Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Демократҳо мехоҳанд, Трампро аз ҳаққи истифодаи артиш зидди Эрон маҳрум кунанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Сенати ИМА қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он президенти Амрико наметавонад, бидуни розигии Конгресс аз артиши ИМА дар амалиёти низомии зидди Эрон истифода кунад. Сенати ИМА қатъномаро рӯзи панҷшанбе қабул кард.

Пештар аз ин ҳуҷҷати мазкур аз сӯи Палатаи намояндагон қабул шуда буд. Дар Сенат ба ҷонибдорӣ аз қатънома 47 демократ ва 8 ҷумҳурихоҳ раъй дод. Ба ин тартиб, ҳуҷҷат бо 55 раъйи мусбат қабул шуд. Ҳамзамон 45 вакили Сенати ИМА зидди ҳуҷҷати мазкур раъй дод.

Ҷумҳурихоҳоне, ки ба ҷонибдорӣ аз қатънома раъй доданд, амалан зидди президенте садо баланд карданд, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ интихоб шудааст. Доналд Трамп пештар аз вакилон даъват карда буд, ки ба қатънома раъйи мусбат надиҳанд.

"Барои амнияти кишварамон хеле муҳим аст, ки Сенати ИМА зидди қатъномаи кам кардани салоҳиятҳои президент дар баробари Эрон, раъй диҳад. Мавқеи мо дар муносибат бо Эрон қавӣ аст ва ҳоло марҳилае нест, ки заъф нишон дода шавад",-навишт дар Трамп дар саҳифаи "Твиттер".

Интизор меравад, ки Трамп ба қатънома вето мегузорад ва Сенат эҳтимолан наметавонад, ветои президентро нодида бигирад. Барои қабули қатънома на камтар аз 67 раъй зарурист.

Маҷлиси намояндагони ИМА қатъномаро дар моҳи январ, дар авҷи танишҳои байни ИМА ва Эрон қабул кард. Дар оғози моҳи январ генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ аз сӯи неруҳои ИМА дар наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ кушта шуд.

Ташаббускорони қатънома - вакилони демократи ИМА мегӯянд, намехоҳанд, ки байни ИМА ва Эрон ҷанги густардае сар занад. Онҳо бовар доранд, тасмимгириҳои Трамп метавонад, боиси сар задани ҷанг шавад. Аксарияти ҷумҳурихоҳон ҳам аз амалиёти зидди Қосим Сулаймонӣ ва ҳам аз ҳаққи президент дар лаҳзаи зарурат истифода кардани артиш зидди Эрон пуштибонӣ карданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вокуниши Кумитаи андози Тоҷикистон ба як гузориши Радиои Озодӣ

Кумитаи андоз ба як гузориши Радиои Озодӣ аз 11-уми ноябри имсол дар бораи қатъи кори ҳазорҳо ширкату соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон вокуниш кард.

Дар гузориш бо такя ба маълумоти Оҷонси омор гуфта шуда буд, ки аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ зиёда аз 400 ҳазори онҳо корро бас карда ва ё аз байн рафтаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ “то якуми ноябр 378,4 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ вуҷуд доранд” ва ин рақам “нисбат ба аввали сол 13,2 ҳазор маврид зиёд аст”.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 25-уми октябри имсол навишт, “то 1-уми октябр тариқи “Равзанаи ягона” дар тамоми ҷумҳурӣ 810,7 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст ва аз ин 59,8 ҳазор шахси хуқуқӣ ва 750,9 ҳазор соҳибкори инфиродӣ мебошанд.”

Рӯшан нест, омори кадоме дуруст аст.

Масъулони Кумитаи андоз дар номаи худ ба Радиои Озодӣ аслан нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз ширкату соҳибкорон аз байн рафтанд ё фаъолияти худро қатъ карданд. Ба ҷойи ин, гӯшзад кардаанд, ки тайи солҳои охир қонунгузориро беҳтар ва сабтиноми ширкату соҳибкоронро осон намудаанд.

Аз 10-уми январи имсол санҷиши соҳибкорон дар Тоҷикистон ба муҳлати ду сол (ба ҷуз мақомоти андоз) манъ шудааст.

Дар гузашта низ мақомот борҳо аз пешниҳоди имтиёзу сабукӣ ба соҳибкорон хабар додаанд, вале соҳибкорон баҳраҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.

Баъзе афроди шинохта бо Дҳармендра Деол видоъ кардаанд

Дҳармендра Деол бо Амиттабҳ Баччан
Дҳармендра Деол бо Амиттабҳ Баччан

Дҳармендра Деол, ҳунарманди саршиноси Ҳиндустон, ки камаш дар 300 филм, аз ҷумла "Алибобо ва 40 роҳзан", нақши қаҳрамонӣ бозидааст, даргузашт. "Алибобо ва 40 роҳзан"-ро дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Ҳиндустон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба навор гирифтаанд.

Наздикони Дҳармендра маросими ҷамъиятии видоъ бо ҳунармандро ташкил накарданд. Вале афроди шинохта ба мисли ситораи синамо Амиттабҳ Баччан рӯзи 24-уми ноябр дар маҳаллаи Ҷуҳуи шаҳри Мумбай бо ӯ видоъ намуданд.

Дҳармендра соли 1935 дар Панҷоб ба дунё омада, баъди пирӯзиаш дар як озмуни синамои ҷавонон дар соли 1960 ба Мумбай кӯчид ва тӯли шаст соли гузашта дар садҳо филми маъруфи ҳиндӣ нақши қаҳрамони мусбат, ҷавони ошиқ, инсони хуб ва ҳатто нақшҳои ҳаҷвиро иҷро кардааст.

Соли 1975 Дҳармендра дар филми "Шулай", ки дар Тоҷикистон бо номи "Қасос ва Қонун" маъруф аст, ҳамроҳи Амитабҳ Баччан нақши ду дӯсти ҳақиқатҷӯйро бозидаанд. Ин филм ҳамчун намунаи фарҳанги ҳиндӣ эътироф шудааст.

Ҳамсари аввали Дҳармендра Пракаш Каур мебошад. Онҳо қабл аз шуҳратёбии Дҳармендра издивоҷ карда буданд. Дар соли 1980 Дҳармендра бидуни талоқи ҳамсараш бори дуюм ва ин дафъа бо Ҳема Малинӣ издивоҷ кард.

Дҳармендра дар солҳои 2004-2009-ум вакили мардумӣ ҳам будааст. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба аҳли оила ва наздикони Дҳармандра ҳамдардӣ иброз дошт.

Шахси наздик ба духтари Мирзиёев намояндаи хос дар Вашингтон шуд

Комил Алламҷонов
Комил Алламҷонов

Комил Алламҷонов, яке аз шахсони наздик ба Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон, дар сафорати ин кишвар дар Вашингтон намояндаи хос таъйин шудааст. Ӯ маъмурияти президенти Узбекистонро дар Иёлоти Муттаҳида намояндагӣ хоҳад кард.

Фармонро дар ин бора Саида Мирзиёева, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Узбекистон ва духтари президент Шавкат Мирзиёев, рӯзи 24-уми ноябр имзо гузоштааст.

Алламҷонов дар моҳи сентябри имсол мушовири вижаи барномаи омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар Иёлоти Муттаҳида таъйин шуд.

Ӯ ҳамзамон ба ҳайси мушовири мустақили роҳбари маъмурияти президенти Узбекистон кор хоҳад кард. Ба ин мақом дар моҳи июни имсол таъйин шуда буд.

Намояндаи хоси маъмурияти президенти Узбекистон дар Вашингтон баррасиву татбиқи тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кори Шӯрои тиҷорат ва сармоягузории Амрико-Узбекистонро бар уҳда хоҳад дошт.

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба Киев ба 6 нафар расидааст

Шаҳри Киев. Пайомади ҳамлаи Русия. 25-уми ноябри 2025
Шаҳри Киев. Пайомади ҳамлаи Русия. 25-уми ноябри 2025

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ба шаш нафар расидааст.

Бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ навишт, ки ҳамла шаби 24 ба 25-уми ноябр сурат гирифт.

Тимур Ткаченко, раиси маъмурияти низомии Киев, дар саҳифааш дар Telegram навишт, дар ноҳияи Святошинский чор кас кушта шуданд.

Қаблан дар бораи марги ду нафар, аз ҷумла як зани 86-сола, дар ноҳияи Днепровский гузориш расида буд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар бораи бистарӣ шудани нуҳ нафар, аз ҷумла як кӯдак ва се калонсол хабар дод.

Ба гуфтаи шаҳрдор, эҳтимол баъзе аз одамон дар зери вайронаҳои як бинои харобшуда дар ноҳияи Святошинский монда бошанд.

Мақомот аз қатъи нерӯи барқ ва об дар баъзе аз гӯшаҳои Киев хабар доданд.

Ҷаласаи СПАД. Маҳдудияти равуо дар баъзе аз гӯшаҳои Қирғизистон

Яке аз роҳҳои Бишкек
Яке аз роҳҳои Бишкек

Дар пайванд ба нишасти Шӯрои амнияти ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, аз 25 то 27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон равуои мошинҳоро маҳдуд мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Вазорат аз ронандагон хостааст, мошинҳои худро дар канори роҳҳо нагузоранд, аз истифодаи мошинҳои борбари гаронвазн худдорӣ кунанд ва дастурҳои нозирони роҳро иҷро намоянд.

Ба ҷуз ин, мактабҳои миёнаи Бишкек аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр ба таълими онлайн мегузаранд. Мактабҳои олии пойтахти Қирғизистон низ аз 25 то 27-уми ноябр ба таври маҷозӣ ё онлайн кор хоҳанд кард.

Нишасти асосии Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои вебсайти созмон, дар ҷаласа тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Интизор меравад, дар нишаст раҳбарони Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок кунанд.

Ҳунарманди тоҷик: "Бигузоред соҳибкорон оромона кор кунанд"

Зулайхо Маҳмадшоева, ҳунарманди тоҷик.
Зулайхо Маҳмадшоева, ҳунарманди тоҷик.

Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик, ки дар баробари ҳунармандӣ ба соҳибкорӣ низ машғул аст, дар як паёме дар саҳифаи инстаграми худ аз масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то имкон диҳанд мардум фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Ба навиштаи ӯ, соҳибкорон сари вақт маблағи андози худро месупоранд, вале баъзе намояндаҳои ин ниҳод айбҷӯӣ мекунанд ва онҳоро ором намегузоранд.

Ӯ дар идома гуфтааст, намедонад ба куҷо муроҷиат кунад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди навиштаи ӯ мақомот "дар ин масъала бо инсоф сӯҳбат мекунанд".

Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин гуфтаҳои Зулайхо Маҳмадшоева вокуниш накардаанд.

Дар гузашта низ соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт ва тафтишҳои пай дар пай шикоят карда буданд.

Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ, ки дар "Равзанаи ягона"-и Кумитаи андоз сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори онҳо фаъолиятро бас кардаанд.

Бархе соҳибкорон аз дахолат ба корашон ва таваҷҷуҳ нашудан ба мушкилашон сӯҳбат мекунанд, ки боиси аз кор мондани ширкату корхонаи онҳо гаштааст.

Русия мегӯяд, "тақаллуби санадҳо" миёни муҳоҷирон афзудааст

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Русия ҷиноятҳои марбут бо тақаллуби ҳуҷҷатҳо миёни муҳоҷирон афзудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ дар Русия хабар дод.

Алексей Гасак, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия, гуфтааст, теъдоди ҳодисаҳои ошкоршуда бо иттиҳоми тақаллубӣ, таҳия ва фурӯши асноди муҳоҷирон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад бештар аст.

Ба гуфтаи ӯ, "муҳоҷирони корӣ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия бештар ба издивоҷҳои сохта, фарзандхонӣ ва тақаллуби натиҷаҳои имтиҳони ягонаи давлатӣ даст мезананд."

Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти марзбонӣ зиёда аз се ҳазор мавриди иваз кардани маълумоти шахсии хориҷиро барои ворид шудан ба ин сабт кардааст.

Аз аввали сол ба зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозат дода нашуд, ки ба Русия ворид гарданд. Аз ин теъдод, се ҳазор нафар кӯшиши вуруд бо истифода аз маълумоти тағйирёфтаро кардаанд.

"2 хонаро вайрон карданд." Баҳси мардум бо "Муҳиддин Суруш" ба куҷо расид?

Ҷои ҳодиса. Кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат
Ҷои ҳодиса. Кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат

Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ, мақомот дар шаҳри Ваҳдат монеи вайрон кардани манзили сокинон дар кӯчаи Наврӯз шудаанд. Соҳибони ҳафт хона дар инҷо рӯзи 21-уми июн шикоят доштанд, ки ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” бе ризояти онҳо ва пешниҳоди ҷуброн бо трактору булдозер ҷойи зисташонро вайрон мекунад. То кунун ду хона тахриб карда шудааст.

Сокинон рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони ҳукумат баъд аз зуҳри ҷумъа ба назди онҳо омада, “аз тахриби панҷ манзили дигар пешгирӣ карданд”. Маълум нест, ин қарор доимист ё танҳо фурсатест барои музокироти байни ширкати бинокор ва соҳибони ҳавлиҳо.

Яке аз онҳое, ки хонааш вайрон карда шудааст, рӯзи душанбе гуфт, “намояндагони ҳукумат пурсиданд, ки розӣ будед, хонасоз манзилҳоятонро чаппа кунад? Мо ҳама дар ҷавоб гуфтем, ки розӣ нестем.”

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “агар навор саривақт пахш намешуд, мумкин буд, манзилҳои дигарро ҳам вайрон мекарданд. Пас аз суҳбати намояндаҳои ҳукумати Ваҳдат то имрӯз касе наомадааст.”

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” низ трактору булдозерҳояшро аз хонаҳои баҳсӣ берун баровардааст. Вале талоши мо барои гирифтани шарҳи намояндагони ширкат дар чаҳор рӯзи охир бенатиҷа буд.

Дар бораи “Муҳиддин Суруш” маълумоти кофӣ дар даст нест. Қарор аст, ин ширкат дар ҷойи ҳавлиҳо дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат бинои баландошёна бисозад, аммо мардум мегӯянд, ба онҳо на ҷуброни зарурӣ дода шуда ва на арзиши хонаашон пардохт шудааст.

Дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои дигар баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Ҳар чанд вақт сокинон шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд. Меъморон мегӯянд ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.

Масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дар Тоҷикистон дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои шаҳри Душанбе аз 400 то 1800 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран баҳсҳо барои хона ҳам беасос нест.

Ҳабси муваққатии гумонбарони ташкили ошӯб дар Қирғизистон

Темирлан Султонбеков
Темирлан Султонбеков

Дар Қирғизистон даҳ нафарро бо гумони омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо писар ва чанде аз шарикони раисҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев низ ҳастанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, “боздоштшудаҳо ният доштанд, пас аз эълони натиҷаҳои интихобот аввал дар ҷануб ва сипас дар шаҳри Бишкеку минтақаҳои дигари Қирғизистон як силсила гирдиҳамоиро ташкил кунанд.”

“Нақшаи онҳо мусодираи эҳтимолии биноҳои маъмурӣ, шабакаҳои телевизионӣ, иншооти нерӯҳои амниятӣ, аслиҳа ва муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегирифт,” – гуфта шудааст дар баёнияи расмӣ.

Ба иттилои мақомот, нерӯҳои амниятии Қирғизистон ҳангоми кофтукоб аз гумонбарон “силоҳу муҳимоти ҷангӣ, норинҷак, васоили иртиботот, нақшаи чорабиниҳо, маводи мухаддир ва 150 ҳазор доллар пули нақд”-ро мусодира кардаанд.

Модари Темирлан Султонбеков, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз боздоштшудаҳо, гуфт, ҳангоми кофтукоб дар хонаи онҳо ба фарқ аз аксу наворҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ паҳну нашр кард, чизе ёфт нашудааст.

Додгоҳи шаҳри Бишкек шоми 23-юми ноябр ба ҳабси чанде аз гумонбарон иҷоза дод.

Аз ҷумла, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ Темирлан Султонбеков, ҷонибдори ӯ Қодирбек Отамбоев, вакили собиқ Шайлообек Атазов ва соҳибкор Урмат Бариқтабасов барои ду моҳи оянда дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.

Интизор меравад, интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 баргузор гардад.

Ҷасади ду зодаи дигари Тоҷикистонро аз Русия овардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 23-юми ноябр ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро, ки зоҳиран дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба ватан оварданд.

Тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ ва Шарофиддин Саидов аз ноҳияи Варзобро аз шаҳри Ростови лаби Дон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба наздиконашон супурданд.

Наворҳо аз лаҳзаи фиристодани ҷасадҳо ва ҳамчунин дафни онҳо дар зодгоҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дар видеоҳо иддао мешавад, ки ҳарду нафар дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Рӯзи марги онҳо маълум нест.

Ҳангоми боз кардани тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ дар болои ҷасади ӯ либоси сабзи шабеҳи либоси низомиён дида мешавад. Кай ва чӣ гунаву аз куҷо ба ҷанги Украина рафтани ҳалокшудагон ҳоло маълум нест.

Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанги Русия дар Украина мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахтеро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати тақрибан чаҳор соли ҷанг ҳеч додгоҳи кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.

Раҳоии ду мансабдори муттаҳам ба фасод бо пардохти ҷарима

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зикрулло Ҳайдарзода ва Толибшо Назризода, ду мансабдори пешин дар ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун (вилояти Хатлон), ки ба ришваситонӣ ва қаллобӣ гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод гаштаанд.

Ҳайдарзода муовини раис ва Назризода роҳбари дастгоҳи ҳукумати Ҷайҳун буд.

Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон парвандаи Толибшо Назризодаро ду моҳ пеш ба додгоҳ фиристод.

Радиои Озодӣ матни ҳукмро рӯзи 24-уми ноябр дид.

Тибқи он, ҳар кадом пас аз пардохти 102 ҳазор сомонӣ аз мақом ронда шудаанд. Аввалӣ акнун дар яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия кор карда, дувумӣ машғули тиҷорат гаштааст.

Ришваситонии онҳо барои тақсими замин ва азхудкунии лӯлаҳои об дар бинои ҳукумати ноҳия дар замони корашон рабт доштааст. Назари онҳо ва вакилонашон ба ҳукм маълум нест, аммо дар парванда зикр шудааст, ки гумонзадҳо дар мурофиа ҷиноятро эътироф кардаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беҷазоӣ ё ҷазои сабукро сабаби густариши фасод дар Тоҷикистон медонанд.

Кушта шудани фарди шумораи дуи "Ҳизбуллоҳ" дар ҳамлаи Исроил

Артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ дар атрофи Бейрут, пойтахти Лубнон, Ҳайсам Алӣ Таботабоӣ, марди шумораи ду дар гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро куштааст. "Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳамчунин як ҳизби сиёсӣ аст ва дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ муаррифӣ кардааст ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии ин гурӯҳро шомили феҳристи сиёҳ кардааст.

Чанд соат пас аз ҳамлаи Исроил, ки баъд аз зуҳри 23 ноябр анҷом шуд, гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" дар баёнияе кушта шудани Ҳайсам Алӣ Таботабоиро, ки сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ин гурӯҳ шинохта мешуд, тасдиқ кард.

Амрико қаблан барои маълумоте, ки боиси боздошти Таботабоӣ шавад, панҷ миллион доллар таъйин карда буд.

Вазорати тандурустии Лубнон гуфтааст, ки дар ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ дастикам панҷ нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар Санкт-Петербург боз як шуғли дигар барои муҳоҷирон манъ шуд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Санкт-Петербург, дуюмин шаҳри калонтарини Русия, маҳдудияти кор кардани муҳоҷирон дар бахши бурдарасонӣ ё курйер эътибор пайдо кард.

Сар аз 22-юми ноябр хориҷиёне, ки иҷозаи кор ё патент ҳам доранд, дигар наметавонанд дар бахши хидматрасонии курйерӣ кор кунанд.

Бар асоси қарори волии Санкт-Петербург, ки моҳи август ба имзо расид, расондани ғизо ва тамоми намуди молу коло барои муҳоҷирон манъ аст.

Мақомоти Санкт Петербург ҳадаф аз қабули ин қарорро "мубориза бо кори пиҳонӣ, беҳтар кардани хадамот дар бахши колорасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, пеш аз ҳама ҷавонон ва донишҷӯён", гуфтаанд.

Расондани молу коло ё курйер як кори даромаднок барои муҳоҷирон гуфта мешуд. Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд".

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи "Фонтанка", дар рӯзи аввали маҳдудият, нархи бурдарасонӣ дар бархе аз минтақаҳои Санкт-Петербург беш аз 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Пеш аз ин ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум кард. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир, бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.

Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.

Пулиси Душанбе як ноболиғро аз тарбияи модараш берун кардааст

Пулис гуфтааст, ки модар ҷони фарзандашро дар хатар гузошта буд.
Пулис гуфтааст, ки модар ҷони фарзандашро дар хатар гузошта буд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар додааст, ки як писари хурдсолро аз тарбияи модараш берун карда, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супурдааст.

Ин ниҳод рӯзи 21-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки писари ноболиғи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул буд.

Ба гуфтаи пулис, ин зан “писари хурдсоли худро ба савдо дар маконҳои номуайяншуда ва оворагардӣ водор намуда, аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст.”

Назари ин зан ба изҳороти пулис маълум нест, вале дар гузашта сокинон гуфта буданд, ки аз нодориву ночорӣ фарзандони хурдсолӣ худро ба кор ҷалб мекунанд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила бемаҳрум сохтан аз ҳаққи модарӣ фарзанди ин зан ба таҳсил ҷалб шудааст.

Маъмулан, ин модда нисбат ба падару модароне татбиқ мешавад, ки бо сабаби беморӣ, нодорӣ, гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ ё майзадагӣ имкони тарбияи фарзандро надоранд ва онҳоро дар хатар мегузоранд.

КДАМ гуфт, бо бесарнишин ба кочоқбарон дар марз бо Афғонистон ҳамла кардааст

КДАМ бо нашри наворе хабар дод, ки бори аввал дар ҳамла ба кочоқбарон аз бесарнишин истифода кардааст.
КДАМ бо нашри наворе хабар дод, ки бори аввал дар ҳамла ба кочоқбарон аз бесарнишин истифода кардааст.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки бори аввал як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро бо истифдоа аз дрон ё “бесарнишинҳои сохти ватанӣ” дар марз нобуд кардааст.

Дар гузорише, ки 22-юми ноябр дар телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳафт нафар кочоқбар пас аз убури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳодиса шаби 20-уми ноябр дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон рух додааст ва субҳи он рӯз, ҷасади ду тан аз қочоқбарон, Шероғо валади Аввалмир ва Ҷумъагул валади Ҳаким, зодагони улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон онҷо пайдо шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти КДАМ, дар ин маҳал “116 бастаи маводи мухаддир дар панҷ халта дарёфт ва мусодира шудааст.”

Мақомоти КДАМ дар ин гузориш нагуфтаанд, ки панҷ нафари дигар аз қочоқбарон куҷо шудаанд.

Маълум нест, ки "бесарнишинҳои сохти ватанӣ" кай ва аз ҷониби кадом ширкат дар Тоҷикистон сохта шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш ҳазор километр хатти марз дорад. Мақомот ҳамеша аз боздошт ё занозанӣ бо кочоқбарон дар ин хатти марз хабар медиҳанд.

Мухолифони ҳукумат иддао мекунанд, ки дар интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бархе мансабдорони тоҷик даст доранд, аз ин рӯ, интиқолу фурӯши он дар дохили кишвар коҳиш намеёбад.

Мақомот ин иддаоро рад карда, мегӯянд, бо “гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебаранд.”

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG