Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармондани донишҷӯи тоҷик дар Филиппин аз тарси вирус ва баҳси симкортҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дармондани донишҷӯи тоҷик дар Филиппин аз тарси вирус, баҳси симкортҳо ва сарсонии муҳоҷирон аз мавзуъҳои барномаи "Озодӣ Онлайн" аст.

Ин барномаро бо видеои як донишҷӯи тоҷик оғоз мекунем, ки аз вируси хатарнок дар Чин гурехта, ба Филиппин рафт, аммо дар онҷо дармонд. Ӯ як ҳафта боз ҳаққи берун шудан аз фурудгоҳро надорад ва вазъу ҳолашро дар видео нақл кардааст.

Вируси хатарнок дар Чин беш аз 500 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, даҳҳо донишҷӯро аз Чин меоранд.

Дар ин шумораи барнома аз нигоштаҳои корбарон мегӯем, ки аз наздик шудани анҷоми муҳлати сабтиноми дубораи симкортҳо нигаронанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бояд симкортҳо то 15-уми феврал иваз карда шаванд, вагарна аз кор мемонанд.

Яке аз корбарон бо номи "Муҳоҷир" дар сомонаи Озодӣ навишт: "Шумораи телефонамро нӯҳ сол пеш гирифта будам, вале имсол дар муҳоҷират ҳастам. Хуб мешуд, муҳлатро каме дароз кунед."

Сафар гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон дигар кор надоранд, ки ба масъалаи симкорт часпидаанд. Ба қавли ӯ, дар кишварҳои дигар чунин нест ва аз мақомот хостааст, ба ҳалли масъалаҳое, ки заруртар ҳастанд, дахолат кунанд.

Бархе аз корбарон навиштаанд, сабтиноми дубораи симкортҳо ҳеч мушкил надорад, агар дар ин ҷо масъалаи иваз кардани шиносномаҳои коғазӣ ба пластикӣ намебуд. Сокинон шикоят доранд, ки ҳоли ҳозир барои гирифтани шиносномаи пластикӣ навбат дароз аст ва нархаш ҳам на ба ҷайби ҳама рост меояд.

Корбаре гуфтааст, "шиноснмоа тиҷорати кӣ бошад, ки ба қимати аз 100 то 400 сомонӣ медиҳанд."

"Асабонӣ" менависад, "дар ду даҳсолаи охир се бор паспортҳо иваз шуданд. Маоше, ки медиҳанд, ба нону оби холӣ намерасад. Паспорт дар ҳама давлатҳои дунё бе пул аст. Дар Тоҷикистон 100 сомонӣ эълон мешавад, баъд дар ивази 200-300 сомонӣ фурӯхта мешавад."

Корбари дигаре гуфтааст, "мо дар хона ҳафт нафарем ва аз куҷо 700 сомонӣ биёбем, ки шиносномаи нав гирем? Дар ҳоле ки 2 нафар кор мекунад ва маошашшон 500 сомонӣ аст. Намедонем онро чӣ хел сарф кунем. Аз рӯи инсоф гӯед: орд 200 сомонӣ, гӯшт 50 сомонӣ ва тухм 1 сомонӣ асту нархи барқу роҳкиро қимат."

Хонандае бо номи "Политика" бовар дорад, мақомот мехоҳанд бо ин мавзуъ таваҷҷуҳи мардумро аз интихоботҳои порлумониву президентӣ дар кишвар дур кашшанд.

Мақомот мегӯянд, сабтиноми дубораи симкортҳо бо шиносномаи пластикӣ ба хотири чораҳои амниятӣ аст ва ногузир аст.

"Маоше, ки медиҳанд, ба нону об намерасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Ин ҳафта низ аз муҳоҷирон чанд навор гирифтем, ки бозгӯи вазъияти коргарони тоҷик дар Русия аст. Дар яке аз ин видеоҳо навбати муҳоҷирон барои гирифтани патент ё иҷозаи кор дар идораи муҳоҷират дар вилояти Маскав тасвир ёфтааст.

Як сокини ноҳияи Шаҳринав ҳам аз боғи марказии ноҳия наворе фиристода ва дар бораи ҷамъ шудани партовҳо дар маҳалли фароғати одамон, вазъи бемористонҳо ва баста шудани як масҷиди панҷвақта дарди дил кардааст.

Шумо ҳам метавонед аксу видеоеҳои худро ба мо фиристед, дар барномаи дигар нишон медиҳем. Шумораҳои моро медонед. Вайберу Вотсап ва Имову Телеграм дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG