Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ҳалокати 12 нафар Эрон ба дувумин маркази коронавирус табдил ёфт


Теҳрон -- пойтахти Эрон.
Теҳрон -- пойтахти Эрон.

Рӯзи 24 феврал мақомоти Эрон хабар доданд, ки 12 нафар дар ин кишвар аз сирояти коронавирус фавтида, шумораи беморони он ба 47 нафар расидааст. Аммо хабаргузории нимарасмии ИЛНА аз марги 50 нафар дар Қум хабар дод, вале ин маълумотро муовини вазири беҳдоштии Эрон Эраҷи Ҳарирчӣ рад кард, ҳарчанд афзуд шумораи умумии сироятдидагон ба 61 нафар расидааст.

24 феврал ҳамчунин кишварҳое монанди Афғонистон, Баҳрайн ва Кувайт аз нахустин ҳодисаҳои сирояти вируси COVID-19 хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ин мавридҳо дар байни одамоне рӯ задаанд, ки сафари Эрон доштаанд ва дар ҳоли ҳозир Эрон дувумин маркази маргбори вирус баъд аз Чин аст.

Расонаҳои давлатии Эрон ба нақл аз вакили парлумони ин кишвар Асадуллоҳ Аббосӣ гуфтаанд, ки шумораи умумии мавридҳои тасдиқшуда ҳоло 47 адад буда, то ҳол 12 нафар фавтидаанд.

Бо рӯ задани мавридҳои нав дар Эрон, Итолиё ва Кореяи Ҷанубӣ ҳарос аз табдили коронавирус ба пандемия ё сирояти ҷаҳонӣ то рафт бештар мешавад.

Фирузуддин Фируз, вазири тандурустии Афғонистон, дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, ки яке аз се ҳолати гумонбаршуда дар вилояти ғарбии Ҳирот тасдиқ шудааст. Ҳукумати Афғонистон дар вилояти ҳамсарҳад бо Эрон вазъи фавқулодда эълон кард.

Се сокини Ҳирот аз сафар шаҳри Қум дар минтақаи марказии Эрон ба ватан баргаштанд ва акнун ҷудо аз ҷомеа нигоҳ дошта мешаванд.

Аксари мавридҳои беморӣ дар Эрон дар Қум будаанд ва мақомот дар ин ҷо рафтуои мардумро манъ кардаанд.

Кувайт, кишвари ҳошияи Халиҷи Форс, гуфт, дар байни 700 нафаре, ки аз шаҳри шимолу шарқии Машҳади Эрон ҳафтаи гузашта кӯчонида шудаанд, се гирифтори вируси нав ошкор шудаанд.

Расонаҳои давлатии Баҳрайн гуфтаанд, ки ин кишвар бо аввалин ҳолати коронавирус рӯбарӯ гаштааст. Вазорати тандурустии Баҳрайн гуфт, ки мубталоён шаҳрвандони Баҳрайн буда, ки аз сафари Эрон бозгаштаанд.

Кишварҳои дигари ҳамсоя бо Эрон, аз ҷумла Ироқ, Покистон, Туркия, Арманистон ва Афғонистон марзҳои худро бо Ҷумҳурии Исломӣ баста, маҳдудияти сафар ва муҳоҷиратро ҷорӣ карданд. Гурҷистон парвозҳои мустақимро ба Эрон қатъ намуд.

Дар ин байн, дар Кореяи Ҷанубӣ ҳафт нафар ҳалок шуданд ва шумораи гирифторони вируси нав ба 763 нафар расид. Аз парвандаҳои нав, 115-тои онҳо ба як калисо дар шаҳри Дегу пайванд доштаанд.

Итолиё аз се фавт ва 150 сирояти вирус хабар дод, ки то ҳол бузургтарин хуруҷ дар Аврупо ба шумор меравад. Мақомот шаҳру рустои аз ҳама осебдидаро муҳосира ва ҷамъомадҳои оммавиро дар аксари минтақаҳои шимолии кишвар манъ карданд. Аз ҷумла корвони шодӣ ё карнавали бузурги Венетсия барои пешгирӣ аз сирояти бештари COVID-19 баргузор намешвад.

Дар нахустманбаи коронавирус -- Чин беш аз 2500 нафари сироятдида даргузаштанд ва шумораи мавридҳои тасдиқшуда ба 77 ҳазору 100 адад расид.

XS
SM
MD
LG