Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърифи муовини вазир аз раҳпаймоии донишҷӯён. "Касе шикоят накардааст"? ВИДЕО


Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, 90 дарсади муҳассилин аз ҷалб шудан ба раҳпаймоиҳо ё "маршировка"-ҳо хушҳоланд. Дар ин бора рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат шуд. Баъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи таълими онҳо халал мерасонад. Мақомот мегӯянд, касе расман шикоят накардааст.

Обидҷон Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ, ки то куҷо иштироки донишҷӯён дар роҳпаймоиҳо қонунӣ аст, гуфт, худи ҷавонон хостори иштирок дар ин чорабиниҳо ҳастанд.

"Бовар кунед, ҷавонон бо майли худ меоянд. Мехоҳанд! Ҳеч яке аз онҳо аз иштирок дар ин маросим изҳори норизоиятӣ накарданд. Хурсандиовар буд, ки ҳатто дар ҳамон чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ду ҷавон ба ман миннатдорӣ карданд, ки ҳангоми ширкат дар "маршировка" бо якдигар шинос ва ошиқ шуда, оила барпо кардаанд," -- афзуд ӯ.

Зулфия Давлатзода, вазири тозатаъини фарҳанги Тоҷикистон низ дар посух ба ин суол гуфт, "воқеан, мавзӯъ дар ҷомеаи кишвар муҳим ба шумор меравад ва роҳи ҳалли он бояд пайдо карда шавад. Феълан, мо тасмим гирифтаем, ки ҷавононро ба ин маросим дар соатҳои берун аз таҳсил ҷалб кунем."

Дар ҳамин ҳол, Азиз Салимов, донишҷӯи бахши севуми факултаи иқтисод ва молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта аз ширкат дар "маршировка"-и бахшида ба Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон сарпечӣ кард ва роҳбарияти факулта ӯро ба ин далел хостанд аз донишгоҳ ихроҷ кунанд.

Аммо, баъд аз шикоятҳояш ба роҳбарияти Вазорати маориф, ба хотири таҳсили хубаш ӯро аз донишгоҳ хориҷ накарданд, аммо аз стипендия маҳрум сохтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таърифи муовини вазир аз раҳпаймоии донишҷӯён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” ба ин назар аст, ки “маршировкаҳо” дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз замони шӯравии собиқ ба мерос мондааст. Ин хабарнигори тоҷик мухолифи ҳар гуна ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ аст.

Вай гуфт: “Дар замони Шӯравӣ ба донишҷӯён барои ҳар кило пахтаи чидаашон маблағ медоданд. Ҳоло барои ширкат дар маршировка дар канори таъмини ғизои донишҷӯён бояд ҳатман маблағе пардохта шавад. Дар акси ҳол донишҷӯ ҳақ дорад дар ин чорабиниҳо ширкат накунад”.

Баъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи омӯзиши онҳо халал мерасонад. Онҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати Шӯравӣ баргузор мекард. Ба бовари онҳо, имрӯзҳо мақомот дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои Шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.

Дар гузашта баъзе аз сиёсатмадорон низ дар мавриди халал ворид кардани раҳпаймоиҳои донишҷӯён изҳори назар карда буданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси собиқи Душанбе, соли 2012 дар як маҷлиси шаҳрӣ гуфта буд, хонандагони мактабҳо набояд дар соатҳои дарсӣ ба маршировка ҷалб шаванд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашнҳое ба монанди "Наврӯз", рӯзи Ваҳдат ва Истиқлол, ҷашни қабули Қонуни Асосӣ, Рӯзи Артиш ва ғайра даҳҳо ҳазор донишҷӯ ва шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.

Маъмулан, ҷавонон зери офтобу борон саҳнаҳои таҳияшударо тамрин мекунанд. Дар гузашта аз ҳолатҳои зиёди бемориву аз ҳуш рафтани донишҷӯён ҳангоми машқҳои дастҷамъона гузориш шуда буд. Мақомот ин хабарҳоро таъйид намекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (43)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG