Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

ВКХ изҳороти Навҷувоновро дар бораи марз "назари шахсии ӯ" хонд

Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов роҷеъ ба масоили марзӣ бо Қирғизистон, танҳо "фикри шахсии ӯст" ва назари расмӣ ба шумор намеравад.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилӣ дар Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кард ва гуфт, "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Ин изҳороти генерали тоҷик вокунишҳои ҷониби Қирғизистонро дар пай дошт.

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ин суханони генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва бинобар ҳамин, назари расмӣ ба шумор намеравад. Ӯ айни замон таъкид кард, ки "ибрози назари генерали тоҷик бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад".

Дар пайи изҳори назари Абдулло Навҷувонов, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умедворанд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Фаронса вазири собиқи арманитабор аз Ковид-19 даргузашт

Патрик Девидҷон дар 75-солагӣ даргузашт ва аввалин сиёсатмадори фаронсавӣ шуд, ки қурбонии Ковид-19 гардид. Акс аз бойгонӣ

Собиқ вазире дар Фаронса аввалин сиёсатмадоре шуд, ки бар асари олудагӣ ба коронавирус даргузашт. Патрик Девидҷон рӯзи 29 март дар синни 75-солагӣ даргузашт. Ӯро рӯзи 26 март бо натиҷаи мусбати олудагӣ ба вирус ба бемористон интиқол доданд. Девидҷон, ки решаҳои арманӣ дорад, дар солҳои раёсатҷумҳурии Николя Саркозӣ ва Жак Ширак ба ҳайси узви маҷлис ва вазир ифои вазифа кардааст. Рӯзи 29 март шумори ҳалокшудаҳо бар асари вирус дар Фаронса 2314 нафарро ташкил дод ва ин кишвар аз назари омори ҳалокати инсонҳо бар асари коронавирус панҷумин кишвар дар ҷаҳон шуд. Собиқ нахуствазири Фаронса Мануэл Воллс бо таассуф аз даргузашти Девидҷон ӯро чун як инсони “дар кораш самимиву ҳазлкаш” ёд кард. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки марги Девидҷон ба арманиҳои Фаронса ва мардуми Арманистону Фаронса “зарбаи шадид” зад.

121 ҳодисаи нави Ковид-19 дар Покистон

Исломобод. Коргаре кӯчаву мошинҳоро дезинфексия мекунад

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар 24 соати гузашта 121 ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирусро ошкор кардаанд, ки шумори умумии гирифторон ба вируси навро ба 1600 нафар баробар мекунад. Ба ин шумор, аз ҷумла 14 нафари ҳалокшуда ҳам шомил мешаванд. Вазири беҳдошт Зафар Мирзо рӯзи 29 март гуфт, ки 71 дарсади ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Покистон аз берун, асосан аз Эрон овардашуда мебошад. Дар Эрон вазъи паҳншавии вирус дар миқёси Ховари Миёна мудҳиштарин ҳолатро касб кардааст. Дар Покистон бо аҳолии 220 миллион ҷамъият мақомот тадбирҳои маҳдудкунанда аз паҳншавии вирусро ҷорӣ кардаанд, вале бо ин вуҷуд дар ин кишвар афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба вирус мушоҳида мешавад. Қонунгузорон ва мутахассисон аз ҳукумат тақозо кардаанд, ки санҷишҳои тиббии аҳолӣ аз коронавирусро афзоиш диҳад.

Украина ба қабули қонуни нави ҳимояткунандаи иқтисоди осебдида аз Ковид-19 омода мешавад

Президенти Украина Владимир Зеленский

Парлумони Украина рӯзи 30 март дар як ҷаласаи изтирорӣ қабули қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки ҳадаф дорад ин кишвари воқеъ дар Аврупои Шарқиро аз таъсири Ковид-19 ҳимоят бикунад. Зарурати доштани ин қонунро Сандуқи байналмилалии пул тақозо кардааст, ки бар асоси он барномаи қарздиҳӣ ба Украина дар ҳаҷми 8 миллиард доллар боз мешавад ва Киевро ба дарёфти миллионҳо доллар кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва дигар пуштибонҳои хориҷӣ умедвор хоҳад мекунад.

Президент Владимир Зеленский дар муроҷиати даҳдақиқаинааш тавассути телевизион дирӯз гуфт, ки қабул нашудани чунин як қонун кишварро бо хатари мушкилоти сангини иқтисодӣ дар пасманзари паҳншавии Ковид-19 рӯбарӯ мекунад. Дар Украина шумори олудашудаҳо бар асари вируси паҳншаванда 500 ва ҳалокати инсонҳо 10 нафарро ташкил додааст. Зеленский хитоб ба вакилони Верховная Рада гуфт, “мардуми Украина фардо хоҳад дид, ки то куҷо шумо омодаи ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ҳастед”. Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, ки кишвар ба қонуни нави танзимкунандаи кори бонкҳо ниёз дорад, то ки моликони собиқи бонкҳои миллишудаву азбайнрафта натавонанд аз кӯмакҳои нав даъвои дарёфти ҷубронпулӣ бикунанд.

То 30 март дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

Дар Тоҷикистон то ба имрӯз мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30-юми март хабар дод.

Ин вазорат ҳамчунин мегӯяд, ки аз аввали моҳи феврал то охири моҳи март 6159 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, дар беморхонҳо ва осоишгоҳҳо ба карантин фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат 2146 тани онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда ва ҳоло 4013 нафар дар беморхонаҳои кишвар дар карантин қарор доранд.

Мақомоти тоҷик дар пайи паҳн шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, марзҳои ҳавоӣ ва заминии худро бастанд.

Вируси нави корона, ки то ин дам боиси марги беш аз сиву се ҳазор нафар шуд, нигарониҳои ҷиддиро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба миён овардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки чун то имрӯз дар кишвар гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст, ба ин хотир зарурати эълони вазъи фавқулодда нест.

Мақомот барномаи пешгирӣ аз вируси нави корона ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро таҳия карда, барои амалӣ кардани он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ кӯмак хостаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мавридҳои гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шуда, дар бархе аз ин кишварҳо вазъи фавқулода ва карантин эълон шудааст.

Посухи  Кобул ба Толибон баъди рад кардани ҳайати музокиротии ҳукумат 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Баъди он ки гурӯҳи Толибон пешниҳоди ҳайати ҳукумати Афғонистонро барои ширкат дар музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 19-сола рад кард, ҳукумат дар Кобул ба шӯришиён посухи тунд дод.

Ваҳид Умар, мушовири президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 29 март ба журналистон дар Кобул гуфт, ки Толибон дар остонаи музокироти деринтизор “дигар набояд баҳонаҷӯӣ” кунанд.

Қарор буд музокироти Толибон ва ҳукумати Афғонистон рӯзи 10 март шурӯъ шавад, вале бо сабаби баҳсҳо бар сари аъзои тими музокиротӣ гуфтугӯҳо ба таъхир гузошта шуд.

Чанд ҳафта баъди таъхир, рӯзи 27 март ҳукумат эълон кард, ки дар музокирот ҳайати 21-нафара, аз ҷумла панҷ зан иштирок мекунанд.

Вале Толибон рӯзи 28 март ҳайати музокиротии ҳукуматро рад карданд ва гуфтанд, ки ҳукумат ба ин тим “ҳайати фарогире” ворид накард.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи шанбе бо пахши изҳороте гуфт, “ба хотири дастёбӣ ба сулҳи воқеӣ ва давомдор, тими ёдшуда бояд бо тамоми ҷонибҳои манфиатовари Афғонистон розӣ шавад, то ки аз тамоми намояндагон муарифӣ карда тавонад”.

Умар иддаои Толибонро рад карда гуфт, ки тими музокиротӣ “як Афғонистони воҳид”-ро муаррифӣ мекунад. Ноҷия Анварӣ, сухангӯи вазорати сулҳи Афғонистон мавқеи Толибонро интиқод кард ва гуфт, ки тими ҳукуматӣ дар машварат бо аъзои ҷомеаи Афғонистон гирд омадааст.

Маълум нест, назари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби сиёсии президенти Афғонистон Ғанӣ дар ин замина чӣ аст. Равобити ин ду нафар баъди интихоботи президентии Афғонистон дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Фиристодаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод баръакс аз ҳайати тими музокиротии Кобул истиқбол кард. Бар асоси тавофуқи сулҳи ИМА ва Толибон, қарор аст ҳукумат дар Кобул ва Толибон музокираҳои мустақимро роҳандозӣ кунанд.

Лағжиши кӯҳпора дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Лағзиши кӯҳпораи азим дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки ҷануби кишварро ба шимоли он мепайвандад, ҳаракат дар ин масирро барои чанд лаҳза боздошт. Ба иттилои ширкати IRS, ҳодиса шомгоҳи 29-уми март дар километри 45-уми ин шоҳроҳ рух дода, як мошини борбари ҳомили газ зери кӯҳпора мондааст. Манбаъ мегӯяд, ки мошини борбар осеби ҷиддӣ дидааст, аммо ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. IRS мегӯяд, ки кормандони ин ширкат дар ҳамоҳангӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда паёмадҳои онро рафъ намуданд.

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пойтахти Тоҷикистонро ба шимоли кишвар мепайванд ва яке аз ҷодаҳои серрафтуомади кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бар асари фаромадани тарма ва лағжиши кӯҳпораҳоҳо чандин нафар ҳалок шуда, роҳ барои чанд муддат баста мешавад.

Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст.

Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Мухолифон мақомотро барои онки нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар як роҳи муҳими кишварро ба ширкати номаълуме додаанд, танқид мекунанд.

Раиси СБА: иқтисоди ҷаҳон дар марҳилаи рукуд аст

Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева гуфт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар пайи паҳншавии вируси корона шомили марҳилаи рукуд шудааст. Вай аз кишварҳои дунё даъват кард, ки бо рӯи даст гирифтани "барномаҳои бузург", аз варшикастагиву дефолт пешгирӣ кунанд.

Георгиева дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои дар ҳоли рушд барои пушти сар кардани буҳрон ҳадди ақал ба 2,5 триллион доллар ниёз доранд.

Ин буҳронро вируси корона ба бор овард. Айни ҳол вируси корона бештар аз 30 ҳазор касро дар саросари дунё куштааст.

Георгиева баъди он нишасти хабарӣ баргузор кард, ки бо сарони 24 кишвари дунё – гуруҳи таъйинкунандаи сиёсати СБА – гуфтугӯи телефонӣ дошт.

“Барои ҳама ошкор аст, ки мо вориди марҳилаи рукуд шудем. Рукуде монанд ба соли 2009 ва ё бадтар аз он. Мушкили асосии уфти якбораи иқтисоди ҷаҳонӣ мавҷи варшикастагиҳо ва аз кор ихроҷ карданҳо аст, ки натанҳо барқарориро мушкил, балки зиндагии ҷомеаи моро хароб мекунад”, - гуфт Георгиева.

Вай огоҳ кард, ки ҳолати аз ин бадтар барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҳанӯз дар пеш аст. Ба гуфтаи вай, ин кишварҳо ҳанӯз паёмадҳои гарони ваборо эҳсос накардаанд, аммо аз ҳоло аз фирори сармоя ва уфти қимати маҳсулоти содиротиашон зиён мебинанд.

Георгиева мегӯяд, СБП ба таври бесобиқа дархости кумаки фаврии молӣ дарёфт мекунанд. 81 кишвар, аз ҷумла 51 кишвари дорои сатҳи пасти даромад ва 31 кишвари дорои сатҳи миёнаи даромад (чун Покистон, Гана, Эрон ва Қирғизистон) аз СБА дархости кумаки молӣ кардаанд.

Мағозаҳои Туркманистон хариди ғайринақдиро маҳдуд карданд

Яке аз бозорҳои Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Мағозаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хариди ғайринақдӣ маҳдудият ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи сокинон, маҳдудият аз 28 март ҷорӣ шудааст.

“Бо кортҳои бонкӣ дар рӯз то 80 манат харид кардан мумкин аст. Дар сурати бештар шудани харид корт баста мешавад”, - гуфт як сокин.

Бонки марказии Туркманистон қурби 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст.

Бино ба қарори вазорати тиҷорати Туркманистон, байни хариди аввал ва харидҳои баъдӣ 48 соат фосила таъйин шудааст. Як муштарӣ дар сурати аз мағозаи давлатӣ харид кардан бояд на камтар аз 48 мунтазир шавад ва баъдан хариди дувумро анҷом диҳад.

Ба ҷуз ин, бино бар тартиботи нав, аъзои оила ҳақ надоранд, ки харидҳои якдигарро пардозанд. Ҳар узви оила бояд бо корти худ харидашро пардохт кунад.

Ба гуфтаи сокинон, айни ҳол дар мағозаҳои давлатии Туркманистон барои хариди нон, орд, равған, тухм ва гӯшти мурғ навбатпоӣ мушоҳида мешавад. Ин навъи маҳсулот бо меъёр ва дар соатҳои муайян фурӯхта мешавад.

Дар мағозаҳои хусусӣ нархи маҳсулот нисбатан баланд аст ва ба ҳамин далел, бисёре аз муштариҳо талош мекунанд, ки аз мағозаҳои давлатӣ хардидорӣ кунанд.

Ҳамаи фурудгоҳҳои Узбекистон муваққатан фаъолияти худро қатъ карданд

Ҳамаи фурудгоҳҳои Узбекистон бо қарори Комиссияи махсуси давлатии мубориза бо коронавирус аз 30-юми марти соли равон фаъолияти худро қатъ карданд.

"Аз 30 март то 20 апрели соли 2020 тамоми фурудгоҳҳои Узбекистон фаъолияти худро қатъ карда, ҳамаи парвозҳо низ манъ карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи комиссия.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати умури хориҷии Узбекистон ба хотири баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ дар якҷоягӣ бо сафорату консулгариҳо парвозҳои чартериро ба роҳ мемонад.

Дар Узбекистон ҳамчунин аз 30-юми март истифодаи нақлиёти шахсӣ манъ мешавад. Шаҳрвандони Узбекистон танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ, ҳангоми таваллуд, захми ҷиддӣ ё ҳолатҳои дигаре, ки ҷони инсон дар хатар аст, метавонанд аз нақлиёти шахсии худ истифода кунанд.

Сокинони Тошкандро барои нақзи карантин беш аз 1 млн сӯм ҷарима карданд

Узбекистон аз чанд рӯз ба ин тараф дар карантин ба сар мебарад.

Сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 27-уми март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, як қисми иштирокчиёни тӯй ниқоби тиббӣ надоштанд.

Баъди муроҷиати сокинони бино, ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҳозир шуда, баргузории тӯйро манъ карда, бо иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 16-уми март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27-уми март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 30-юми март шумори мубталоён ба коронавирус ба 144 нафар расидааст.

Сабти 12 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қазоқистон

Шаҳри Алмато, Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, то рӯзи 30-юми март шумораи мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 283 нафар расид.

Ахиран дар Қазоқистон 12 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, 1 ҳолат дар Нурсултон, се ҳолат дар Алмато, шаш ҳолат дар вилояти Атирау ва ду ҳолат дар вилояти Алмато сабт гаштааст.

Дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон аз 28-уми март низоми карантин сахттар карда шудааст. Сокинон танҳо барои хариди дору, ғизо ва рафтан ба кор ҳаққи берун баромадан аз хонаҳоро доранд.

Низоми шадиди карантин дар шаҳри Чимкент низ ҷорӣ шудааст. Аз 30-юми март шаҳрҳои Атирау, Қарағанда, Темиртау, Шахтинск, Абай ва Саран низ карантин мешаванд.

Тоҷирони мошин аз Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон дармондаанд.ВИДЕО

Қазоқистон марзҳояшро барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастааст.

Гуруҳе аз тоҷирони мошин аз Тоҷикистон мегӯянд, тақрибан ду ҳафта аст, ки дар марзи Русияву Қазоқистон бо мошинҳояшон дармондаанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд. Шарифҷон Қаюмов яке аз ин тоҷирон ва сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо тақрибан 30 нафаранд ва аз 18-уми март дар гузаргоҳи Сагарчин дар марзи Русияву Қазоқистон мунтазиранд, ки ба онҳо иҷоза бидиҳанд, то ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Ӯ гуфт: “Аз 18-уми март дар марзи Русияву Қазоқистон дар вилояти Оқтуба дармондем. Тақрибан 30 нафар ҳастем. Бачаҳо чанд бор ба консули Тоҷикистон дар Қазоқистон телефон кардем, касе ҷавоб надод.“

Тоҷирони тоҷик бо мошинҳояшон дар марзи Қазоқистон дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “баҳри вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа телефонҳои шабонарӯзӣ фаъол мебошанд. Вазорат шумораи тамос бо намояндагиҳоро дар ин саҳифа гузоштааст.

https://mfa.tj/tg/main/view/5892/mushakhkhasoti-tamos-bo-namoyandagihoi-diplomati-va-konsulii-tojikiston-dar-khorija

Ҳукумати Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламраваш марзҳояшро бастааст ва тоҷирони тоҷик дар вазъи мушкиле афтодаанд. Шарифҷон Қаюмов гуфт, ҳамаи тоҷирон мошинҳоро аз Литва ва Олмон харида ва қасд доштаанд, барои фурӯш ба Тоҷикистон баранд, ки ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мо шабамонро дар мошин рӯз мекунем. Пуле доштем барои хӯрдан тамом шуд, Мағозаҳо гуфтанд, карантин ҳамаҷо баста. Як ошхона буд ҳамонро ҳам бастанд. Барои харид бояд 15 километр баргашта равем.” Шарифҷон Қаюмов видеоеро аз наздикии гузаргоҳ ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он мошинҳои мусофирбар ва сабукрав бо рақамҳои транзитӣ дида мешаванд. Ӯ гуфт, ки мошинҳо ба тоҷирони тоҷик тааллуқ доранд ва акнун онҳо намедонанд, бо онҳову мошинҳояшон чӣ мешавад. Баъди сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон бахусус дар Русия дармонданд.

"Аббот" абзоре сохтааст, ки вирусро дар 5 дақиқа маълум мекунад

Ҳоло барои маълум кардани вирус на камтар аз 4 соат лозим аст.

Як ширкати амрикоӣ мегӯяд, Идораи Ғизо ва Доруворӣ ба онҳо иҷоза додааст, як абзори озмоиширо, ки бемории КОВИД-19-ро дар камтар аз 5 дақиқа маълум мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Ширкати “Озмоишгоҳҳои Аббот” рӯзи 27-уми март бо нашри як баёния гуфт, ки иҷоза барои истифодаи абзор истисноӣ аст, ба ин маънӣ, ки бо назардошти ҳолати фавқуллода метавонанд, онро истифода баранд.

Дар акси ҳол, барои иҷоза гирифтан абзори нави озмоишӣ бояд чанд марҳилаи дигари тафтишу тасдиқро бигзарад. Дар баёния омадааст, ки “Аббот аз ҳафтаи оянда абзори ташхисии ID NOW COVID-19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва интизор дорад, дар як рӯз то 50 ҳазор дона истеҳсол кунанд.”

Абзори нав баробари як қуттии хурд аст, ки имкон медиҳад, таҳқиқи вирус зуд анҷом шавад. Айни замон барои маълум кардани коронавирус дар вуҷуди инсон аз 4 то 8 соат зарур аст. Аз ин пештар мақомоти Амрикоро танқид кардаанд, ки барои озмоиши беморон абзор ва васоили кофии ташхис надоранд.

Саудӣ мегӯяд, ду мушаки баллистикиро маҳв кардааст

Системаи мушакии Патриоти Амрико дар наздикии пойгоҳи Шоҳзода Султон дар Арабистони Саудӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ду мушаки баллистикиро дар фазои кишвар радёбӣ ва маҳв кардаанд. Нерӯҳои ҳавоии Саудӣ рӯзи 29-уми март гуфтанд, ки яке аз мушакҳоро дар пойтахт шаҳри Риёз нобуд кардаанд ва барои радёбӣ ва маҳви онҳо системаи мушакии Патриот тавлиди Амрикоро ба кор бурданд. Мушаки дуввумро дар шаҳри ҷанубии Ҷизон дар марзи Яман задаанд.

Туркӣ ал-Маликӣ сухангӯи Нерӯҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ гуфт, то кунун касе дар ин ҳодисаҳо себ надидааст. Хабаргузории давлатии Саудӣ аз қавли ин афсар навишт, ки пораҳои мушакҳои маҳвшуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин рехтаанд. Касе масъулияти ҳамлаҳои мушакиро бар дӯш нагирифтааст, аммо ошӯбгарони Ҳусӣ, ки Эрон онҳоро дастгирӣ мекунанд, дар гузашта борҳо ба Арабистони Саудӣ бо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла бурдаанд.

Арабистони Саудӣ ҳукумати Яманро ҳимоят мекунад ва Эрон ошӯбгарони зидди ҳукуматро. Ҷанг дар Яманро коршиносон ҷанги байни Эрону Арабистони Саудӣ барои тақвияти нуфузашон дар Ховари Миёна медонанд.

Шароби олуда 53 муҳоҷири туркманро ҳалок кард

Гӯри яке аз муҳоҷирони туркман дар оромгоҳи Кимсизлер.

Теъдоди муҳоҷирони туркман, ки дар Туркия баъди истеъмоли шароби олуда ҳалок шудаанд, ба 53 нафар расидааст. Дар ин бора як фарде, ки дар маросими ҷанозаи чанд нафар ҳузур дошт, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ рӯзи 28-уми март ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, яке аз заҳролудшудагон дар субҳи ҳамин рӯз фавтидааст.

Ба қавли манбаъ, 15 нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд. Табибоне, ки аз қазия огаҳ ҳастанд, ба хабарнигори ҳамкори Радиои Озодӣ дар Туркия гуфтанд, муҳоҷирони туркман водкаи олуда истеъмол карда ва ҳамчунин онро ба баданашон молидаанд, чун бовар доштаанд, ки онҳоро аз бемории КОВИД-19 эмин нигаҳ медорад.

Муҳоҷирони туркманро дар оромгоҳи Кимсизлер дар Истанбул дафн кардаанд. Хешовандони муҳоҷирони фавтида натавонистаанд, онҳоро барои дафн ба ватан биёранд, зеро ба сабаби густариши коронавирус ва бастани марзҳо ба мушкилоти расмӣ дучор шудаанд. Пулиси Истанбул гуфт, ки 10 нафарро барои фурӯши машруботи ғайриқонунӣ истеҳсолшуда дастгир кардаанд.

Теъдоди мубталоёни КОВИД-19 дар Русия аз 1500 тан гузашт

Маъмурони тиббӣ ҳарорати бадани мусофиронро дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан месанҷанд.

Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик онҷо кору иқомат мекунад, теъдоди гирифторони бемории КОВИД-19 аз 1500 нафар гузашт. Дар 24 соати гузашта дар ин кишвар 270 мавриди нави сирояти бемориро сабт кардаанд. Маркази бӯҳронии мубориза бо коронавирус рӯзи 29-уми март бо нашри ин хабарҳо гуфт, ки то кунун коронавирус 8 нафарро куштааст.

Ҳукумати Русия эълон кард, ки барои пешгирӣ аз густариши беморӣ аз рӯзи 30-уми март марзҳояшро мувақаттан мебандад. Дар баёнияи ҳукумат аз рӯзи 28-уми март омадааст, ки баъзе истисноҳо вуҷуд дорад ва дипломатҳо ва мошинҳои борбар ҳаққи рафтуомадро хоҳанд дошт.

Аксари мавридҳои нави сироят дар шаҳри Маскав сабт шудаанд. Дар пойтахти Русия то ҳол бештар аз 1000 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштаанд. Мақомоти Русия гуфтаанд, мумкин аст, шумораи гирифторон рӯзҳои наздик зиёд шавад, чун дар рӯзҳои наздик теъдоди зиёдтари мардум дар Маскав озмоиш хоҳанд шуд.

Узви дигари Конгресси Амрико ба КОВИД-19 мубтало шудааст

Акс аз бойгонӣ

Як узви дигари Конгресси Амрико ба коронавирус мубтало шудааст.

Майк Келлии 71-сола, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз аёлати Пенсилвания, рӯзи 27-уми март гуфт, дар аввали ҳафта нишонаҳои вирусро эҳсос кард ва сипас санҷиши тиббӣ нишон дод, ки ба КОВИД-19 гирифтор шудааст.

Ҳамзамон бо эъломияи Келлӣ, Ҷо Каннингем – намояндаи Ҳизби Демократ аз Каролинаи Ҷанубӣ – гуфт, озмоиши тиббӣ нишон додааст, ки ӯ низ ба коронавирус мубтало шудааст.

Пеш аз ин Ренд Пол, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Кентукки, Бен Макадамс намояндаи Ҳизби демократ аз Юта ва Мари Диас Баларт намояндаи ҷумҳурихоҳ аз Флорида олудагии худро ба вируси коронав тасдиқ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир дастикам 26 узви Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико пас аз тамос бо афроди мубтало ба коронавирус дар “карантин” ҳастанд. Бар асоси оморе, ки аз сӯи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нашр шудааст, то кунун беш аз 1700 тан бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико ҷони худро аз даст додаанд. Беш аз сад ҳазор тани дигар ба ин вирус мубталоянд.

Конгресси Амрико бастаи наҷоти иқтисодии 2 триллион доллариро барои муқобила бо вируси коронав қабул кард.

Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон ба беш аз 2500 тан расид

Эрон

Мақомоти Эрон хабар доданд, ки рӯзи 28-уми март 139 нафари дигар бар асари олудагӣ ба коронавирус ҷон бохтанд. Бо ин рақам, шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон ба беш аз 2500 тан расид.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон, рӯзи шанбе гуфт, дар 24 соати гузашта беш аз 3 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ин кишвар сабт шуд.

Шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон ба беш аз 35 ҳазор нафар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ваъда додааст, мақомҳои ин кишвар тайи ду ҳафта пеши роҳи густариши коронавирусро хоҳанд гирифт.

Сад шаҳрванди Қирғизистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав дармонданд

Шаҳрвандони Қирғизистон дар фурудгоҳи Маскав

Сад тан аз шаҳрвандони Қирғизистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Москва дармондаанд. Саибжан Киличбек қизӣ, яке аз мусофирони дармонда гуфт, чаҳор рӯз аст, ки наметавонад, ба Қирғизистон парвоз кунад.

Ба гуфтаи вай, маблағи қирғизистониҳои дармонда тамом мешавад ва дигар имкони харидории обу нонро нахоҳанд дошт. Шаҳрвандони Қирғизистон аз ҳукуматашон дархост доранд, ки мушкили онҳоро ҳал кунад.

Дар сафорати Қирғизистон дар Москва рӯзи 26 март гуфтанд, аз дармондани шаҳрвандон дар фурудгоҳҳои "Шереметево" ва "Домодедово" огоҳӣ доранд.

Русия тасмим гирифт, ки сар аз 27 март тамоми парвозҳои байналхалқиро қатъ кунад. Аммо фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек хабар медиҳад, ки ҳафтае як маротиба аз Бишкек ба Москва, аз шаҳри Ӯш ба Москва ва аз Бишкек ба Новосибирск парвоз анҷом мешавад.

Туркия парвозҳои байналмилалиро манъ кард. ВИДЕО

Фурудгоҳи Отатурки Истанбул. Моҳи апрели 2019

Мақомоти Туркия дар чаҳорчӯби мубориза бо густариши бемории ҳамагири КОВИД-19 аз 28-уми март рафтуои ҳавоии байналмилалиро қатъ карда, парвозҳои дохилиро маҳдуд мекунанд.

Тибқи омори расмӣ, то ин дам дар Туркия сирояти беш аз 5600 нафар ба коронавирус тасдиқ шуда, 92 нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, аз шаҳрвандони кишвараш хост, довталабона "карантин" намуда, танҳо барои харидани маводи ниёзи аввал аз хона берун шаванд.

Аз нимашаби 28-уми март парвозҳои дохилӣ низ маҳдуд шуда, хоҳишмандон бояд пеш аз сафар иҷозат гиранд. Дар Туркия 14 фурудгоҳ барои равуои дохилӣ боз хоҳанд буд.

Рӯзи ҷумъа фурудгоҳи Истанбул, яке аз фурудгоҳҳои бузурги дунё, амалан аз кор монд.

Ин фурудгоҳ яке аз нуқтаҳои транзити шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам низ ҳаст. Як идда аз мусофирони бандмондаи тоҷик дар Туркия аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, барои бозгашти онҳо ба кишвар парвози чартерӣ ташкил кунад.

Тоҷикистон аз 19-уми март парвозҳои байналмилалиро қатъ кард, вале ҳафтаи гузашта дар чанд парвози чартерӣ гуруҳе аз муҳоҷирони бандмондаи тоҷикро дар фурудгоҳҳои Маскав ба кишвар бурд.

Туркия парвозҳои байналмилалиро манъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Нишасти паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба таъхир уфтод

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, нишасти баррасии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба таъхир уфтодааст ва сабабашро ба сирояти бемории ҳамагири КОВИД-19 рабт дод. Қарор буд, нишаст аз 27-уми март то моҳи май дар Ню-Йорк баргузор шавад. Ин конфронс дар панҷ сол як дафъа баргузор мешавад. Стефан Дуйарич, сухангӯи Созмони Милал, гуфт, баробари мусоид шудани шароит нишаст баргузор мешавад. Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ панҷоҳ сол пеш такмил шуд. Бар асоси он, аъзои паймон, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд, аҳд кардаанд то ба он дастрасӣ пайдо накунанд ва кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ ба нобудии он кӯшиш мекунанд.

Аъмоли раиси додгоҳи шаҳри Нурсултонро тафтиш карданд

Додгоҳи шаҳри Нурсултон (Остона)

Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон рӯзи 27-уми март хабар дод, ки тафтиши аъмоли Тлектес Барпибоев, раиси додгоҳи шаҳри Нурсултонро шуруъ кардааст.

Расонаҳо пештар навиштанд, ки Барпибоев аз хизматрасонии ҳавопаймои хусусӣ истифода кардааст.

Оҷонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон гуфт, тафтишот муайян кард, ки Барпибоев аз ҳавопаймои хешонаш барои парвоз ба Олмон истифода кардааст.

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон хабар дод, ки раиси ин додгоҳ охири ҳафтаи гузашта ба рухсатӣ баромадааст.

Барпибоеви 60-сола дар соли 2013 раиси додгоҳи шаҳри Нурсултон таъйин шуд. То он замон вай раиси додгоҳи Алмато буд.

Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ҳангоми суҳбат дар бораи бемориаш. 27-уми марти 2020

Би-би-сӣ хабар дод, ки ташхиси тиббии сарвазири Бритониё, Борис Ҷонсон, "мусбат" баромад ва ӯ бо сабаби олудагӣ ба коронавирус ба "карантин" гузашт.

Ҷонсон ҳам рӯзи 27-уми март инро тасдиқ кард ва гуфт, "нишонаҳои сабук"-и гирифторӣ ба вирусро эҳсос мекунад ва қарор кард, корро дар хона идома диҳад.

Нахуствазири Бритониё дар саҳифааш дар Твиттер ба пизишкон, ходимони полис, ихтиёриён ва онҳое, ки ба ҷабҳаи мубориза бо коронавирус ҳамроҳ шудаанд, сипосгузорӣ кард. Ӯ изҳори бовар намуд, ки агар шаҳрвандони кишвар ба машварати табибон гӯш кунанд, Бритониё ба пандемия пирӯз мешавад.

Дар Бритониё шумори олудашудаҳо ба вирус то имрӯз наздик ба 12 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бар асари гирифторӣ ба ин вирус дар Бритониё 580 нафар фавтидаанд.

Борис Ҷонсон аввалин раҳбари ҷаҳонӣ аст, ки гирифтори коронавирус шудааст, вале пандемияи КОВИД-19 дар умум ба зиндагиву кори бисёре аз раҳбарон таъсир гузоштааст.

Масалан, садри аъзами Олмон Ангела Меркел баъд аз он ки духтури ӯро эмкарда худ гирифтори коронавирус баромад, ба карантин гузашт ва корро аз хона идома медиҳад.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, баъди ошкоршавии вирус дар ҷисми ҳамсараш Софӣ баъди сафаре ба Лондон ҳамчунин ба карантини хонагӣ гузашт.

Дар миёни раҳбарони дигаре, ки аз санҷиши тиббӣ гузашта, гуфтанд, ки натиҷааш “манфӣ” баромад, раҳбарони Амрико, Бразилия ва Филиппин мебошанд. Муддате пеш баъди он ки ҳайати ҳукуматии Бразилия ба раҳбарии президент Жаир Болсонаро аз Иёлоти Муттаҳида баъди мулоқот бо Доналд Трамп баргаштанд, маълум шуд, ки чанд узви ҳукумати Бразилия гирифтори КОВИД-19 шудаанд.

Матбуот ва мунтақидон ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ карда, аз Трампу Болсонаро талаб карданд, ки ба карантин бираванд. Айни чунин даъват аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам садо дод. Вале онҳо баъди гузаштан аз санҷиши тиббӣ корро ба шеваи маъмулӣ идома доданд.

Рӯзи 27-уми март Кремлин хабар дод, ки як узви маъмурияти президенти Русия Владимир Путин ба коронавирус олуда шудааст, вале ин нафар бо президент дар тамоси мустақим набуд.

Сухангӯи Путин Дмитрий Песков бо нашри ин хабар гуфт, ки "тамоми тадбирҳо барои поккории санитарӣ ба роҳ монда шудааст".

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки шурӯъ аз 28-уми март дар сартосари Русия маҳдудияти шадид ҷорӣ шуда, тамоми тарабхонаву қаҳвахонаҳо баста мешаванд. Рӯзи 27-уми март шумори олудашудаҳо дар Русия беш ҳазор нафар ва ҳалокати инсонҳо бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 – 4 нафарро ташкил дод.

511 -- телефони боварии мақомоти тоҷик барои пешгирӣ аз коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳадафи пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус, телефони боварӣ фаъол кардааст. Тибқи иттилои ин вазорат, ин телефон таҳти рақами 511, бисту чаҳор соат фаъол мебошад. Ин вазоратхона мегӯяд, ки сокинон метавонанд бо ин шумора дар тамос шуда, ба суолҳои худ посух дарёфт кунанд.

Вируси нави корона, ки то ин дам боис ба марги беш аз бист ҳазор нафар шуд, нигарониҳои ҷиддиро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба миён овардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то имрӯз дар кишвар гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст ва ба ин хотир зарурати эълони вазъи фавқулодда нест.

Мақомот барномаи пешгирӣ аз вируси нави корона ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро таҳия карда, барои амалӣ кардани он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ кӯмак хостаанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мавридҳои гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шуда, дар бархе аз ин кишварҳо вазъи фавқулода ва карантин эълон шудааст.

САҲА аз боздошти журналисти беларус “хеле нигарон” аст

Сатсук сардабир ва раҳбари вебсайти хабарии ej.by дар бораи фасод дар низоми беҳдошти Беларус ва бархӯрди бади мақомот ба хуруҷи коронавирус навиштааст

Вебсайти хабарии ej.by дар Беларус хабар дод, ки раис ва сардабири ин расона бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шуд. Департаменти таҳқиқоти молӣ рӯзи 26 март дар изҳороте хабар дод, ки Сергей Сатсук рӯзи 25 март дар як амалиёти вижаи ин ниҳод боздошт шуд.

Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки баъди боздошти Сатсук идораи вебсайти хабарӣ ҳам кофтукоб шуд ва мақомот санадҳоеро мусодира карда бо худ бурданд.

Аляксандр Сатсук, бародари Сергей Сатсук иттиҳомотро “дурӯғин ва беҳуда” номида, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан боздошти ӯ ба гузориши таҳқиқотии бародараш дар бораи фасод дар вазорати беҳдошти кишвар ба ҳангоми воридоти маводи дорувори тиббӣ рабт мегирад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот дар изҳороти рӯзи 26 марташ гуфт, ки аз боздошти Сатсук “хеле нигарон”аст.

Дезир гуфт, ки хабарнигори боздоштшуда дар гузашта ҳам дар мавзӯи фасод дар бахши беҳдошт гузоришҳо навишта, батозагӣ дар гузоришҳояш бархӯрди мақомоти Беларус ба хуруҷи коронавирусро ба боди интиқод кашида буд.

Намояндаи САҲА таъкид кард, ки журналистон набояд барои пӯшиши хабарии масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳам вазъи атрофи Ковид-19 “таҳдид, таъқиб ё боздошт шаванд”. Ӯ гуфт, ки журналистон дар нашри гузориш оид ба пандемияи коронавирус ва ироаи иттилои муҳим барои ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG