Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари сарбози гумшуда: “Писарамро ёфта диҳед, чи мурда бошад, чи зинда”

Мирзобобур Мираимов. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Мирзобобур Мираимов. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Мирзораҳим Мираимов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд, мегӯяд, писари 20-солааш, Мирзобобур, ки дар сафи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат мекард, чаҳор моҳ боз бенишон аст.

"Мехоҳем, мурда ё зиндаи бачаамро ёфта диҳанд," – гуфт ӯ рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва афзуд, писараш ду сол пеш ихтиёрӣ ба артиш рафта буд ва дар ноҳияи Шаҳритус ва дар наздикии сарҳад бо Афғонистон хидмат мекард.

Масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст, дар аввал ба пайвандони Мирзобобур гуфтаанд, “ӯ фирор кард”, аммо сипас хабар додаанд, ки “дар об ғарқ шуд”.

“Бовар намекунем, ки дар об рафта бошад. Мо барои ёфтанаш ба ҳама ҷо муроҷиат кардем. Ба ҳукумати ноҳия, ба комиссариати низомӣ рафтем. Аз дасташон ҳеч чиз наомад,” – гуфт Мирзораҳим Мираимов.

Дар қисми низомии 0305, ки Мирзобобур Мираимов хидмат мекард, рӯзи 4-уми ноябр ба суолҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Ба қавли наздикони сарбоз, масъулони қисми ҳарбӣ ба онҳо гуфтанд, гуё ду ҳамхидамташ дидаанд, ки ӯ ҳангоми шино дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.

Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд 3-юми августи имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки ҷустуҷӯйи Мирзобобур Мираимов ба далели “баланд будани сатҳи об ва ҷараёни тези дарё” душвор шудааст. Онҳо норасоии васоили ҷустуҷӯ, аз ҷумла қаиқҳо ва дронҳоро аз зумраи мушкилҳо номбар карданд.

Мирзобобур Мираимов, пас аз ду соли хидмат дар артиш, бояд якуми октябр ба хона бармегашт. Наздиконаш аз 23-юми июн боз аз ӯ дарак надоранд ва ҳоло бори дигар аз мақомот мехоҳанд, ки нишони ӯро пайдо кунанд.

Навор дар Инстаграм:

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта чанд мавриди ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона сабт шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 24-уми июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар рӯдхонаи сероб ғарқ шуда, пайкарашон баъди чанд рӯз ёфт шуд.

Ҷаҳонгир Давлатов, афсари 26-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, низ моҳи августи имсол ҳангоми оббозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон дод.

Марги сарбозон дар артиш ҳамасола сабт мешавад. Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги тақрибан даҳ сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд.

Дар пайи ҳалокати чанд сарбоз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хост, ки масъалаи тартибу низомро дар воҳидҳои ҳарбӣ бисёр ҷиддӣ бигиранд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG