Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори муҳоҷирон ва дахлу харҷи "Барқи Тоҷик" дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Баҳси гарм дар бораи харҷу дахли "Барқи Тоҷик" ва фирори муҳоҷирон ба ҷангал аз тарси маъмурони полиси Русия аз мавзуъ ва видеоҳои барномаи имрӯз аст.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик субҳи 4-уми феврал маҷбур шудаанд, ки аз ҷойи хобу кори худ ба ҷангалҳо гурезанд, то ба дасти маъмурони ФМС ё идораи муҳоҷирати Русия наафтанд. Муаллифи видео дертар ба Радиои Озодӣ гуфт, патент ё иҷозаи кор доранд ва худро дар ҷойи зист сабтином ҳам кардаанд. Вале, ба қавли ӯ, баъзан ин санадҳо низ ба кор намеоянд.

Ба ин монанд як видеои дигар ҳам аз Русия дастрас шуд, ки аз тафтиши муҳоҷирон қисса мекунад ва ин гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ фирор ба ҷангалро дар ҳавои сарду пурбарф ягона роҳи наҷот донистаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, як ҳафта боз тафтиши онҳо сахттар шудааст. Дар Русия то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо ҳар сол ба кишвар миллионҳо доллар мефиристанд ва он бахши муҳими иқтисоди хонаводаҳо аст.

Гузориш дар бораи инки ширкати “Барқи Тоҷик” дар якуним соли гузашта беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар дид, баҳси гармеро дар сомонаи Радиои Озодӣ ба по кард. Корбаре бо номи “Эксперт” дар навишт: "Бояд “Барқи Тоҷик”-ро ба муддати бист сол ба ихтиёри ширкати “Помир Энержи” диҳанд. Баъд аз як сол мебинанд, ки на қарз мемонад, на коррупсия.”

Барномаро дар Ютюб бинед:

“Ҳақиқат” мегӯяд, “медонанд, ки чаро қарздор аст ва кӣ қарздор кардааст, аммо ҳеч кор карда наметавонанд. Зӯрашон ҳам намерасад.”

Хонандае бо номи “Номдор” пешниҳод кардааст, ки дар “Барқи Тоҷик” ва идораи об танҳо роботҳоро ба кор гиранд, то ба гуфтаи ӯ “дуздӣ кам шавад.”

“Беном” гуфтааст, “бовар кунед, вақте нархи як киловат соат нирӯи барқ се тин буд, ҳеч кас қарздор набуд. Ҳозир нархи як киловат соат нирӯи барқ дар осмон аст, вале “Барқи Тоҷик” – қарздор.”
Дар ҳамин ҳол, ба назари корбари дигаре, “тамоми қарзи давлативу соҳавии энергетика, азнавсозии нирӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ба дӯши “Барқи Тоҷик” аст. Аз пардохти ҳаққи барқ озод будани даҳҳо корхонаи бузург низ ҷабр ба сари “Барқи Тоҷик” аст.”

Корбаре бо номи “Муслим” мегӯяд, “камбуди “Барқи Тоҷик” ин аст, ки як артиш пулҷамъкун дорад ва онҳо аз мардум пули нақд мегиранд ва ниме аз онро аз худ мекунанд. Албатта, баъди ин кор 3 миллиард сомонӣ намерасад.”

Қаблан масъулони ширкат мардумро барои напардохтани ҳаққи истифодаи барқ муттаҳам карда буданд. Сокинон рад мекунанд.

"Аз тарс ба ҷангал гурехтем, ягон ҳуҷҷат фоида накард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Дар охири барнома видеоеро мебинем, ки аз Ҳисор фиристодаанд. Ба қавли муаллиф, дар маҳаллаи Қалъаи Ҳисор партови зиёде ҷамъ шудааст ва бахше аз он дар ҷӯйбор ҳам афтодааст.

Агар Шумо ҳам гуфтание ё аксу видео доред, лутфан ба мо фиристед. Вотсапу Вайбер, Имову Телеграм дорем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG