Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 80 нафари баргашта аз Чинро аз бемористони Душанбе ҷавоб доданд. АКС


Акс аз хабаргузории "Азия-Плюс"

Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи аввали шаҳрвандонро, ки аз Чин, маҳалли кашфи вируси хатарноки "корона", баргашта ва зери назорати пизишкон буданд, ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", рӯзи 14-уми феврал 87 нафар аз бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуданд. Онҳо ду ҳафта пеш аз Чин баргашта буданд.

Пизишкони (духтурони) бемористони касалиҳои сироятии Душанбе гуфтанд, "ин афрод гирифтори ягон беморӣ нестанд ва дар баданашон ягон нишонаи коронавирус дида намешавад."

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз тақрибан 900 нафареро, ки аз Чин омадаанд, дар бемористону осоишгоҳҳо ҷой кардаанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Чин ҳам ҳастанд. Онҳо бояд 14 рӯз муҳлати карантинро сипарӣ кунанд.

Як донишҷӯи тоҷик, ки аз аввали ин моҳ дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд зери муоинаи пизишкон қарор дорад, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, онҳоро фардо ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ афзуд, рӯзи 1-уми феврал ӯ ва нӯҳ ҳамдарсаш дар яке аз донишгоҳҳои Чин, тариқи Екатеринбург ба Хуҷанд омаданд ва аз фурудгоҳ рост ба бемористон бурда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар Бемористони маризиҳои сироятии Хуҷанд ҳудуди 50 нафар зери муоина қарор доранд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар асари ин вирус дар Чин дар як рӯз 242 нафар ҷон бохтанд. Шумораи умумии қурбониён ҳоло дар Чин ба 1347 нафар расидааст. Ҳоло 60 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Ин вирус дар оғоз дар шаҳри Вуҳани Чин сабт шуд ва ба як бӯҳрони ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфт ва ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҳамсояҳои Чин низ сироят кард.

Аксҳо аз лаҳзаи берун шудани шаҳрвандон аз бемористони касалиҳои сироятии Душанбе:

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG