Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 ҳазор гӯсфанд дар Мӯъминобод куҷо шуд? ВИДЕО


Ноҳияи Мӯъминобод. Акс аз Радиои Озодӣ.
Ноҳияи Мӯъминобод. Акс аз Радиои Озодӣ.

Чаҳор сол пеш хоҷагӣ ё Кооперативи тиҷоратии "Тебалай" дар ноҳияи Мӯъминобод, беш аз 16 ҳазор гӯсфанд дошт ва ҳоло аз ин шумор, ҳамагӣ 150 сар мондааст. Чӯпонон масъулинро муттаҳам мекунанд, ки гӯсфандонро ба савдо заданд ва пулро аз худ намуданд. Аммо масъулин кам шудани саршумори чорворо ба қарздор будани ин хоҷагӣ рабт медиҳанд.

Шарифхон Почоев, собиқ сарчӯпони хоҷагии "Тебалай" мегӯяд, агар яке аз чӯпонҳо камомад мекунад, ӯро маҳкум ба зиндон мекунанд, "аммо раис 17 ҳазор гӯсфандро хӯрдааст", боз ӯро бегуноҳ мегӯянд.

Аммо Абдулазиз Қурбонов, собиқ сардори хоҷагии "Тебалай" иттиҳомот дар нисбати худро туҳмат медонад. Ӯ мегӯяд, гӯсфандонро барои пардохти қарзу дигар хароҷоти хоҷагӣ фурӯхтанд.

"Сабаби асосӣ -- хоҷагӣ аз андоз қарздор буд. Хоҷагӣ 800 ҳазор сомонӣ қарздор буд. Қарзи андозро пардохт кардем. Боз маблағ дар хӯрока сарф шуд, дар қисмҳои эҳтиётӣ, хӯроки чорво, доруворӣ, боз маошро ҳам аз ҳамин ҳисоб пардохт мекунем",-мегӯяд ӯ.

16 ҳазор гӯсфанд дар Мӯъминобод куҷо шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Мақомоти ноҳияи Мӯъминобод ҳам кам шудани чорворо ба қарздор будани хоҷагӣ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, хоҷагии "Тебалай" аз бонкҳо 500 ҳазор ва аз фонди нафақа 300 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.

Тоҳир Амиршоҳзода, раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, "ҳам музди меҳнат, ҳам андоз ва ҳам маблағи корҳои хоҷагиро аз ҳисоби чорво пардохт карданд. Барои ҳамин ҳамин камбудӣ шуд ва мо раиси хоҷагиро аз вазифа озод кардем".

Хоҷагии зотпарварии "Тебалай" давлатӣ буда, дар замони шӯравӣ ҳам дар минтақаи Кӯлоб бо 50 ҳазор сар чорво, аз калонтаринҳо буд. Масъулини ноҳияи Мӯъминобод пешбинӣ мекунанд, ки агар кор ба ҳамин шакл идома кунад, хоҷагӣ касод мешавад.

Мақомот дар ноҳияи Мӯъминобод мегӯянд, сохторҳои қудратӣ хоҷагиро аз санҷиш гузарониданд ва касе дар нест шудани гӯсфандон гунаҳгор набаромад. Чӯпонҳое, ки акнун бо кам шудани чорво кори худро аз даст додаанд, ба натиҷаи тафтиши мақомот бовар надоранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG