Хабари нав

“Хонаҳоро ба болоямон чаппа мекунанд.” Эътироз дар Ҷайҳун

Сокинони норозӣ мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро қонунӣ гирифта, хона сохтаанд
Сокинони норозӣ мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро қонунӣ гирифта, хона сохтаанд

Як гурӯҳ аз мардуми деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) ба зидди вайрон кардани хонаҳояшон бархостаанд.

Ин ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр рӯй дод.

Сокинони норозӣ мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро қонунӣ гирифта, хона сохтанд ва ҳукумат ҳам дар ин муддат чизе нагуфта буд.

Дар чанд навор, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, як зан худро сипар кардааст, то хонаашро аз тахриб шудан ҳифз кунад. Садои доду гиря ва овози булдозер ҳам шунида мешавад.

"Бачаҳоямон дар хидмати сарбозӣ. Мо ҳақ надорем, ки дар 12 сотих зиндагӣ кунем? Инаш дар артиш, онаш дар хидмати давлат. Чаро хонаҳоямонро чаппа мекунанд? Мо ба ин ҳақ надорем?" – гуфтааст як зан дар наворе, ки корбарон ба мо фиристоданд. Номи ӯ дар ҳоли ҳозир барои Радиои Озодӣ маълум нест.

Як сокини дигари деҳаи Гулрез, ки номаш ба далели амниятӣ ошкор намешавад, 11-уми ноябр гуфт, "мақомоти ноҳия соли 2022 ба мо гуфтанд, ки ҳамин мавзеъро обод карда, хона созед ва зиндагӣ кунед. Ҳатто ваъда доданд, ки барои бачаҳои мо мактаб месозанд. Ҳоло маҷбур доранд, ки аз ин ҷо бикӯчем."

Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун дар вокунише, ки рӯзи 11-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сокинонро ба сохтмони ғайриқонунии манзил аз соли 2023 муттаҳам кардаст. Дар ин вокуниш гуфта шудааст, ки хонаҳо бояд тахриб шаванд.

Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки чаро дар замони сохтани хона ва гузарондани сими барқ касе монеъ нашуд ва танҳо пас аз чанд сол онҳоро ғайриқонунӣ дониста, дар фасли сардӣ сокинонро аз хона маҳрум мекунанд?

Фахриддин, яке аз корбарон, дар Фейсбук навиштааст, “чаро нозири милиса, мутахассиси Идораи замин, сармеъмор, прокуратура ва ҳукумати ноҳия пеш аз сохтмони худсарона ё ба шаҳрвандон фурӯхта шудани манзилҳои ғайриқонунӣ чораандешӣ накарда, аз ин ҳолатҳо пешгирӣ накарданд?”

Мақомот дар вокуниши расмии худ нагуфтаанд, ки чаро аз қабл пеши роҳи сохтмони манзилро дар ин ҷо нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, тахриби хонаҳо идома дорад ва нисбат ба як нафар бо гумони қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва худсарона гирифтану сохтани хона парванда боз кардаанд.

Бори аввал нест, ки тахриби хонаҳои мардум дар заминҳои, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ доғ мешавад. Дар гузашта чунин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, Файзобод ва минтақаи Кӯлоб расонаӣ шудааст. Раиси пешини Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, соли 2011 баъзе аз раҳбарони маҳаллиро дар тақсими ғайриқонунии заминҳои обӣ масъул дониста буд.

Дар ин миён сокинон ҳам пул харҷ мекунанд ва ҳам дар охир бе хонаву дар мемонанд. Мисли гурӯҳе аз мардуми деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ҳоло намедонанд дар фасли сармо бо кӯдакон ба куҷо паноҳ баранд.

  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

​
XS
SM
MD
LG