Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео ба Украина сафар мекунад


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Қарор аст, имрӯз, панҷшанбеи 30-юми январ Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико барои дидору гуфтугу бо раиси ҷумҳур Владимир Зеленский вориди шаҳри Киев - пойтахти Украина шавад. Ӯ баъдан ба Белорус, Қазоқистон ва Узбекистон меравад.

Сафари дипломати баландпояи Амрико ба Киев дар рӯзи 30-уми январ дар замоне сурат мегирад, ки муҳокимаи парвандаи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Сенат палатаи болоии Конгресс идома дорад.

Доналд Трампро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо сӯистифода аз мақомаш ихтисоси кӯмаки низомӣ ба Украинаро боздошта, аз раҳбарони ин кишвар хостааст, дар таҳқиқи фаъолиятҳои рақибони сиёсии ӯ мусоидат кунанд. Украина ба кӯмакҳои низомӣ ва сиёсии Амрикову Аврупо сахт эҳтиёҷ дорад.

Пештар аз сафараш ба Украина, Майк Помпео ба хабарнигори Радиои Ҷамъиятии Амрикоро бо асабоният гуфтааст, "шумо фикр мекунед, амрикоиҳо парвои Украинаро доранд".

Вазири умури хориҷии Амрико бо Владимир Зеленский ва дигар мақомоти Украина рӯзи 31-уми январ мулоқот мекунад. Ӯ дар як маросими гиромидошти хотираи онҳое ширкат меварзад, ки дар ҷанги дароз ва хунин бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG