташаккур барои даъват ба сӯҳбати имрӯз. Ман инро дарк мекунам. Мавқеи Иёлоти муттаҳидаи Амрико барвақт рӯшан аст. Ҳар куҷое, ки мо меравем, хоҳишамон ин аст, ки бо инсонҳо бошарафона ва бо эҳтиром муносибат кунанд, ки онҳо сазовори он ҳастанд. Дар мавриди он чи ки дар Шинҷон иттифоқ меафтад, мо ба ҳукумати Чин мавқеамонро рӯшан кардем ва имрӯз зимни сафар мавқеамонро ба ҳукумати Қазоқистон низ равшан кардем, ки интизориҳои мо он аст, ки ҳама бо онҳо дуруст ва муносиб рафтор кунанд ва он чӣ ки дар он ҷо рух медиҳад, мутмаинан ингуна нест.

Бинобар ин, давлати Қазоқистон кори хуберо анҷом додааст: онҳо нафаронеро, ки Чин дархосташонро тақозо мекард, ба ҳукумати Чин насупурд. Мо аз ин хурсандем. Аммо мо медонем, ки ин мушкилотест, ки бояд аз он муроқибат кард. Ҳуқуқҳои бунёдӣ ва асосии инсонҳо бисёр муҳим аст”.

Радиои Озодӣ: "Қазоқистон баъд аз истеъфои раиси ҷумҳури пешин, Нурсултон Назарбоев, дар соли гузашта нахустин интихоботро баргузор кард. Дар ҷараёни интихобот ва баъди он ҳазорҳо кас дастгир шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Қазоқистонро ошкоро танқид мекунанд. Тааҳуди Амрико барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон чист?

Майк Помпео: "Дақиқан, ҳамон тавр, ки пештар гуфтам, мо ба он дар ҳама ҷойи дунё ва ҳамеша пойбанд ҳастем. Дар бораи он суҳбат мекунем. Мо дар Қазоқистон шоҳиди пешрафти воқеӣ ҳастем. Мебинем, ки ҳукумати нав тағйирот мекунад ва ин дурнамои ислоҳоти ҳақиқӣ аст. Шумо инро мебинед. Замоне ки ширкатҳои амрикоӣ меоянд. Онҳо замоне меоянд, ки шароит беҳбуд ёфтааст ва ислоҳоти воқеӣ анҷом мешавад. Ин комилан рӯшан аст. Ширкатҳои амрикоӣ намехоҳанд бахше аз кишварҳое бошанд, ки дар онҷо ҳокимияти қонун нест ва ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузошта намешавад. Бинобар ин, ҳамон тавр, ки мебинем ширкатҳои амрикоӣ тасмим мегиранд, ки дар оянда биёянд. Шумо, воқеан, шоҳид мешавед. Ман, фикр мекунам, мардуми Қазоқистон метавонанд бубинанд, ки як дигаргунии ҳақиқӣ дар ҳоли анҷом аст. Мардуми Қазоқистон бояд онро тақозо кунанд ва бояд ба гуфтугӯ дар бораи он идома диҳанд. Умед дорем, ки ин пешрафтҳо идома ёбад."

Радиои Озодӣ: Ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон чӣ нақша доред?

Майк Помпео: "Хуб, имрӯз ман инҷо ҳастам ва сари ин масъала кор мекунем. Дар ниҳоят, ҳар миллат бояд чунин ҳақро барои худ дошта бошад. Мардуми кишвар бояд барои ин кор кунанд. Мо ончӣ масъулиятамон ҳаст, анҷом медиҳем. Мо кӯмаки техникӣ пешниҳод мекунем. Мо ин ҷо барномаҳои зиёде дорем. Ҳамчун як журналист, ман мутмаинам, ки Вазорати хориҷӣ кори хуберо дар самти тарбияи рӯзноманигорон ва озодии матбуот анҷом медиҳад. Тамоми он чизе, ки ҷомеаи шаҳрвандиро дар дохили кишвар ташаккул медиҳад, он чизҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо бо ҷиддият бархӯрд мекунем. Мо ин ҷо ҳастем. Мо барои кӯмак ба ин ҷо омадем ва онро идома хоҳем дод".

Радиои Озодӣ: Биёед ба озодии матбуот рӯ орем. Соли гузашта, рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ҳангоми иҷрои вазифаашон борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, аммо мақомоти Қазоқистон дар шиносоии гунаҳкорон пешрафте накарданд. Қабл аз ин сафар, Шумо мусоҳибаи ихтилофангезе бо як хабарнигори Радиои Миллии Ҷамъиятии Амрико (NPR) доштед ва баъди он, вазорати Шумо як хабарнигори дигари NPR-ро аз гуруҳи матбуотии Шумо хориҷ кард. Оё ин кор интиқом аз NPR буд? Ин амал ба кишварҳое чун Қазоқистон ё Узбакистон ё Беларус, ки ҳукуматҳояшон пайваста озодии матбуотро саркӯб мекунанд, чӣ паёме медиҳад?

Майк Помпео: "Бале. Мусоҳибаи ман бо хабарнигори NPR ба ҳамон андоза ихтилофангез аст, ки ҳамеша бо дигар хабарнигорони амрикоӣ будааст. Ин бузургии кишвари мост. Хабарнигороне мисли худи Шумо бояд ҳар гуна суоле, ки доранд, бидиҳанд ва ҳама суолҳое, ки ба мо дода мешаванд, садҳо ва садҳо ададанд. Мо ошкоро сӯҳбат мекунем. Мо нуқтаи назари худро мегӯем, онҳо суолҳои худро медиҳанд. Мо дар Амрико ҳамин тавр мекунем ва инро идома медиҳем. Ва дар марвиди онҳое, ки бо ман сафар мекунанд, ман ҳамеша гуруҳи калони рӯзномангоронро ҳамроҳ мегирам, аммо аз онҳо хоста мешавад, қоидаҳои муайяни рафторро муроот кунанд ва ин танҳо ростгӯӣ ва ростқавлист. Гоҳе ки онҳо ин корро мекунанд, ба гуруҳ шомил хоҳанд буд ва агар ин тавр набошад, мувофиқи матлаб нест. Росташ, чунин накардан нисбати бақия рӯзноманигорон ҳамроҳӣ дар баробари онҳо одилона нахоҳад буд".

Радиои Озодӣ: Аммо ин [ба кишварҳое, ки озодии матбуотро саркӯб мекунанд] чӣ паёме мефиристад?

Майк Помпео: "Паёме мефиристад, ки паёми комил аст. Паёми комиле дар бораи озодии матбуот. Онҳо дар пурсишҳои худ озоданд. Хабарнигори ана ҳамин расона (манзур, NPR ) ҳамин дирӯз дар як нишасти матбуотӣ буд. Он дар Амрико фароху боз аст. Ман инро дӯст медорам. Ман умедворам, ки тамоми ҷаҳон ба озодии матбуоти мо ва корҳои бузурге, ки мо дар Иёлоти Муттаҳида мекунем, пайравӣ хоҳад кард".

Радиои Озодӣ: Мавзӯъҳои асосии ҳукумати феълии ИМА дар Осиёи Марказӣ кадомҳоянд? Оё сулҳ ва ҳамкорӣ дар Афғонистон ё тундгароии мазҳабӣ ва ё чизи дигар?

Майк Помпео: "Хуб, инҳо ҳама ё ҳар кадоме аз ин ду аст, аммо чизҳои бештар аз ин ҳам дигаре ҳам ҳастанд. Мо мехоҳем, ки Осиёи Марказӣ шукуфон шавад. Мо мехоҳем, ки ҳар давлати Осиёи Марказӣ мустақил ва соҳибихтиёр бошад, на дастнигар ё давлати вассалии ягон кишвари дигари минтақа. Мо мехоҳем, ки онҳо ба сари худ фарҳанги хоси худро рушд диҳанд, давлатҳои мустақил бошанд ва тавонанд барои тамоми мардуми худ натиҷаҳои хуб биёваранд. Биноан, мо дар паҳлуи онҳо, якҷоя бо онҳо кор мекунем, то ки ба ин ноил гардем. Мо онҳоро бо захираҳои воқеии Амрико таъмин мекунем ва ба будани худ дар ин ҷо идома медиҳем".

Радиои Озодӣ: Ояндаи пойгоҳи С5 + 1 (Панҷ кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон - ҷамъи Афғонистон) дар давоми кори ҳукумати феълии Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна аст?

Майк Помпео: "Хуб, ман фикр мекунам, ки арзиши баланди он аллакай собит шудааст. Мо ба саҳми меҳварии Қазоқистон дар комёб гаштани он арҷ мегузорем. Мо пагоҳ ҷамъ мешавем. Мо дар бораи як қатор масъалаҳо сӯҳбат хоҳем кард, чанде аз онҳоро ҳоло бо ҳам гуфтем. Мо ҳатман аз масъалаҳои марбут ба амният сӯҳбат хоҳем кард, аммо мо ҳамчунин дар бораи ҳамгироии иқтисодии ин кишварҳо сӯҳбат хоҳем кард ва дар бораи он, ки ҳар кадоме аз ин давлатҳо тавонад кишварҳояшонро рушд диҳанд, то тавонанд шароити беҳтари ҳуқуқи инсон, шароит барои вазъи беҳтари иқтисодӣ, фазо барои озодии бештари сиёсӣ, ин ҳамаро якҷоя ба даст оранд".

Радиои Озодӣ: Дар як изҳороти матбуотии худ дар моҳи декабри соли гузашта Шумо гуфтед, ки ҳуқуқи инсон дар асл яке аз мавзӯъҳои баҳси Шумо бо саромадони сиёсии Қазоқистон хоҳад буд. Метавонед ба мо ягон ҷузъиёти баҳси ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро бозгӯ кунед?

Майк Помпео: "Бале. Ман ҳаргиз ҷузъиёти гуфтугӯҳои воқеии худро бозгӯ намекунам, аммо тавре ки имрӯз дар нишасти хабарӣ (нишасти муштараки хабарӣ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ) гуфтам, ки мо, албатта, дар бораи ҳамаи ҷанбаъҳои ҳуқуқи инсон сӯҳбат кардем. Вазъи ҳуқуқи инсонро на танҳо дар ин ҷо, дар Қазоқистон, балки дар минтақа низ ва мо ошкоро расондем, ки Амрико дар ин ҷо барои он аст, то кӯмак кунад, ки тағйирот идома ёбад".

XS
SM
MD
LG