Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ ва роҳе, ки ба бунбаст мебарад дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз роҷеъ ба тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем ва сипас навори фиристодаи муҳоҷиронро аз Ханти Мансийск баррасӣ мекунем. Мушкили гузаштан аз роҳҳои мошингард дар назди бозори "Фаровон"-и Бохтар, мавзӯи дигар аст, ки нигоҳе ба он хоҳем дошт.

Ҳафтаи гузашта дар ҳукумат, додситонӣ ва баъзе идораҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ин мавзӯъ ҳамеша бо вокунишҳои зиёд дучор мешавад ва ин навбат ҳам истино набуд.

Корбаре бо номи "Тамошобин" дар сомонаи Озодӣ навишт, "афсона дар бораи таъйиноти кадриро бас кунед. Таъйини кадрҳо ба асоси ду меъёр сурат мегирад: маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ. Дигар гапҳо дар бораи савод, қобилият, донишу малака қиссаҳое аз "Ҳазору як шаб" ҳастанд".

Хонандаи дигаре бо номи "Огоҳ аз спектакл" гуфтааст, "дар хусуси як қувваи бузург ҳарф назадед, ки тамоми ин масъалаҳоро ҳал мекунад. Ин ҳам бошад халқ аст. Ин халқи замони Шӯравӣ нест. Аллакай 25 сол гузашт ва андешаҳо дигар шуд."

"Тадқиқотчии МТС" гила кардааст, ки бахши мушовирони президенти Тоҷикистон блоки рушди иҷтимоии давлатро фаромӯш кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, "дар ин блок на ҷойивазкунӣ дида мешавад ва на кадрҳои навро таъин мекунанд. Ҳол онки рушди иҷтимоии давлат баробари рушди иқтисодӣ яке аз ду шохаи асосии сиёсатанд."

Аз тағйироти кадрӣ то роҳе, ки ба бунбаст мебарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Ориф навиштааст: "Аз ҷойивазкунии ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад, лекин барои ин амали арифметикӣ Тоҷикистон пули зиёд харҷ мекунад."

Шердил мегӯяд, "маълум аст, ки фасод зиндагии мардумро рӯз то рӯз хароб мекунад. Ҳама бо чашми худ мебинад, ки чӣ тавр як нафар дар муддати 2-3 сол соҳиби 2-3 хонаи гаронбаҳо мешавад. Аз чунин одамон бояд бипурсанд, ки ин ҳама аз куҷост?"

"Беном" гуфтааст, "ба ҳар ҳол шукр, тинҷиву оромист". Ва "Салом" афзудааст, "ин дунё ба ҳеҷ чиз намеарзад. Мардум аз паси хушии зиндагии хеш шавед. Якдигарро эҳтиром кунед. Самимӣ бошед. Сафар кунед, то дунёро бубинед."

Агар дар бораи тағйироти кадрӣ чизе гуфтанӣ ҳастед, ба сомонаи Озодӣ ворид шавед. Агар аксу видео доред, фиристоданашро фаромӯш накунед.

То ин дам як гурӯҳи муҳоҷирон аз Ханти Мансийск видео фиристода ва гуфтанд, моҳҳо боз ҳаққи хидмати худро аз корфармо гирифта наметавонанд. Чаро ин вазъият пеш омад, муҳоҷирон дар ин бора қисса мекунанд.

Дар як видеои дигар муаллиф дар бораи мушкили гузаштан аз роҳҳои мошингард дар назди бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар нақл мекунад. Аломати гузаштан аз роҳ ҳаст, вале сокинонро ё ба бунбаст мебарад ва ё ба даруни ҷӯйбор.

Интизори навору аксҳои ҷолиби Шумо ҳастем. Навиштани назару пешниҳодҳоро ҳам аз ёд набаред. Телефонҳои моро медонед. Имову Телеграм, Вайбер ва Вотсап дорем. То дидор!

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG