Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи нашъа кам, вале "воридоти экстази ба Тоҷикистон афзудааст"


Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Мақомоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта ба хотири тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир дуним баробар кам шуда, вале воридоти экстази ё ҳаб (таблетка)-ҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон афзудааст.

Тибқи ҳисоби созмонҳои байналмиллалӣ тавассути “масири шимолӣ”, ки Тоҷикистон ба он ворид мешавад, соли гузашта 8 дарсади тавлидоти умумии маводи мухаддири Афғонистон интиқол дода шудааст.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт:

“Ин се сабаб дорад. Мақомоти Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон ҳифзи марзро тақвият доданд. Дувум, сохторҳои қудратӣ таҷрибаи харидҳои санҷишӣ ва интиқоли зери назорати маводи мухаддир аз қочоқчиён ба кишварҳои дигарро қатъ карданд. Севум, фаъолияти сохторҳои интизомӣ дар дохили Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фурӯши маводди мухаддир пурзӯр карда шуд”.

Салимзода ба унвони мисол гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон кори ҳудуди сад нуқтаи фурӯши маводи мухаддир боздошта шудааст. Вай афзуд, агар солҳои пеш як кило афюн дар марз бо Афғонистон 300 доллар арзиш дошта бошад, ҳоло дар Душанбе нархи он то якуним ҳазор доллар боло рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, генерал Салимзода аз афзоиши қочоқи маводди мухаддири сунъӣ ё ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз Аврупо изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, агар панҷ сол пеш дар кишвар танҳо як дона аз ин ҳаб мусодира шуда бошад, соли гузашта ин рақам то ба шаш ҳазор дона расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз кишварҳои соҳили баҳри Балтика дар дохили мошинҳои дасти дувум ворид карда мешавад. Тасдиқи ин хабар аз манобеи мустақил феъллан ғайриимкон аст.

Ҷониби Тоҷикистон аз созмонҳои байналмиллалӣ ва шарикони рушд хостаат, маҳалли тавлиди маводди мухаддири маснӯиро барои кишвар мушаххас кунанд.

XS
SM
MD
LG