Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП аз Тоҷикистон хост, ду бонки "пардохтнопазир"-ро барҳам диҳад


Сандуқи Байналмилалии Пул дар баёнияи тозаи худ бори дигар аз Тоҷикистон хостааст, ду бонке, ки пардохтпазир нестанд, барҳам бидиҳад.

Ишораи Сандуқи Байналмилалии Пул ба "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки як замон низомсози Тоҷикистон дахл дорад, ки аз 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои мардум оҷиз мондаанд.

Ин ду бонк аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои муштариёнашон оҷиз мондаанд. Давлати Тоҷикистон феврали соли 2017 барои наҷоти ин ду бонк ба "Тоҷисодиротбонк" 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" - 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии ин бонкҳо ҳал нашуд.

Мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул дар баёнияи нави худ гуфтаанд, бо вуҷуди коҳиш ёфтани қарзҳои мушкилситон ва болоравии даромаднокии бонкҳо, барои барқарор кардани боварӣ ба низомӣ бонки дар Тоҷикистон корҳои бештареро бояд анҷом дод.

"Дар ин робита барҳам додани ду бонки қаблан низомсоз ва ҳамакнун пардохтнопазир ва боз гардонидани пасандозҳо, яке аз авлавиятҳо мебошад",-таъкид шудааст дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, мудирияти нодуруст боис шуд, ки ин ду бонк дучори мушкил шуданд. Айни замон ҳудуди 900 моликияти марбут ба "Агроинвестбонк" дар ҳабс қарор дорад. Рӯзи 11-уми феврал раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки давлат бо тадриҷ ин амволро фурӯхта ва амонатҳои мардумро боз мегардонад.

Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин тараф ба таври фаъол талош дорад, ки дубора аз ин созмон қарзҳои боимтиёз ба даст орад. Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Аммо коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар қарз бигирад.

Сандуқи Байналмилалии Пул танҳо дар соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисоду сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кишвар бисёре аз тавсияҳои СБП-ро иҷро кард ва интизор меравад моҳи май ҳайате аз ин созмон ба Тоҷикистон ояд. Тоҷикистон интизор дорад дар доираи барномаи "Механизми васеи қарзӣ" аз ин созмон қарзи имтиёздор ҷалб кунад.

Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои носаҳеҳ" ва "истифодаи ғайримақсаднок"-и қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2007, ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накардааст. Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2009 як барномаи сесоларо бо СБП барои коҳиши фақр ва мусоидат ба рушд, ба имзо расониданд. Ба гуфтаи Бонки Миллӣ, ҳамчунин Шӯрои иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул дар моҳи июни соли 2010 ҳаҷми ин қарзро бештар кард ва муҳлати пардохтро то соли 2022 тамдид намуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG